Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2022

Новости за 30.12.2022

Вакили порлумони Қирғизистон гуфт: "Рубл меоранду доллар мебаранд"

Ozodi.org 

Вакили порлумони Қирғизистон Ҷусупбек Коргонбой уулу аз камбуди доллари нақд дар Қирғизистон хабар дод. Ба гуфтаи вай, ҳаннотон миқдори зиёди рубли русиро вориди Қирғизистон мекунанд ва аз ин ҷо долларро бо Туркия, Русия, Чин ва дигар кишварҳо мебаранд. "Ҳаннотон рублро бо ҷомадон ба Қирғизистон меоранд ва долларро ба кишварҳои дигар мебаранд. Ҳоло камчинии доллар дида мешавад, қурбаш боло меравад ва ин ба иқтисоди мо мустақиман таъсир мерасонад", - гуфт Коргонбой дар ҷаласаи рӯзи 29 декабр. Кайип Куленбеков... Читать дальше...

Ҷабборов вазъи забони русӣ дар Қирғизистонро шарҳ дод

Ozodi.org 

Раисҷумҳур Содир Ҷабборов дар суҳбат бо расонаи давлатии "Кабар" гуфт, раҳбарияти Қирғизистон "барои рушди забони русӣ дар саросари ин кишвар иқдомҳои бузургеро анҷом додааст". Ба гуфтаи Ҷабборов, хидматчиёни давлатии Қирғизистон дар ҳуҷҷатгузорӣ ба забони расмӣ “ба иштибоҳҳои зиёд” роҳ медиҳанд ва бинобар ин, вай пешниҳод карда буд, ки ҳуҷҷатҳо бо забони давлатӣ ва бо тарҷумаи русӣ таҳия карда шаванд. "Дар баъзе мавридҳо ҳуҷҷати асосӣ бо забони қирғизӣ ва замима бо забони русӣ аст. Барои роҳ надодан ба иштибоҳ зарур аст... Читать дальше...

Покистону Афғонистон дар феҳристи хатарноктарин кишварҳо барои журналистон

Ozodi.org 

Гузоришгарони бидуни марз, як созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон мегӯяд, дар давоми бист соли гузашта дар саросари ҷаҳон тахминан 1700 журналист  ва корманди матбуот барои иҷрои вазифаҳои касбиашон кушта шуданд ва ин тахминан 80 нафарӣ дар як солро ташкил медиҳад. Дар таҳқиқи ин созмон, ки рӯзи 30 декабр нашр шуд, Ироқ ва Сурия хатарноктарин макони кору зиндагӣ барои журналистон дониста мешаванд. Дар давоми 20 соли гузашта дар ин кишварҳо дар маҷмӯъ 578 хабарнигор кушта шудааст. Дар пай Мексика... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 30-уми декабри соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Фурӯши давои кушанда дар Тоҷикистон манъ шуд, вале ҳанӯз ҳам пайдо кардани он дар дорухонаҳо имкон доштааст, нахустин парвоз дар хатсайри Душанбе-Кувайт ба анҷом расид, паёмҳои солинавии овозхонҳо, вазири корҳои хориҷии Ӯзбеистон иваз шуд ва матолиби дигар.

Мақомоти Қазоқистонро барои қатъи ҷустуҷӯи шаҳрванди Узбекистон ба додгоҳ кашиданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Созмони "Ташаббуси ҳуқуқии байналмилалии Алмато" баъди тасмими мақомоти тафтишотии Қазоқистон дар бораи қатъи ҷустуҷӯи шаҳрванди Узбекистон Мақсад Канатбоев, ки дар ҳодисаҳои хунини моҳи январи имсол бедарак шудааст, ба додгоҳ шикоят бурд. Дар ин бора ҳуқуқшиноси созмон Амонкелдӣ Шорманбоев хабар дод. "Мо пештар посух гирифтем, ки парванда қатъ карда шудааст. Мо бо талаби идомаи тафтишот ба додгоҳ муроҷиат кардаем”, - гуфт Шорманбоев рӯзи 29 декабр ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ. Мақсад Канатбоеви 32-сола... Читать дальше...

Барканории Владимир Норов, таъини дипломати 41-сола ба мақоми раҳбари ВКХ Узбекистон

Ozodi.org 

Бо як қарори президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев,  вазири корҳои хориҷии ин кишвар Владимир Норов бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз мақомаш барканор шуд. Норов баъди аз мақом рафтани вазири собиқ Абдулазиз Комилов апрели соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон таъин шуд ва моҳи сентябри имсол дар мақомаш тасдиқ шуда буд.    Бо қарори дигари президент, ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон Бахтиёр Саидов таъин шуд, ки аз ноябри соли 2021 дар мақоми вазири маорифи халқ кор мекард. Читать дальше...



Марде дар Қазоқистон бо гумони куштори кудаки 4-сола дастгир шуд

Ozodi.org 

Ҷасади Данил Охунови чаҳорсола, ки рӯзи 28 декабр дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон бедарак шуда буд, имрӯз, 30 декабр бо нишонаҳои марги маҷбурӣ пайдо шудааст. Пулиси Оқтеппа гуфта буд, ки кудак субҳи 28 декабр аз саҳни як манзили зист, воқеъ дар кучаи Қазангапаи шаҳр гум шудааст. Ба ҷустуҷӯи ӯ низомиёни Горди миллӣ ва ихтиёриён ҳам иштирок доштанд. "Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷасади кудаки гумшуда бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо шуд. Шахси гумонбар дар содир намудани ҷиноят дастгир гаштааст... Читать дальше...

Нигина, Ёсамин, Рафоат... Таронаҳои пуртамошобини соли 2022 ва "инқилоби" фарҳангиён. ВИДЕО

Ozodi.org 

Соли 2022 соли таронаҳои нави Нигина Амонқулова ва рӯйи саҳна омадани Ёсамин Давлатова , "Ҷодугар"-и Меҳрнигори Рустаму “Метро”-и Сафармуҳаммад ва муаррифии таронаҳои Мубориз Усмонов дар берун аз Тоҷикистон буд.

Дар Қирғизистон барои рондани мошин дар ҳолати мастӣ аз ронандагӣ маҳрум мекунанд

Ozodi.org 

Рӯзи 29-уми декабр порлумони Қирғизистон тарҳи қонунеро қабул кард, ки бар асоси он, барои дар ҳолати сархушӣ ронандагӣ кардан маҳрумсозӣ аз ҳаққи ронандагӣ барои як сол пешбинӣ мешавад. Нурбек Абдиев, муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, ҷарима дар ҳаҷми 200 доллар натавонист, пеши роҳи дар ҳолати сархушӣ рондани нақлиётро бигирад. Достон Бекешев, вакили порлумони Қирғизистон дар эътироз ба тағйироти нав гуфт, ки меъёрҳои нави қонунӣ мумкин аст, фасодкориро миёни нозирони бозрасии автомобилӣ бештар кунанд. Читать дальше...

Ширкати ҳиндӣ истеҳсоли доруи "Док-1 Макс"-ро қатъ кард

Ozodi.org 

Танзимгари миллии Ҳинд рӯзи 29-уми декабр хабар дод, ки ширкати Marion Biotech истеҳсоли доруи "Док-1 Макс"-ро қатъ кардааст. Дар Узбекистон баъди истифодаи ин дору 19 кӯдак фавтид. Як кӯдаки якунимсола дар ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарёи Узбекистон 28-уми декабр баъди истеъмоли доруи "Док-1 Макс" ҷон бохтааст. Додситонии вилояти Қашқадарёи Узбекистон дар робита ба марги кӯдак парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишотро оғоз кардааст. Шумори кӯдаконе, ки дар Узбекистон баъди истеъмоли доруи мазкур ҷон бохтанд, ба 19 расид. Читать дальше...

Қазоқистон як низомии аз басеҷ фирории русро ба кишвараш истирдод кард

Ozodi.org 

Михаил Жилин, майори Хадамоти федеролии муҳофизати Русия аз Қазоқистон ба кишвараш истирдод шуд. Вай баъди эъломи басеҷи низомӣ аз Русия ба Қазоқистон фирор карда буд. Ин хабарро ҳамсари Жилин тасдиқ крад. Евгений Жовтис, мудири Бюрои қазоқистонӣ оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, Қазоқистон "ба далели фишорҳо" Жилинро ба Русия истирдод кард. Пештар додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон қарор карда буд, ки Михаил Жилин 40 рӯз дар ҳабс бимонад. Ҳамсари Жилин дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфта буд... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *