Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2023

Новости за 11.04.2023

Аз намозгузорон дар ҳаққи бибии президент дуо хостаанд

Ozodi.org 

Дар масҷиди ҷомеи вилояти Марии Туркманистон аз намозгузорон талаб карданд, ки дар ҳаққи Оғулобод-эҷе Бердимуҳаммадова, модарбузурги фавтидаи президенти ин кишвар Сардор Бердимуҳаммадов дуо хонанд.

Дар шаҳри Бишкек як вебкам-студияи моделҳоро ошкор карданд

Ozodi.org 

Кормандони Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон як вебкам-студияеро ошкор карданд, ки ҳамчун клуби компютерӣ фаъолият мекард. Дар ин бора хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии он кишвар иттилоъ дод.

Домулло Абдулҳаннон 6 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи вилояти Хатлон рӯҳонии 51-сола Абдулҳаннон Манноновро, ки дар тӯйи бародарзодааш монеи рақсу суруд шуда буд, 6 сол зиндонӣ кардааст. Ҳукм дар охири ҳафтаи гузашта эълон шуд. Маълум нест, Абдулҳанон Маннонов дар додгоҳ чӣ гуфтааст ва мавқеи наздиконаш чист.

Масҷид, ҷойи кор ва хобгоҳ. Даъвати муҳоҷирон ба ҷанг "авҷ гирифтааст". ВИДЕО

Ozodi.org 

Даъвати зодагони Осиёи Марказӣ дар Русия ба сафи артиш ва иштирок дар ҷанги Русия тайи моҳҳои охир бештар шудааст. Баъзе аз муҳоҷирон гуфтанд, пештар чунин даъват танҳо дар "Маркази Сахарово" ва зиндонҳои Русия ҷараён дошт, ҳоло ба масҷиду ҷойи кор ва хобгоҳҳо "кӯчида".

Дар Русия даъвати муҳоҷирон ба ҷанг авҷ гирифтааст

Ozodi.org 

Даъвати зодагони Осиёи Марказӣ дар Русия ба сафи артиш ва иштирок дар ҷанги Русия тайи моҳҳои охир бештар шудааст. Баъзе аз муҳоҷирон гуфтанд, пештар чунин даъват танҳо дар “Маркази Сахарово” ва зиндонҳои Русия ҷараён дошт, ҳоло ба масҷиду ҷойи кор ва хобгоҳҳо “кӯчида”.



Абдуқодир Талбаков мегӯяд, таҳдиду фишор ба ӯ афзудааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор) мегӯяд, пас аз эълонаш дар бораи пайравӣ аз ойини зардуштӣ ва ташкили ҷомеаи ҳамфикронаш дар ду моҳи охир таҳдиду фишор ва бадгӯйӣ дар ҳаққаш афзуд. Гоҳе маҷозӣ ва гоҳе ҳузурӣ.

Абдуқодир Талбаков мегӯяд, "таҳдиду фишор афзуд"

Ozodi.org 

Рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор) мегӯяд, пас аз эълонаш дар бораи пайравӣ аз ойини зардуштӣ дар ду моҳи охир таҳдиду фишор ва бадгӯйӣ дар ҳаққаш афзуд. Гоҳе маҷозӣ ва гоҳе ҳузурӣ.

"Бачаҳо мебинанд, ки ислом фақат азобу андӯҳ нест" ВИДЕО

Ozodi.org 

Барои бисёре аз сокинони Амрико ҷашнҳои давлатӣ ва мазҳабӣ бо ороиши зиёди хонаву ҳавлиашон ҳамроҳ аст. Ороишро аксаран дар ҷашнҳое мекунанд, ки хоси кишварҳои ғарбист, ба мисли Ҳалловин ва ё Иди Милоди Масеҳ.

Туркия ба низомиёни қирғиз идораи "Байрақтар"-ро ёд дод

Ozodi.org 

Мутахассисони Туркия ба қудратиҳои Қирғизистон ва Озарбойҷон идораи бесарнишинҳои "Bayraktar Akıncı"-ро омӯзонданд. Ширкати "Baykar" дар шабакаи иҷтимоии "Twitter" хабар дод, ки қудратиҳои Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркия давраи махсуси омӯзишиеро дар бораи идораи бесарнишинҳо ба анҷом расонданд. Хабаргузории туркии "Анадолу" иттилоъ дод, ки 96 донишомӯз давраи мазкури омӯзиширо ба поён расонда, соҳиби шаҳодатнома шуданд. "Ҳамаи таҷрибаомӯзон аз Туркия, Қирғизистон ва Озарбойҷон, ки давраи омӯзиширо ба поён расонда... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *