Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2022

Новости за 05.12.2022

Барфи шадид мақомотро ғофилгир ва ронандаҳоро дучори мушкил кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Боришоти шадиди барф субҳи имрӯз, ҳаракати мошинҳо дар бархе аз роҳҳои Тоҷикистонро мушкил кард. Ширкати IRS, ки масъули нигоҳубини ягона роҳи пулакӣ дар кишвар аст субҳи имрӯз эълон кард, ки ҳаракати мошинҳои боркаш аз ҷумла “Фура” дар роҳи Душанбе – Хуҷанд муваққатан манъ шуд.

Нишасти сарони кишварҳои ЕВРАЗЕС дар Бишкек

Ozodi.org 

Рӯзи 9 декабр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷаласаи роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор мешавад. Соли ҷорӣ ин Иттиҳодро Қирғизистон роҳбарӣ мекунад.

Парвандаи хешованди Вазирбековро ба додгоҳ фиристоданд

Ozodi.org 

Парвандаи Тоҳир Абдолбеков, раиси пешини хадамоти коммуналии Хоруғ ва яке аз хешовандони, Ораз Вазирбеков, фаъоли боздоштшудаи бадахшонӣ ба Додгоҳи Хоруғ фиристода шудааст. Абдолбеков расман ба "ифротгароӣ" муттаҳам мешавад. Худи ӯ ин айбро нисбаташ беасос хондааст.

Додситони кулли Тоҷикистон қудои президент Раҳмон мешавад

Ozodi.org 

Як мансабдори баландпояи Тоҷикистон қудои Эмомалӣ Раҳмон шуд. Рӯзи якшанбеи 4-уми ноябр дар тарабхонаи нави “Магнолия”-и шаҳри Душанбе маросими “ош”-и издивоҷи духтари хурдии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо писари Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон баргузор шуд.

Иштироки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ветнам

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи футболи Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалии «International Thanh Nien Cup», ки аз 6-ум то 12-уми январи соли оянда дар Ветнам баргузор мешавад, ширкат меварзад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рақибони футболбозони ҷавони тоҷик дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ветнам, Таиланд ва Малайзия мебошанд. Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023... Читать дальше...



Ҳомиёни ҳуқуқ мехоҳанд манъи гирдиҳамоӣ дар баъзе минтақаҳои Бишкек бекор шавад

Ozodi.org 

Гулшайир Абдирасулова, роҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Килим шамӣ" дар Қирғизистон аз додгоҳ талаб кардааст, ки манъи баргузории гирдиҳамоиҳо дар бархе аз ноҳияҳои шаҳри Бишкекро бекор кунад. Абдирасулова гуфт, вай бо ин ҳадаф ба Додгоҳи шаҳрии Бишкек шикоят бурдааст. Рӯзи 1 декабр Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек манъи баргузории гирдиҳамоиҳо дар чанде аз ноҳияҳои он шаҳрро қонунӣ донист. Додгоҳи ҳамин ноҳия аз 31 декабри соли 2021 баргузории намоишҳои эътирозиро дар майдони "Ала-Тоо", гулгашти Эркиндик... Читать дальше...

Мишустин ба суръат додани сохтмони неругоҳи ҳастаӣ дар Узбекистон даъват кард

Ozodi.org 

Русия ҳамкорӣ бо Узбекистонро дар бахши энержии атомӣ муҳим арзёбӣ мекунад. Дар ин бора сарвазири Русия Михаил Мишустон рӯзи 2 декабр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон хабар дод. Мишустин гуфт, бузургтарин тарҳ пойгоҳи муштараки ҳастаӣ аст, ки аз рӯи дизайни русиягӣ сохта мешавад. Созишномаи байниҳукуматии Русияву Узбекистон дар бораи сохтмони неругоҳи ҳастаӣ дар ҳудуди Узбекистон моҳи сентябри соли 2018 имзо шудааст. Ин неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷаи Узбекистон ва қарзи давлатии Русия сохта мешавад. Читать дальше...

Сардори Раёсати тандурустии Бадахшон боздошт шудааст

Ozodi.org 

Фарид Музаффаров, сардори раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт шудааст. Назари худи ӯ ба қазия маълум нест ва наздиконаш ҳам аз суҳбат худдорӣ кардаанд.   Дар ҳукумати Вилояти Бадахшон хабари боздошти Фарид Музаффаровро ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд.   "Музаффаров ба фасодкорӣ гумонбар дониста мешавад ва парвандаашро Додситонии вилоят таҳқиқ дорад. Фарид Музаффаров аз вазифааш барканор шудааст. То анҷоми тафтишот ва баромадани қарори додгоҳ мо... Читать дальше...

Расонаҳо: як мунаққиди Рамзан Қодиров дар Шветсия кушта шудааст

Ozodi.org 

Тумсо Абдураҳмонов, мунаққид ва мухолифи роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров, дар Шветсия кушта шудааст. Дар ин бора саҳифаи телеграмии 1ADAT, бо такя ба манобеи худ дар Аврупо ва Чеченистон хабар медиҳад. Ҳампаймонони Абдураҳмонов ин иттилоъро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кардаанд. Мақомоти Шветсия ҳанӯз ин иттилоъро тасдиқ ё рад накардаанд. Бино ба хабарҳои нашршуда, Абдураҳмонов шаби 1 ба 2 декабр дар Шветсия парронда шудааст. Тумсо Абдураҳмонов аз 2 декабр ба ин тараф бо наздиконаш дар тамос нест. Читать дальше...

Пирӯзии мизбонон дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Tokyo Grand Slam 2022

Ozodi.org 

Мусобиқаи байналмилалии ҷудо аз силсилаи ҷаҳонии IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) Tokyo Grand Slam 2022, ки рӯзҳои 3-4-уми декабр дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио баргузор шуд, бо пирӯзии мунтахаби Ҷопон ба анҷом расид. Варзишгарони Ҷопон 39 медал (12 нишони тило, 12 нуқра ва 15 биринҷӣ) ба даст оварданд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 1 медали тило ва 2 биринҷӣ мақоми дуюмро соҳиб шуд. Мунтахаби Италия бо касби як медали тило сеюм шуд.  Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар додааст... Читать дальше...

Мақомоти тоҷику қирғиз ҷанҷоли ахир дар марзро таҳқиқ мекунанд

Ozodi.org 

Намояндагони Хадамоти марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон баъди ҷанҷоли навбатӣ дар сарҳади ду кишвар бо ҳам мулоқот карданд. Дар иттилоияи расмии Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфта шудааст, ки дар ин вохӯрӣ раҳбарони минтақавии корҳои дохилӣ ва кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар иштирок доштанд. "Ҷонибҳо дар ҷараёни гуфтугӯ ҷузъиёти ҷанҷол миёни сокинони Қирғизистон ва Тоҷикистонро омӯхта, ба тавофуқ расиданд, ки аз шиддат гирифтани вазъ ва ҳама гуна иғво пешгирӣ кунанд. Сабаби ҷанҷол аз ҷониби... Читать дальше...

Фаронса ва Англия ба чорякфинали Ҷоми ҷаҳонии футбол баромаданд

Ozodi.org 

Дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Англия, ки рӯзи якшанбе, 4-юми декабр, дар бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар ба рақибонашон пирӯз шуданд, ба чорякфинали мусобиқот роҳ ёфтанд.

Афзоиши гирифторӣ ба COVID-19 дар Узбекистон

Ozodi.org 

Рӯзи шанбеи 3 декабр дар Узбекистон 162 гирифтори нав ба COVID-19 ошкор шуд, ки баландтарин нишондод аз моҳи феврал ба ҳисоб меравад. Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон, рӯзи шанбеи гузашта дар ин кишвар 162 кас ба коронавирус мубтало шудааст. Як рӯз пеш ин рақам 155 нафарро ташкил медод. Манбаъ афзуда, ки аз 25 ноябри имсол ба ин сӯ дар ин кишвар рӯзона беш аз 100 кас ба коронавирус мубтало мешавад. Дар шаҳри Тошканд рӯзи шанбеи гузашта 89, дар вилояти Тошканд 20 ва дар навоҳии дигар беш аз 10 кас ба коронвирус гирифтор шудааст.

Қирғизистон: ҷасади ду марди гумонбар ба таҷовузро овезон пайдо карданд

Ozodi.org 

Таҳқиқи марги ду нафар дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Ӯши ин кишвар шуруъ шудааст. Дар ин бора Сироҷиддин Камолидинов, сухангӯи Додситонии кулли Қирғизистон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҷасади ин ду мардро шаби 4 декабр дар ҳоҷатхонаи боздоштгоҳ овезон пайдо кардаанд. “Маводҳо дар бораи кормандони Хадамоти иҷрои ҷазо ҷамъоварӣ ва тафтишот оғоз шудааст. Ташхис дар бадани ҳалокшудаҳо чизеро ошкор накард. Ташхиси судӣ-тиббӣ ҳам гузаронида мешавад”, - афзуд Камолидинов. Расонаҳои Қирғизистон пештар хабар доданд... Читать дальше...

Султонбинӣ Миргуловаи 90-сола - бонуи ошиқи китоб аз ноҳияи Ҳамадонӣ

Ozodi.org 

Бо вуҷуди пиронсолӣ, муҳаббати як зани 90-солаи тоҷик ба китоб пир нашудааст. Мутолиаи китоб барои момаи Султонбибӣ Миргулова то ҳанӯз як одат аст. Одати хубе, ки ҳоло бисёре аз мардуми Тоҷикистон надоранд. Бе айнак, аммо як китобро метавонад ба такрор бихонад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *