Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2018

Новости за 30.03.2018

Гулбек Саодатовро дар Сариосиёи Душанбе дафн карданд

Ozodi.org 

Гулбек Саодатов, оҳангсози маъруфи тоҷик, ки шаби 28-уми март бар асари сактаи қалбӣ даргузашт, дар оромгоҳи Сариосиёи пойтахт дафн карда шуд. Ӯ ҳаштод сол дошт. Гулбек Саодатов зодаи Шуғнони вилояти Бадахшони Тоҷикистон буда, аз соли 1975 мутриби дастаҳои “Шашмақом” ва “Дарё” кор кардааст. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон буд. “Файзи саҳар”, “Нозанин ёрам”, “Гирён макун маро”, “Гулдаста”, “Ту ҳам медонӣ”, “Мутриби хушнаво” аз ҷумлаи беҳтарин оҳангҳояш гуфта мешавад.

15 соли зиндон ба Фарҳод Назаров ва ДИИШ. Додгоҳ: "Ӯ иттиҳомро эътироф накард"

Ozodi.org 

Додгоҳи минтақавии Петербург рӯзи 29 март як шаҳрванди Тоҷикистон Фарҳод Назаровро ба  15 соли зиндон маҳкум кард. Хабаргузории РИА Новости менависад, ки ин шаҳрванд “барои таблиғии ақидаҳои гурӯҳи мамнӯи “Давлати Исломӣ” муттаҳам шуда, мӯҳлати зиндонро дар маҳбаси низомаш шадид пушти сар хоҳад кард. Назаровро дар таблиғи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба анҷоми фаъолиятҳои террористӣ дар хориҷи Русия айбдор карданд ва гуфтанд, ки таблиғоти ӯ  тавассути интернет ва барномаҳои паёмрасони мобилӣ ба роҳ монда мешуд. Читать дальше...

Марги Абдураҳмон Назаров баъди як рӯзи боздошт дар Душанбе

Ozodi.org 

Наздикони Абдураҳмон Назаров мегӯянд, ки ҷасади ӯро баъди ду рӯзи боздошт аз тарафи маъмурони милиса бо осори латту кӯб аз бемористони Қарияи Болои Душанбе гирифтаанд. Ин сокини кӯчаи Чармгарони шаҳри Кӯлоб ҳамроҳи зану фарзандонаш муваққатан дар пойтахт мезист.

Марги Абдурасул Назаров баъди як рӯзи боздошт дар Душанбе. ВИДЕО, АКС

Ozodi.org 

Наздикони Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, мегӯянд, ҷасади ӯро пас аз як рӯзи боздошт аз тарафи маъмурони милиса бо осори латту кӯб аз бемористони Қарияи Болои Душанбе гирифтаанд. Ин сокини кӯчаи Чармгарони шаҳри Кӯлоб муваққатан дар пойтахт мезист.

"Фалсафа"-и хомӯшии аҳзоб ва ҷомеаи тамошобин

Ozodi.org 

Бо гузашти се сол аз ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015, ки мақомот онро кӯшиши табаддулоти давлатӣ унвон карданд, аҳзоби сиёсии Тоҷистон аз ҳоли рукуд ва аз чорчӯбе, ки мақомот барои онҳо сохтаанд, берун нашуданд.

Барои Отамбоев дар қароргоҳи давлатӣ бустонсарой сохтанд

Ozodi.org 

Дар ҳудуди қароргоҳи давлатии "Ала-Арча"-и Қирғизистон барои президенти пешин Алмосбек Отамбоев бар ивази 89,3 миллион сом (ҳудуди 1,3 миллион доллар) бӯстонсарой бунёд кардаанд. Аз ин маблағ 77,8 миллион сомашро худи Отамбоев додааст. Идораи умури президент ва ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, бар пояи қонун "Дар бораи кафолати фаъолияти раисҷумҳур" президенти пешин ба таъминоти маишӣ ҳақ дорад. Бинобар ин, ба Отамбоев иҷозат шудааст, ки аз бӯстонсаройи воқеъ дар "Ала-Арча" умрбод истифода кунад. Манбаъ мегӯяд... Читать дальше...

Муҳаммад Солеҳ гуфт, ки омодааст дар парвандаи Абдуллоев баёнот диҳад

Ozodi.org 

Раҳбари ҳизби мухолифи "Ҳаракати мардумии Узбекистон" Муҳаммад Солеҳ, ки дар Туркия зиндагӣ мекунад, гуфт, омодааст, дар доираи парвандаи рӯзноманигори боздоштшуда Бобомурод Абдуллоев дар додгоҳ баёнот диҳад. Дар ин бора вакили дифои рӯзноманигор Сергей Майоров дар мурофиаи рӯзи 28 март хабар дод. Бино ба гузориши расонаҳо, муфаттишон мегӯянд, Абдуллоев маҳз бо дастури Солеҳ даст ба ҷинояткорӣ задааст. "Муҳаммад Солеҳ ба ман ҳамчун вакили дифои Абдуллоев бевосита муроҷиат карда, гуфт, рӯзноманигор ба амалҳое... Читать дальше...

Дархости номгузории яке аз маҳалҳои Ашт ба номи Тоҳири Абдуҷаббор

Ozodi.org 

Сокинони деҳаи Ашти ноҳияи Ашт хостори ба номи Тоҳири Абдуҷаббор гузошта шудани исми яке аз кӯчаҳои ин русто шудаанд. Дар як номаи дастаҷамъӣ сокинон аз раиси ҷамоат ба унвони намояндаи ҳукумати маҳаллӣ хоҳиш кардаанд, ки кӯчаи "Масҷиди сафед"-и деҳа ба номи як фаъоли сиёсию ҷамъиятии солҳои 1980-уми Тоҷикистон табдил шавад.

Талаби номгузорӣ шудани яке аз маҳалҳои Ашт ба номи Тоҳири Абдуҷаббор

Ozodi.org 

Сокинони деҳаи Ашти ноҳияи Ашт хостори ба номи Тоҳири Абдуҷаббор гузошта шудани исми яке аз кӯчаҳои ин русто шудаанд. Дар як номаи дастаҷамъӣ сокинон аз раиси ҷамоат ба унвони намояндаи ҳукумати маҳаллӣ хоҳиш кардаанд, ки кӯчаи "Масҷиди сафед"-и деҳа ба номи як фаъоли сиёсию ҷамъиятии солҳои 1980-уми Тоҷикистон табдил шавад.

Департаменти давлатии ИМА: Русия набояд аз худаш қурбонӣ тарошад

Ozodi.org 

"Русия набояд худро қурбонӣ нишон диҳад",- гуфт сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Ҳизер Нойерт дар шарҳи қарори Маскав оиди ихроҷи 60 корманди миссияи дипломатии Амрико аз Русия ва баста шудани консулгарии ин кишвар дар Санкт-Петербург. Қурбониҳои аслӣ, ба гуфтаи намояндаи Амрико, одамоне ҳастанд, ки дар бемористони Британия бистарӣ шудаанд ва табибону кормандоне, ки дар маҳалли таъсири силоҳи кимиёвӣ кор карданд ва акнун бояд муддати тӯлонӣ таҳти назорати табибон бимонанд. Ҳизер Нойерт номаи сафири ИМА дар Русия Ҷон Ҳантсменро хонд... Читать дальше...

Ихроҷи 60 дипломати амрикоӣ аз Русия ва баста шудани консулгарии Амрико дар Санкт-Петербург

Ozodi.org 

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи панҷшанбеи 29-уми март эълом кард, ки дар вокуниш ба тасмими Амрико 60 дипломати амрикоиро аз хоки Русия ихроҷ мекунад ва консулгарии Амрико дар шаҳри Санкт-Петербугр баста мешавад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *