Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2023

Новости за 10.04.2023

"Қурби рубл поин шуд, сатҳи зиндагии мо ҳам." ВИДЕО

Ozodi.org 

Зайниддин Убайдуллоев, сокини ноҳияи Варзоб, мегӯяд, хабари босуръат поин шудани қурби рубли русиро шунид ва нигаронияш афзуд. Ду писараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд ва ҳар моҳ барои чархондани зиндагии оила ба ӯ рубл мефиристанд.

Идораи мусалмонони Узбекистон гуфт, моддаи E120 "ҳаром" нест

Ozodi.org 

Маркази фатвои Идораи мусалмонони Узбекистон гуфт, моддаи "кармин" ҳаром нест. "Кармин", ки аз ҳашарот ҳосил мешавад, ба оилаи нимақанотдорон шомил аст ва дар стандартҳои байналхалқӣ рамзи Е120-ро дорад.

Ташвиши сокинон аз поиншавии қурби рубл дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Зайниддин Убайдуллоев, сокини ноҳияи Варзоб, мегӯяд, хабари босуръат поин рафтани қурби рубли русиро шунид ва нигаронияш афзуд. Ду писараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд ва ҳар моҳ барои чархондани зиндагии оила ба ӯ рубл мефиристанд.

Ороиши рамазонӣ дар Амрико

Ozodi.org 

Барои бисёре аз сокинони Амрико ҷашнҳои давлатӣ ва мазҳабӣ бо ороиши зиёди хонаву ҳавлиашон ҳамроҳ аст. Ба мисли Ҳалловин ё Иди Милоди Масеҳ. Ҳоло ин расм ба ҷамъе аз оилаҳои мусулмон дар Амрико ҳам роҳ ёфтааст, ки Рамазонро бо ороиши хоси ҳавливу хонаҳояшон истиқбол мегиранд ва таҷлил мекунанд.

Занону кӯдаконеро, ки аз Сурия оварданд, ба наздиконашон "супурдаанд". ВИДЕО

Ozodi.org 

Занону кӯдаконеро, ки аз Сурия ба Тоҷикистон оварда буданд, баъд аз ҳашт моҳ ба ихтиёри хонаводаҳояшон додаанд. Мақомот дар ин бора суҳбат намекунанд. Ҷустуҷӯйи Радиои Озодӣ нишон дод, ки кӯдакону занон дар охири моҳи марти имсол ба манзили пайвандон рафтаанд.

Ахбори Озодӣ аз 10-уми апрели соли 2023

Ozodi.org 

Кӯдаконеро, ки аз Сурия оварданд, ба наздиконашон дар Тоҷикистон додаанд; таъсири беқурбшавии рубли русӣ ба оилаҳои муҳоҷирон ва ҷашни Рамазон дар Амрико.



Қурби рубли русӣ босуръат поин меравад

Ozodi.org 

Радио Свобода, бахши русии Радиои Озодӣ, бо такя ба нишондодҳои Биржаи Маскав навишт, аз моҳи апрели соли 2022 бори аввал қурби як евро дар Русия аз 90 рубл боло рафта, арзиши як доллар ба 82 рубл баробар шуд.

Аз оғози сол беш аз 4,5 ҳазор қазоқтабор ба Қазоқистон кӯчидаанд

Ozodi.org 

То 1-уми апрели имсол 4575 қазоқтабор аз хориҷа ба ватани таърихии худ баргашта, соҳиби мақоми кандаса шудаанд. Дар вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон гуфтанд, бештар аз нисфи ин теъдод аз Узбекистон ҳастанд.

"Ин вазъ то абад намемонад." Умеди тоҷирони наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Аз даргирии охир дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз ним сол гузашт. Марз баста ва додугирифт бас шудааст. Дар ин бора на танҳо сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ, балки намояндагони ду давлат ҳам мегӯянд. Ин вазъ ба ҳаёти одамон чӣ таъсир расонд? Аз соҳибкорону масъулони маҳаллӣ пурсидем.

Тоҷирони умедвор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ozodi.org 

Аз даргирии охир дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз ним сол гузашт. Марз баста ва додугирифт бас шудааст. Ин вазъ ба ҳаёти одамон чӣ таъсир расонд? Гузориши якҷояи Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ ва Бахши навтаъсиси Мигрант Медиа аз ду тарафи марз.

Макрон: Аврупо дар масъалаи Тайван набояд аз сиёсатҳои ИМА ё Чин пайравӣ кунад

Ozodi.org 

Президенти Фаронса мегӯяд, Иттиҳоди Аврупо дар муноқиша бар сари Тайван бояд на дунболи сиёсатҳои Амрико биравад ва на Чин. Эммануэл Макрон ба рӯзномаи маҳаллии Les Echos ва нашрияи "Politico" гуфтааст, дар масъалаи Тайван Иттиҳоди Аврупо дар хатари гирифтор шудан дар буҳроне аст, ки "моли мо нест".

Мухолифони Қазоқистон "порлумони мардумӣ" ташкил карданд

Ozodi.org 

Як гуруҳ аз шаҳрвандони Қазоқистон, ки худро "порлумони мардумӣ" меноманд, 9-уми апрел дар "Боғи Ҷумҳурӣ"-и шаҳри Алмато тазоҳурот баргузор карданд. "Порлумони мардумӣ"-ро собиқ номзадҳое ташкил кардаанд, ки ба интихоботи пеш аз муҳлати порлумонии Қазоқистон дар рӯзи 19 март ё роҳ наёфтанд ё шикаст хӯрданд. Додситонии шаҳр тазоҳуротро "ғайриқонунӣ" номида, аз ҷамъомадагон хост, пароканда шаванд. Вале маъмурони пулис онҳоро пароканда накарданд ва аз дур назорат намуданд. Созмондиҳандагони тазоҳурот гуфтанд... Читать дальше...

Блогери узбек баъди навори "ҳаром" номидани йогурт ҳабс шуд

Ozodi.org 

Блогери узбекистонӣ Ҳоҷиакбар Носиров баъди ҳаром номидани "йогурт" 15 шабонарӯз ҳабс шуд. Носиров видео дар бораи "йогурти ҳаром"-ро ҳафтаи гузашта дар канали худ дар паёмакрасони Телеграм нашр кард. Ӯ бо истинод ба манбаъҳои интернетӣ чандин навъи "йогурт"-ро, ки аз фурӯшгоҳ харида буд, ба далели мавҷуд будани маводи қирмиз (кармин) дар таркибашон ҳаром номид. Ӯ аз тамошобинон даъват кард, ки ингуна маҳсулотро истеъмол накунанд ва пеш аз харидорӣ таркиби онҳоро хонанд. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд гуфт... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *