Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2023

Новости за 08.04.2023

Исроил сафарбарии нирӯҳои захиравиро эълон кард

Ozodi.org 

Дар паи чанд ҳамлаи ҷудогонаи рӯзҳои ахир, ки боиси кушта шудани се нафар, аз ҷумла як туристи итолиёӣ дар шаҳри Тел-Авив ва ду хоҳари исроилӣ дар соҳилҳои ғарбии рӯди Урдун гардид, Исроил рӯзи 8-уми апрел сафарбарӣ ба артишро аз ҳисоби нирӯҳои захиравӣ ва ходимони полис эълон кард. Баъди як муноқишаи ходимони полиси исроилӣ бо фаластиниҳо дар дохили масҷиди Ал-Ақсо рӯзи 5-уми апрел, даъватҳо ба хештандорӣ шунида намешаванд ва мавҷи хушунатҳо боло мегирад. Исроил дар посух ба мушакандозиҳои ҷангиёни... Читать дальше...

Иттиҳоди Аврупо хушунатҳо дар миёни Исроилу Фаластинро маҳкум кард

Ozodi.org 

Жозеп Боррел, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо  тавсеаи хушунатҳо миёни Исроилу Фаластинро маҳкум кард ва аз ҳарду ҷониб хост, ки  аз хештандорӣ кор бигиранд ва дар ҷараёни идҳои мазҳабии мардуми маҳаллӣ оромишро риоя кунанд. Таниш дар равобити Исроилу Фаластин баъди рӯзи ҷумъа кушта шудани як туристи итолиёӣ ва маҷрӯҳ шудани панҷ нафар дар Тел-Авив ва ҳам дар як тирандозии соҳилҳои ғарбии рӯзи Урдун  кушта шудани ду хоҳари исроилӣ якбора боло гирифт. Боррел дар изҳороте рӯзи 8-уми апрел гуфт: “Исроил ҳақ дорад, ки аз худ дифоъ кунад. Читать дальше...

Ҳушдори полиси Эрон: барои назорат аз ҳиҷоб дастгоҳҳои сабти видеоӣ насб мешаванд

Ozodi.org 

Мақомот дар Эрон гуфтанд, ки ба хотири назорати бештар аз либоси ҳатмии занон, дар кӯчаву хиёбон ва муассисаҳои ҷамъиятии ин кишвар дастгоҳҳои сабти видеоӣ насб мекунанд. Рӯзи 8-уми апрел бо нашри чунин изҳороте полиси Ҷумҳурии Исломӣ навишт, ки ҳуввияти занону духтарони бадҳиҷоб мушаххас мешавад ва ба онҳо паёмакҳои телефонӣ бо ҳушдор аз паёмадҳои чунин амалашон фиристода мешавад. Чунин қарор дар ҳолест, ки аз тирамоҳи порсол Эрон бо як муқовимати шадиди ҷамъиятӣ бо либоси маҷбурии исломӣ барои... Читать дальше...

Хомӯшии матбуоти Туркманистон дар робита бо даргузашти модаркалони президент

Ozodi.org 

Матбуоти  раcмии Туркманистон бо гузашти як рӯз аз даргузашти модаркалони президент Сардор Бердимуҳаммадов ҳанӯз дар ин бора хабаре нашр накардаанд. Ба навиштаи Бахши туркмании Радиои Озодӣ, хабари даргузашти хонум Оғулобод-эҷе Бердимуҳаммадоваро аввал шуда  шоми 7-уми апрел вебсайти президенти Тоҷикистон хабар дод. Дар барқияи тасаллияташ Эмомалӣ Раҳмон ба падари президенти амалкунанда – “Пешвои миллат” Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар робита бо даргузашти модари ӯ изҳори ҳамдардӣ кардааст.  Сабаби... Читать дальше...

Дар Узбекистон хирси нодирро бо дастури сардори пулис паронданд

Ozodi.org 

Маъмурони пулиси ноҳияи Чироқчии Узбекистон хирси қаҳварангеро, ки ба яке аз деҳаҳои ноҳия ворид шуда буд, бо дастури сардори худ паронданд. Дар Идораи пулиси Чироқчӣ гуфтанд, ин кор ба хотири "таъмини амнияти сокинон анҷом шудааст". Видеои давидани хирси қаҳваранг дар яке аз кӯчаҳои Чироқчӣ рӯзи 5-уми апрел дар Интернет нашр шуд. Дар он дида мешавад, чи гуна хирс ба анбори яке аз хонаҳо дохил шуда, мехоҳад аз сокинон пинҳон шавад. Баъдан Вазорати муҳити зисти Узбекистон хабар дод, ки хирс дар... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *