Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2023

Новости за 20.04.2023

Сабабҳои таркидани роҳи Душанбе-Чин маълум шуд

Ozodi.org 

Охири ҳафтаи гузашта роҳи байналмилалии Душанбе-Бадахшон, ки Тоҷикистонро ба Чин мепайвандад, дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Шӯроободи пешин, хароб шуд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, лағжидани кӯҳпора ба вайрон гаштани роҳ сабаб гаштааст.

СММ аз ҳукумат хост, ҳуқуқи динии мардумро эҳтиром кунад

Ozodi.org 

Гузоришгари вижаи СММ дар умури озодиҳои мазҳабӣ ва эътиқод аз Тоҷикистон даъват кард, ки қонунҳо, сиёсатҳо, ва амалияҳои худро дар барои дин ё эътиқод мутобиқ ва бознигарӣ намояд. Нозила Қонеъ дар ин бора имруз 20-уми апрел дар як нишасти хабарӣ изҳори назар кард.

Нишаллоро чӣ гуна омода мекунанд?

Ozodi.org 

Нишалло (нишолло, нишавло) яке аз шириниҳои дӯстдоштаи мардуми Осиёи Марказӣ аст, ки дар моҳи Рамазон тановул мекунанд. Сабаби дар моҳи Рамазон тайёр карданаш ин аст, ки гузаштагони мо гуфтаанд, хусусияти дармонӣ дорад. Аз назари тиббӣ ҳам озмуда шудааст.

Ҳавои ғуборолуд дар Тоҷикистон. Машварати пизишк ба мардум

Ozodi.org 

Дар як ҳафтаи охир ҳавои Тоҷикистон ғуборолуд аст. Маъмулан чунин ғуборро “боди афғонӣ” меноманд, ки ба табиат ва сиҳатии сокинон зиён мерасонад. Масъулони дармонгоҳҳо тасдиқ мекунанд, ки шикояти сокинон ба табибон дар пайи хокбориш бештар шудааст. Мутахассисон мегӯянд, вазъи боду ҳаво, аз ҷумла, ҳавои ғуборолуд ба саломатии одамон таъсир дошта, боис ба рӯ задани чанд навъи беморӣ мешавад. Аз ҷумла дар чунин вазъ бемориҳои музмини узвҳои нафаскашӣ, дилу рагҳои хунгард ва буғумҳо хуруҷ мекунад. Чунин вазъи ҳаво то куҷо хатарзо аст? Читать дальше...



Васфи Рустами Эмомалӣ дар "Ҷумҳурият" чӣ маъно дорад?

Ozodi.org 

Нашрияи “Ҷумҳурият”, минбари расмии ҳукумати Тоҷикистон, бо чопи мақолае Рустами Эмомалӣ, писари президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси Миллиро ситоиш кардааст. Дар ҳоле ки намояндагони мухолифони ҳукумат ӯро барои надоштани лаёқату кордонӣ танқид мекунанд, муаллифи мақола Рустами Эмомалиро дар ҳама ҷанбаҳо комёб номидааст. Ба қавли муаллифи мақола, Рустами Эмомалӣ ин ҳамаро аз падараш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон омӯхт. Эмомалӣ Раҳмон беш аз сӣ сол аст қудратро ба даст дорад ва пайваста ба саркӯби дигарандешон... Читать дальше...

Фавти 2 наврас аз "консерва" дар Панҷакент

Ozodi.org 

Ду кӯдаки 9 ва 12-сола дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент баъди хӯрдани "консерва" заҳролуд шуда, ҷон бохтаанд. Онҳо узви як оила буда, дигар аъзои хонавода, модари 52-сола бо як кӯдаки 13-солааш дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарианд.   Аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 20-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 18-уми апрел рух дода, 4 узви як оила баъди хӯрдани "консерва"-и бодиринг, ки бо сирко омода шуда буд, дар зодрӯзе яке аз кӯдакон заҳролуд шудаанд.... Читать дальше...

Узбекистон ба Афғонистон 185 тона ёрии башардӯстона фиристод

Ozodi.org 

Аз Узбекистон ба Афғонистон 185 тона маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла орд, гандум, равғани растанӣ, консерва, шакар ва дигар навъи маҳсулоти ғизоӣ ирсол шуд. Ин кӯмак рӯзи 19-уми апрел аз Тирмизи Узбекистон ба Ҳайратони Афғонистон ирсол шудааст. Дар маросими ирсол ва қабули кӯмаки башардӯстона намояндаи махсуси президенти Узбекистон дар умури Афғонистон Исматулло Иргашев, муовини аввали ҳокими вилояти Сурхандарёи Узбекистон Анвар Орипов ва вазири иқтисоди ҳукумати муваққати Афғонистон Динмуҳаммад Ҳаниф иштирок доштанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *