Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2022

Новости за 28.12.2022

Марги мармузи ду сарватманди рус дар Ҳиндустон

Ozodi.org 

Павел Антов, муассиси корхонаи азими истеҳсоли гӯшту ҳасиби "Владимирский стандарт" ва вакили Маҷлиси вилояти Владимири Русия, рӯзи 25-уми декабр дар шаҳри Раягадаи шарқи Ҳиндустон ҷон додааст.

"Амалиёти ВМКБ пешгирӣ аз мухолифатҳо ба интиқоли эҳтимолии қудрат буд" ВИДЕО

Ozodi.org 

Чанд таҳлилгари байнулмилалӣ дар як нишаст ва дар суҳбати ҷудогона бо Радиои Озодӣ саркӯби эътирозгарон дар Бадахшон ва боздошту ҳукмҳои зодагони ин вилояти мухторро аз мавридҳои бадтарини нақзи ҳуқуқи одамон дар Тоҷикистон дар соли 2022 номбар карданд.

Ёде аз саркӯби бадахшониҳо дар соли 2022

Ozodi.org 

Чанд таҳлилгари байнулмилалӣ дар як нишаст ва дар суҳбати ҷудогона бо Радиои Озодӣ саркӯби эътирозгарон дар Бадахшон ва боздошту ҳукмҳои зодагони ин вилояти мухторро аз мавридҳои бадтарини нақзи ҳуқуқи одамон дар Тоҷикистон дар соли 2022 номбар карданд.

Ахбори Озодӣ аз 28-уми декабри соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Муҳоҷирони тоҷик аз кор дар Кореяи Ҷанубӣ қаноатманд будаанд, дар Кӯлоб як соҳибкор шикоят дорад, ки ҳам аз кор маҳрум шуд ва ҳам доғи судӣ мегирад, баррасии ҳаводиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар нишасте дар ИМА ва матолиби дигар.



Фармони нав дар бораи Ҷамолиддин Нуралиев ва ду муовини раиси Бонки Миллӣ

Ozodi.org 

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармоне аз 13-уми декабр домодаш Ҷамолиддин Нуралиевро аз ҳайати раёсати Бонки Миллӣ берун кардааст. Бар асоси фармон, ки дар сомонаи “Адлия” маҳфуз аст, Фирӯз Шарифзода ва Алиҷон Салимзода, муовинони раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, аъзои нави раёсат таъин шудаанд.

Путин фурӯши нафтро ба кишварҳое, ки "нархи ниҳоӣ" муайян карданд, манъ кард

Ozodi.org 

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия содироти нафт ба кишварҳоеро, ки барои хариди нафти ин кишвар нархи "ҳадди аксар" муайян кардаанд, манъ намуд. Ин дастур аз аввали феврали соли 2023 ба ҳолати иҷро медарояд.

Даҳ гумонбари "Парвандаи Кампиробод" гуруснашиниро қатъ карданд

Ozodi.org 

Даҳ гумонбари "Парвандаи Кампиробод" дар Қирғизистон аз гуруснашинӣ даст кашиданд. Дар ин бора аз Хадамоти иҷрои ҷазои вазорати адлияи Қирғизистон ба расонаҳо хабар доданд. Миёни касоне, ки гуруснашиниро қатъ карданд, шаш зан ва чаҳор мард аст. Хадамоти иҷрои ҷазо номи онҳоро зикр накардааст. Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон моҳи октябри соли 2022 тақрибан 30 сиёсатмадор ва фаъоли ҷомеа бо гумони "омодагӣ ба ташкили ошӯбҳои оммавӣ" боздошт шуданд. Ба нишони эътироз ба ҳукми ҳабси пешакии худ 19... Читать дальше...

Ректори пешини як донишгоҳро дар Қазоқистон 7 сол зиндон карданд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 27 декабр хабар дод, ки ректори пешини Донишгоҳи давлатии омӯзгории занона Гавҳар Алдамбергенова 7 сол зиндонӣ шудааст. Мушовири ректор К. Кожантаев низ ба ҳамин муҳлат маҳкум ба зиндон шудааст. Додгоҳ ҳамчунин маҳкумшудаҳоро аз ишғоли вазифа дар идораҳои давлатӣ ба таври якумрӣ маҳрум кардааст. Маҳкумшудаҳо 9 га замини донишгоҳро нахуст ба номи наздиконашон сабт ва баъдан ба шаҳрвандони дигар фурӯхтаанд. Зарари аз ин ҳисоб ба донишгоҳ расида 205 ҳазор доллар баҳо дода мешавад. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *