Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2022

Новости за 04.12.2022

Сафири ИМА дар Тоҷикистон аз "усулҳои дигари фишор" гуфт

Ozodi.org 

Маъмурияти дипломатии Ҷон Марк Поммершайм, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, ба поён расид ва ба ин муносибат Радиои Озодӣ бо ӯ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом дод. Дар ин суҳбат сафир аз муҳимтарин дастовардшояш дар чаҳор соли ахир, кумакҳои ИМА ба Тоҷикистон ва озодии матбуоту мурооти ҳуқуқи инсон гуфт.

Эмомалӣ Нуралӣ дар Tokyo Grand Slam 2022 мағлуб шуд

Ozodi.org 

Дар рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалии ҷудо аз силсилаи ҷаҳонии IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) Tokyo Grand Slam 2022, ки 4-уми декабр дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио баргузор шуд, паҳлавони ҷавону маъруфи тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ низ ба нокомӣ мувоҷеҳ шуд.

Шурӯи парвозҳои мустақим аз Душанбе ба Кувайт

Ozodi.org 

Аз охири декабри имсол шаҳрвандони Тоҷикистон имкони парвози мустақим ба шаҳри Кувайтро пайдо мекунанд. Ширкати ҳавоии “Ҷазира” (Jazeera Airways) ахиран хабар дод, ки шурӯъ аз 29 декабр ҳафтае ду бор – рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе ҳавопаймоҳои он дар самти Душанбе-Кувайт парвоз хоҳанд кард. Сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов дар як сӯҳбати телефонӣ рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Кувайт натиҷаи заҳматҳои сесолаи онҳо ва музокираҳо бо ҳукумати Кувайт ва ширкати “Ҷазира” мебошад. Читать дальше...

Ҳомиёни ҳуқуқ: Чин дар саросари ҷаҳон 100 "идораи полис" кушодааст

Ozodi.org 

Як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯяд, давлати Чин дар саросари ҷаҳон беш аз  сад “дафтари полис” боз кардааст, ки вазифаашон назорат, азият ва ҳатто интиқоли шаҳрванди Чин аз хориҷа ба ватан мебошад. “Ҳомиёни амният” – як созмони ҷамъиятии ҳомии ҳуқуқи инсон, ки қароргоҳаш дар  шаҳри Мадриди Испания мебошад, бо нашри як гузорише рӯзи 4 декабр иддао кардааст, ки дар хориҷи Чин ба иловаи 54 “идораи полис”-и  моҳи сентябр ошкоршуда, боз иловатан 48 идораи дигар сабт шудааст. Ба навиштаи ин гузориш... Читать дальше...

Дар Эрон чор нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Исроил қатл карданд

Ozodi.org 

Дар Эрон рӯзи 4 декабр чор нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо оҷонсии иктишофии Моссади Исроил қатл карданд. Дар ин бор хабаргузории давлатии ИРНА хабар додааст. Маҳбусоне, ки ҳукми қатлашон иҷро шуд, Ҳусайн Урдухонзода, Шоҳин Имони Маҳмудободӣ, Милод Ашрафӣ ва Манучеҳр Шоҳбандӣ мебошанд. Ин чор шаҳрванди Эрон дар дарёфти силоҳ ва  маблағи Моссад ба шакли криптовалюта гунаҳгор дониста шуданд. Қаблан Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ иддао карда буд, ки чандин нафарро бо иттиҳоми эҳтимолии иртибот бо... Читать дальше...

Пол Гобл: "Ҳалли мақоми баҳсии қитъаи сарҳади Тоҷикистону Узбекистон метавонад мушкил шавад"

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон охири ҳафтаи охири моҳи ноябр ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории Комиссиюни муштараки аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Узбекистон  баргузор шуд. Хабаргузории расмии “Ховар” бо такя ба ВКХ Тоҷикистон навишт,  дар  ҷаласае, ки рӯзҳои 23-30-юми ноябр дар Душанбе ҷараён гирифт, масъалаҳои аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баррасӣ шуд ва мулоқоти  навбатӣ қарор аст дар Узбекистон баргузор шавад. Ҷузъиёт ё шарҳи бештаре аз ин ҷаласа нашр намешавад. Ҷаласаи гузашта моҳи октябри имсол дар Намангони Узбекистон баргузор шуда буд. Читать дальше...

Нидерланд ва Аргентина ба чорякфинали Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфтанд

Ozodi.org 

Дастаҳои мунтахаби Нидерланд ва Аргентина, ки рӯзи шанбе, 3-юми декабр, дар бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар рақибонашонро шикаст доданд, ба чорякфинали мусобиқот баромаданд.

Оилаи тоҷики ошиқи шатранҷ, ки дар Қазоқистон шуҳрат ёфтааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ораш Шоҳназаров, варзишгари ҷавони тоҷик чанде пеш дар мусобиқаи шатранҷбозон дар шаҳри Алмаато қаҳрамон шуд. Шоҳназаров, ки бо хонаводааш дар Қазоқистон зиндагӣ мекунад, ба марҳилаи дигари мусобиқот роҳ ёфт.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *