Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2023

Новости за 03.04.2023

Доналд Трампро расман ба ҷиноят муттаҳам мекунанд

Ozodi.org 

Қарор аст, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, аз шаҳри Флорида ба Ню-Йорк биёяд, то ба ӯ иттиҳоми расмиро эълон кунанд. Доналд Трампро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо як ҳунарпешаи филмҳои порнографӣ робитаи маҳрамона дошта, ба ӯ пул додааст, ки дар ин бора лаб накушояд.

Иттиҳоми зидди Трамп – имтиҳони демократия дар Амрико? ВИДЕО

Ozodi.org 

Доналд Трамп нахустин президенти собиқи Амрико шуд, ки ба ҷиноят гумонбар аст. Эълони иттиҳом ба ӯ дар ҳафтаи гузашта аз назари баъзе нозирон дар хориҷ ҳамчун имтиҳоне барои санҷиши эътибори низоми сиёсию ҳуқуқии ин кишвар арзёбӣ мешавад.

Бо аломати ҷамъ рост ба артиш

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон ба гуфтаи мақомот даъвати ҷавонон ба сафи артиш босуръат идома дорад. Даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиш рӯзи 1-уми апрел оғоз ёфт. Айни замон аз гушаву канори Тоҷикистон аз шеваҳои аҷиби фиристодани ҷавонон ба артиш хабар мерасад.

Ахбори Озодӣ аз 3-юми апрели соли 2023

Ozodi.org 

Шеваҳои аҷибу ғариби фиристодани ҷавонон ба артиш; Доналд Трампро ба идораи пулис мебаранд; Чаро занони рус барои таваллуд ба Аргентина мераванд; Бахши форсии Би-би-сиро бастанд.

Вазъи ду узви зиндонии ҲНИТ "бад шудааст"

Ozodi.org 

Вазъи саломати Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва Ҷалолиддини Маҳмуд, ду узви пешини ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, дар зиндон "бад шудааст".



"Фаврӣ ва бе ягон шарт". Аз ҳукумат озодии Холиқназаровро хостанд

Ozodi.org 

Ҳафт созмони байнулмилалӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ҳуқуқдон Манучеҳр Холиқназаровро фаврӣ ва бе ягон шарт аз зиндон озод кунанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро ба гуноҳи "ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷиноӣ ва мамнуъ" ба 16 сол зиндон маҳкум кард. Худаш иттиҳомҳоро напазируфтааст.

Дар Бишкек гулгашти "Озодии баён" бунёд шуд

Ozodi.org 

Дар боғи "Интимак"-и шаҳри Бишкек, дар гулгашти "Озодии баён", рӯзи 1-уми апрел наздик ба 200 ниҳол шинонданд. Маъракаи ниҳолшинониро хадамоти сиёсати иттилоотии дастгоҳи президенти Қирғизистон ташкил кард.

Дидбонгоҳҳои нав дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Ozodi.org 

Чанд сол боз дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон сохтмони дидбонгоҳу қисмҳои марзбонӣ ҷараён дорад. Ҳоло дар ноҳияи Фархор чаҳор дидбонгоҳ месозанд. Ҳамаи ин ба чӣ маъност? Дар гузориш бинед.

Пайомади сел дар Тоҷикистон. Шарҳи Умеда Юсуфӣ

Ozodi.org 

Дар пайи борони пуршиддат дар чанд минтақаи вилояти Суғд сел омадааст. Мақомот гуфтанд, ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт, вале боис ба зарар дидани роҳҳо, нақлиёти сокинон ва боғи зардолу шуд.

Блогери тарафдори Путин дар таркиши Санкт-Петербург кушта шуд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 2-юми апрел эълон кард, ки дар таркиши қаҳвахонаи Street Food Bar №1 дар Санкт-Петербург блогнависи ҳарбӣ Максим Фомин (бо тахаллуси Владлен Татарский) ба ҳалокат расид. Вазорат дар баёнияе гуфт, 16 нафари дигар захмӣ шуданд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *