Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Ноябрь
2022

Новости за 23.11.2022

Сукути мақомот ва ташвиши мардум. Акси садои изҳороти Ҷабборов дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Изҳороти раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) дар бораи "Торт-кочо" ё чоркӯчае байни Исфараву Бодканд сокинони як минтақаи марзии Тоҷикистонро нигарон кардааст. Мақомоти Тоҷикистон чизе намегӯянд.

Мусовии Марокаш бо Хорватия ва шикасти Олмон аз Ҷопон

Ozodi.org 

Рӯзи чаҳоруми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар 23-юми ноябр бо бозии даври аввал дар гурӯҳи F миёни дастаҳои мунтахаби миллии Марокаш ва Хорватия шуруъ шуд. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Ал-Байт”-и шаҳри Ҳавр доир гардид, бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Айёмбеков ва Шанбиев ба ҳабси абад маҳкум шуданд

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон панҷ зодаи Бадахшонро, ки дар миёнашон фаъоли минтақа Мунаввар Шанбиев ва фармондеҳи собиқ Толиб Айёмбеков низ ҳастанд, ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Ҳашт каси дигар аз 10 то 30 сол гирифтанд.

Далери Имомалӣ: "Бовар накунед, бо дашном аз модару зан сабт шуд"

Ozodi.org 

Рӯзноманигори зиндонӣ, Далери Имомалӣ (Далер Бобоиев), дар номае ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, тафтишу мурофиааш пур аз "дурӯғу туҳмат ва духурагиҳои зиёд" буд ва ӯ ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро эътироф намекунад.

Ахбори Озодӣ аз 23-уми ноябри соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дахолати мақомоти амниятӣ ба сабти номи расонаҳо нороҳатанд, Толиб Айёмбеков ва ҳамороҳонаш ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, сокинони Исфара мунтазири вокуниши Тоҷикистон ба пешниҳод дар бораи мақоми "Чорроҳаи Зарафшон" ҳастанд ва қиссаи духтари афғон, ки аснои таркиш чашмашро аз даст додааст.



Толиб Айёмбеков ва Мунаввар Шанбиев ба ҳабси абад маҳкум шуданд, дигарон аз 10 то 30 сол зиндон

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон панҷ зодаи Бадахшонро, ки дар миёнашон фаъоли минтақа Мунаввар Шанбиев ва фармондеҳи собиқ Толиб Айёмбеков низ ҳастанд, ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Ҳашт каси дигар аз 10 то 30 сол гирифтанд. Мақомот тафсилоти ҳукмҳоро нагуфтанд.

Қоҳиши барқи Узбекистон. Кобул аз Тоҷикистону Туркманистон барқ мехоҳад

Ozodi.org 

Масъулини ширкати "Брешно" таҳти контроли Толибон гуфтаанд, ки дар пайи коҳиши ҷараёни барқи Узбекистон, онҳо бо Тоҷикистон ва Туркманистон дар тамосанд ва талош доранд камбуди бебарқиро аз ҳисоби ин ду кишвар ҷуброн кунанд.

Иштироки Темур Раҳимов дар қаҳрамонии ҷудои Аврупо дар Гурҷистон

Ozodi.org 

Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Аврупо, ки рӯзи 26-уми ноябр дар шаҳри Гории Гурҷистон баргузор мешавад, ширкат меварзад. Ӯ ягона варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки дар ин мусобиқа иштирок мекунад.

Шаҳрванди Қирғизистон ба куштори як ҳамватанаш дар Маскав айбдор мешавад

Ozodi.org 

Ҷасади як шаҳрванди Қирғизистонро, ки дар яке аз хадамотҳои таксии шаҳри Москваи Русия ҳамчун ронанда кор мекард, аз дохили мошин пайдо кардаанд. Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, шаҳрванди ин кишвар дар натиҷаи буғӣ кардан ҷон додааст. Дар робита ба қатли ронандаи таксӣ як шаҳрванди дигари Қирғизистон боздошт шудааст. "Аз марди гумонбар корти бонкии ронандаи таксиро пайдо кардаанд", - иттилоъ додааст сомонаи Кумитаи тафтишотии Русия. Бино ба хабари баъзе аз расонаҳо, шаҳрванди... Читать дальше...

Ҳабси вазири пешини фарҳанги Қазоқистон тамдид шуд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Остона 18-уми ноябр муҳлати ҳабси пешакии вазири пешини фарҳанги Қазоқистон Аристонбек Муҳаммадиулиро як моҳи дигар дароз кардааст. Вазири пешини қазоқ панҷ моҳ мешавад, ки бо гумони дуздии беш аз 140 миллион тангаи буҷа дар ҳабс аст. Мақомоти зиддифасоди Қазоқистон таҳқиқи фасодкории вазири пешинро рӯзи 16 майи соли ҷорӣ шуруъ карданд. Додгоҳ Муҳаммадиулиро 28 май ба ҳабси пешакӣ гирифта буд. Муҳаммадиулӣ аз соли 2014 то 2019 вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон буд. Зарари... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *