Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Ноябрь
2022

Новости за 19.11.2022

Чаро донишҷӯёни қазоқ мехоҳанд, нозири интихобот шаванд?

Ozodi.org 

Ҳукумати Қазоқистон талош дорад, донишҷӯёни донишгоҳҳои давлатиро ба ҳайси нозири мустақили интихоботӣ ҷалб кунад. Масъулини як созмони ғайридавлатӣ мегӯянд, аз донишҷӯён барои қабул шудан ба сафи нозирони мустақил дархости зиёд мегиранд ва тахминашон ин аст, ки онҳоро ба ин кор маҷбур кардаанд.

Мақомоти амниятии Эрон боз се эътирозгарро дар зодгоҳи Маҳсо Аминӣ куштанд

Ozodi.org 

Як гурӯҳи ҳуқуқи башар гуфт, ки нирӯҳои амниятии Эрон дар амри саркӯби мавҷи нави эътирозҳое, ки баъди марги Маҳсо Аминӣ сар зад, рӯзи 19 ноябр дастикам се нафарро дар вилояти ғарбии Курдистон куштанд. Маҳсо Аминӣ, ки баъди боздошташ барои “бадҳиҷобӣ” рӯзи 16 сентябр дар идораи полис даргузашт, хашми ҳазорҳо сокини Эронро барангехт ва инак беш аз ду моҳ аст, ки режими Оятулло Хоманеӣ бо чолиши сангинтарин аз замони инқилоби исломии соли 1979 рӯбарӯ шудааст. Созмони ҳуқуқи башари Эрон, ки дар Осло воқеъ аст... Читать дальше...

Ҳабси панҷ нафар дар Булғористон барои таркиш дар Истамбул

Ozodi.org 

Додситонҳо дар Булғористон рӯзи 19 ноябр гуфтанд, ки панҷ нафарро барои кӯмак карданашон ба гумонбари ташкили ҳамла дар Туркия  дар ҳафтаи гузашта ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Дар ҳодисаи таркиш дар Истамбул шаш нафар кушта шуд. Туркия гуфт, барои таркише, ки рӯзи 13 ноябр рух дод, 17 нафарро ҳабс кард ва масъулияти ҳамларо ба дӯши Ҳизби коргарони Курдистон вогузор кард, ки онро шомили феҳристи “ташкилоти террористӣ” кардааст. Дар миёни кушташудаҳо ду нафар кӯдак – духтарҳои нӯҳ ва 15-сола мебошанд. Читать дальше...

Набераи калонии Эмомалӣ Раҳмон президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Рӯзи 19 ноябр дар ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир президенти нави Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 интихоб шуд.

"Бе пиво ҳам рӯзатон мегузарад". Раҳбари ФИФА қарори Қатарро шарҳ дод. ВИДЕО

Ozodi.org 

Президенти ФИФА ё Федератсияи байналмиалии футбол Ҷанни Инфантино рӯзи 19-уми ноябр гуфт, мухлисони футбол бе нӯшидани оби ҷав ё пиво ҳам се соат бозиро тамошо хоҳанд кард. “Дар як рӯз се соат бе пиво ҳам рӯзатон мегузарад”, гуфт Инфантино дар як нишасти хабарӣ дар Давҳа. “Чунин қоидаҳо дар Фаронса, Испания ва Шотландия ҳам амал мекунанд”. Давлати Қатар, ки имсол мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол мебошад, эълон кард, ки фурӯши пиво дар ҷарёни бозӣ манъ мешавад ва ин хабар 48 соат пеш аз шурӯи бозиҳо... Читать дальше...

6 медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу

Ozodi.org 

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон, ҷавонон, бузургсолон, устодон, инчунин варзишгарони маълул сурат гирифт. Медалҳои тилоро дар сабқати наврасон Абубакр Давлатов (27 кг), Мунис Давлатов (30 кг) ва Билол Умаров (56 кг) соҳиб шуданд. Султон Азаматов (27 кг), Шаҳром Маҳмуродов (56 кг) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Инчунин Ораз Якутхонов (65 кг) дар рақобатҳо миёни варзишгарони маълул медали биринҷӣ гирифт. Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти пешини қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни наврасон... Читать дальше...

Тошиев дар бораи баҳси марз бо Тоҷикистон: “Ба гузашт омода ҳастем” 

Ozodi.org 

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон гуфтааст, “Қирғизистон ва Тоҷикистон дар масъалаи аломатгузории сарҳади умумӣ ба иттифоқи назар даст ёфтанд”.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *