Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2023

Новости за 12.04.2023

Нафткашҳои норозиро раҳо карданд, вале баҳс монд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Жанаозени Қазоқистон тазоҳуроти сокинон идома дорад. Эътирозгарон талаб доранд, ки низомиёни нерӯҳои вижа ё СОБР ҷазо дода шаванд. Дар ҳамин ҳол, нафткашҳое, ки барои ташкили тазоҳуроти бидуни иҷоза боздошт шуда буданд, раҳо гаштанд. Қаблан гуфта буданд, ки онҳо ҷарима ё 15 рӯз ҳабс мешаванд.

Сафири Амрико дар нахустин нишаст аз ҳуқуқи инсон ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гуфт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сафири тозатаъйини Амрико дар Тоҷикистон дар нахустин дидораш бо журналистон гуфт, Иёлоти Муттаҳида минбаъд низ ба ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва озодии баён мусоидат хоҳад кард.

Эътирози нафткашҳо дар Қазоқистон бо чӣ анҷомид?

Ozodi.org 

Дар Жанаозени Қазоқистон тазоҳуроти сокинон идома дорад. Эътирозгарон талаб доранд, ки низомиёни нерӯҳои вижа ё СОБР ҷазо дода шаванд. Дар ҳамин ҳол, нафткашҳое, ки барои ташкили тазоҳуроти бидуни иҷоза боздошт шуда буданд, раҳо гаштанд. Қаблан гуфта буданд, ки онҳо ҷарима ё 15 рӯз ҳабс мешаванд.

Таъсиси гурӯҳ барои пешгирӣ аз вайронгариҳои сел дар Кӯлоб

Ozodi.org 

Барои пешгирӣ аз вайронгариҳои сел дар Кӯлоб як гурӯҳи наҷот таъсис додаанд. Аз 90 ихтиёрӣ иборат аст. Ин гуруҳ, ки тибқи як барномаи Созмони Милал ба миён омад, давраи омӯзишро мегузарад. Сойи Тебалай аз байни шаҳри Кӯлоб мегузарад ва селроҳаи он аст.

Ахбори Озодӣ аз 12-уми апрели соли 2023

Ozodi.org 

Муштариёни як ширкати сохтмонӣ дар Душанбе ҷубронпулии муносиб талаб доранд; барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар канори рӯди Тебалай гурӯҳи наҷот таъсис меёбад; мусоҳибаи сафири нави Амрико дар Тоҷикистон ва матолиби дигар.



Забони молдовӣ "руминӣ" шуд, забони мо кай "форсӣ" мешавад?

Ozodi.org 

Дар наврӯзи имсол маҷлис ва давлати Молдова бо қабули қонуне номи забони миллии худро расман “руминӣ" номиданд. Пештар забони онҳо, ки ҳеч фарқе бо руминӣ надорад, “молдовӣ” хонда мешуд. Яъне як забон ду ном дошт!

Чаро тарҳи масҷиди нав дар Маскав ҷанҷолӣ шуд?

Ozodi.org 

Тарҳи сохтмони масҷиди нав дар наздикии Кӯли Муқаддас дар ноҳияи Косино-Ухтоми пойтахти Русия ҷанҷолӣ шуд. Мухолифон гуфтанд, бунёди ибодатгоҳи мусалмонҳоро дар маҳалле ба нақша гирифтаанд, ки барои пайравони мазҳаби православӣ бисёр азиз аст. Шаҳрдори Маскав ба қазия дахолат кард.

Тазоҳурот бо талаби раҳоии нафткашҳои боздоштшуда дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Гуруҳе аз сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон бо талаби раҳоии нафткашҳое, ки ахиран дар назди Вазорати энержии ин кишвар дар шаҳри Остона дастгир шуданд, даст ба тазоҳурот заданд. "Агар ҳамкорони моро дар Остона раҳо накунанд, тамоми Жанаозенро ба пой мехезонем!", - изҳор дошт яке аз ҷамъомадагон, ки дар назди бинои шаҳрдории Жанаозен гирди ҳам омадаанд. Кормандони ширкати "БЖБ" дар Жанаозен ҳам дар эътироз ба боздошти ҳамкорони худ дар Остона ба муддати як соат коршиканӣ карданд. Як сокини... Читать дальше...

2,6 млрд ё 842 млн доллар. Чаро омори Тоҷикистон ва Чин фарқи зиёд дорад?

Ozodi.org 

Соли гузашта Тоҷикистон ва Чин ҳудуди 2,6 миллиард доллар додугирифт кардаанд, ки дар қиёс ба як соли пеш 40 дарсад бештар аст. Дар ин бора Цзи Шумин, сафири Чин дар Тоҷикистон 11--уми апрел зимни ҳамоише дар Душанбе хабар дод. Оқои Шумин омори додугирифти 2,6 миллиард долларро аз қавли идораи гумруки Чин гуфт. Аммо ҷониби Тоҷикистон ин оморро бамаротиб кам нишон медиҳад. Дар ин ҳамоиш намояндагони Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, энержӣ, савдо, маориф, саноат, кишоварзии Тоҷикистон ва низ масъулини... Читать дальше...

Дар Қирғизистон шумори беморони қанд афзоиш меёбад

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Қирғизистон дар робита ба бемориҳои ғайрисироятӣ тадқиқоти миллии "STEPS" мегузаронад. Сухан дар бораи бемориҳои ба монандӣ, саратон, роҳҳои нафас ва диабети қанд меравад. Хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Қирғизистон иттилоъ додааст, ки "ҳадафи таҳқиқоти "STEPS" омӯзиши паҳншавӣ ва мониторинги тамоюли омилҳои хавф аз бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад". Манбаъ афзудаааст, ки кормандони ин ниҳод 2800 нафари аз 18 то 69-соларо муоина хоҳанд кард. Тибқи иттилои вазорат... Читать дальше...

Тирпаронии навбатӣ дар марзи Озарбойҷон ва Арманистон

Ozodi.org 

Дар марзи Арманистон ва Озарбойҷон 11 март дубора тирпаронӣ сурат гирифт. Ҳар ду ҷониб аз ҳалокат ва захмӣ шудани низомиёни худ дар натиҷаи ин ҳодиса хабар доданд. Дар Вазорати дифои Арманистон гуфтанд, тирпаронӣ дар деҳаи Техи вилояти Сюники ин кишвар рух додааст. "Низомиёни Озарбойҷон 11 апрел, соатҳои 16:00 ба тарафи сарбозони Арманистон, ки дар Тех корҳои муҳандисӣ анҷом медоданд, оташ кушоданд. Ҷониби Арманистон даст ба иқдоми ҷавобӣ зад", - гуфтанд дар вазорат. Ба иттилои вазорат, дар... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *