Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2022

Новости за 15.12.2022

Омодагӣ ба таҷлили соли нав ва бо харҷи бештар

Ozodi.org 

То Соли нави мелодӣ бештар аз ду ҳафтаи дигар мондааст. Сокинон барои таҷлили ин ҷашн аз ҳоло омодагӣ мегиранд. Бо наздикшавии ин ҷашн хиёбонҳои Душанбе бо рамзҳои идона ороста гардида, гаштугузори сокинон бештар ба назар мерасад. Бозори фурӯши тӯҳфаҳои идона низ гарм аст.

Гулрухсори Сафӣ: "Ман модари Азиз ҳастам, миллат модари ман" САДО

Ozodi.org 

Гулрухсори Сафӣ (Гулрухсор Сафиева), шоири маъруфи тоҷик ва вакили пешини Иттиҳоди Шӯравӣ, ба синни 75 расид. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ӯ дар бораи зиндагияш, хонавода ва сиёсату иҷтимоъ пурсиданд. Посухи аввалаш дар бораи умр буд ва ҳафтоду панҷ соли гузашта.

Гуфтугӯ бо Гулрухсори Сафӣ

Ozodi.org 

Гулрухсори Сафӣ (Гулрухсор Сафиева), шоири маъруфи тоҷик ва вакили пешини Иттиҳоди Шӯравӣ, ба синни 75 расид. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ӯ дар бораи зиндагияш, хонавода ва сиёсату иҷтимоъ пурсиданд. Посухи аввалаш дар бораи умр буд ва ҳафтоду панҷ соли гузашта.

Ба фаъолони Қазоқистон иҷозаи гирдиҳамоиро надоданд

Ozodi.org 

Ҳукумати шаҳри Алматои Қазоқистон ба дархости як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ барои баргузории гирдиҳамоӣ посухи рад дод. Асет Абишев мехост рӯзҳои 17-18 декабр дар майдони назди кинотеатри "Сариарк" гирдиҳамоӣ баргузор кунад.



Ҳалокати беш аз 30 шаҳрванди Узбекистон аз бӯи газ

Ozodi.org 

Буҳрони энержие, ки дар охири моҳи ноябри имсол дар Узбекистон ба миён омад, ба марги беш аз 30 нафар сабаб шудааст. Ба иттилои расонаҳои Узбекистон, понздаҳ нафари онҳо аз 3-моҳа то 15-сола буданд. Онҳо дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз бӯи газ ҷон бохтаанд.

Чаро соҳибони ҷонварон ба суроғи Сомон меоянд

Ozodi.org 

Як ҷавони 27-сола дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пас аз панҷ соли таҳсил дар Душанбе ба зодгоҳаш баргашт ва ба табобати ҳайвоноти бемор машғул аст. Барои Сомон Сайфиддинов касби байторӣ дар ин ноҳия обрӯ овардааст ва ҳоло даҳҳо нафар наздаш корафтода мешаванд.

Чаро на ҳамаи хонаҳои Душанбе дуруст гарм намешавад?

Ozodi.org 

Шикоят дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шудааст, ки дар пойтахт - шаҳри Душанбе низоми гармидиҳӣ муътадил кор намекунад. Бо гузашти ду моҳ аз шурӯи гармидиҳӣ, хонаҳои мардум дуруст гарм намешаванд. Сокинон мегӯянд, таъмини номуносиби гармӣ хароҷоти онҳоро зиёдтар кардааст.

Шаҳрдори мухолифи Истанбул зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Истанбули Туркия шаҳрдори пешин Экрем Имомоғлуро барои таҳқири ҳукумат ду солу ҳафт моҳ зиндонӣ кард. Ҳамчунин, баъди озод шудан аз зиндон вай ҳақи машғул шудан ба фаъолиятҳои сиёсиро надорад. Имомоғлу яке аз дурахшонтарин сиёсатмадороне буд, ки дар муқобили президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон қарор мегирифт. Додгоҳ як изҳороти Имомоғлуро "таҳқири ҳукумат" баҳо дод, ки соли 2019 садо дода буд. Он замон Имомоғлу барои курсии раисии шаҳри Истамбул бо номзади ҳизби ҳоким рақобат мекард. Читать дальше...

"Парвандаи Кампиробод": ҳафт боздоштшуда даст ба гуруснашинӣ заданд

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон ҳафт тан аз боздоштшудаҳои "Парвандаи Кампиробод" гуруснашинӣ эълом карданд. Ба иттилои Бакит Рисбеков, мудири Маркази миллии муқобила бо шиканҷа, кормандони маркази мазкур бо боздоштшудаҳо мулоқот кардаанд. Ҳоло вакили пешин Равшан Ҷеенбеков, фаъоли шаҳрвандӣ Атай Бейшенбек ва раиси пешини вилояти Ҷалолобод Бектур Асанов ба гуруснашинӣ пайвастаанд. Пештар аз ин боздоштшудаҳои дигари "Парвандаи Кампиробод" Клара Сооронқулова, Рита Карасартова, Перизат Суранова ва Орозайим Нарматова... Читать дальше...

Аргентина ва Фаронса ба финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 роҳ ёфтанд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби Фаронса, ки дар бозии дуюми ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар тими миллии Марокашро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, ба финали мусобиқот роҳ ёфт. Ҳамакнун фаронсавиҳо дар бозии ниҳоӣ 18-уми декабр бо мунтахаби Аргентина барои нигоҳ доштани унвони қаҳрамони ҷаҳон мубориза мебаранд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *