Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2022

Новости за 17.12.2022

Ҷоми Ҷаҳонӣ. Хорватия севум, Марокаш чаҳорум шуд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби Хорватия, ки дар бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҷоми ҷаҳонии футбол тими миллии Марокаш ё Мағрибро ба ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори дуюм дар таърихи худ барандаи медали биринҷии мусобиқот гардид. Бозӣ шаби 17-уми декабр гузашт.

Бародараш гуфт, вазъи саломатии Завқибек Саидаминӣ "хуб нест"

Ozodi.org 

Бародараш мегӯяд, Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 7 сол зиндони рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ (Завқибек Солеҳов)-ро, ки таҳқиқи парванда ва мурофиаашро "якҷониба ва нопурра" номида буд, тағйир надодааст.

Мошини 2.5 миллион доллариро дидаед?

Ozodi.org 

Дар шаҳри Лос Анҷелес, яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои мошин дар ҷаҳон хотима ёфт. Ширкатҳои мошинсозӣ дар намоишгоҳе, ки аз 18-ум то 27-уми ноябр идома кард, имсол бештар мошинҳои барқӣ ва пешрафтаро барои намоиш ва пайдо кардани харидор овардаанд.



Гулрухсор. "Шоир аз дарди Ватан сар мешавад" ВИДЕО

Ozodi.org 

Гулрухсори Сафӣ, шоири тоҷик, ки бо ашъору изҳороти гоҳе тунд ва романи "Марзи номус"-у достони "Зан ва ҷанг"-аш маъруф аст, рӯзи 17-уми декабр ба синни 75 расид. Худаш мегӯяд, дар ин муддат "сад бор бурду сад бор зинда шуд", вале аз гуфтани ҳақ ё воқеияти зиндагии мардум парҳез накард.

Ёде аз Хурмо Ширинова

Ozodi.org 

Хурмо Ширинова, овозхоне, ки 40 сол умр надиду аз дарди саратон даргузашт, агар зинда мебуд, рӯзи 17-уми декабр 65-сола мешуд. Хурморо як узви нотакрори дастаи ҳунарии овозадори "Гулшан" меномиданд, ки бо садои қавиву зебо, шеваи сурудани оҳангҳои миллӣ фарқ мекард.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *