Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Новости за 31.03.2023

Маслиҳати профессори тоҷик ба рӯзадорон. ВИДЕО

Ozodi.org 

“Хӯроки сахт, тунд (тез), боддор ва дорои моддаҳои зиёди кимиёӣ нахӯранд.” Профессор Ҷаҳони Азонзод тавсияашро барои рӯзадорон дар Тоҷикистон ин гуна сар кард. Ӯ мегӯяд, дар моҳи Рамазон истеъмоли баъзе аз маҳсулот маслиҳат нест, чун пайомади ногувор доранд.

Тавсияи профессори тоҷик ба рӯзадорон

Ozodi.org 

"Хӯроки сахт, тунд (тез), боддор ва дорои моддаҳои зиёди кимиёӣ нахӯранд." Профессор Ҷаҳони Азонзод тавсияашро барои рӯзадорон дар Тоҷикистон ин гуна сар кард. Ӯ мегӯяд, дар моҳи Рамазон истеъмоли баъзе аз маҳсулот маслиҳат нест, чун пайомади ногувор доранд.

Мардикорон ба ҷойҳои корӣ таваҷҷуҳ надоранд. Чаро?

Ozodi.org 

Дар назди яке аз мардикорбозорҳои Душанбе барои ним рӯз ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил карданд. Дар он садҳо ҷойи кор пешкаши корҷӯён шуд. Мушоҳида нишон дод, ки ҳатто мардикороне, ки ҷойи кори аниқ надоранд, барои пайдо кардани кор ба ярмарка намерафтанд.

Дар Маскав 21 муҳоҷири тоҷикро дастгир кардаанд

Ozodi.org 

Мақомоти шаҳри Маскав 21 муҳоҷири тоҷикро барои нақзи қоидаҳои будубош дастгир карда, бархеро ҷарима бастанд ва бархеро барои ихроҷ ба Тоҷикистон ба маркази “Сахарово” фиристоданд.

"Сафари туркманҳо ба хориҷа ҳар рӯз душвортар мешавад"

Ozodi.org 

Дар Туркманистон сафари шаҳрвандон ба хориҷ бо гузашти ҳар рӯз душвортар мешавад. Ин вазъият бозори миёнаравҳоро барои дарёфти виза ва билети ҳавопаймо гарм кардааст. Барои ин хадамот онҳо бештар аз 1000 доллар талаб мекунанд.



Кобул чӣ гуна ба дасти Толибон афтод? Таҳқиқи хуруҷи Амрико. ВИДЕО

Ozodi.org 

Раиси Кумитаи умури хориҷии Сенати Амрико талаб дорад, ки Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷӣ, санадҳоро дар бораи хуруҷи шитобкоронаи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон дар ихтиёри онҳо бигузорад.

Таҳқиқи хуруҷи Амрико аз Афғонистон

Ozodi.org 

Раиси Кумитаи умури хориҷии Сенати Амрико талаб дорад, ки Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷӣ, санадҳоро дар бораи хуруҷи шитобкоронаи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон дар ихтиёри онҳо бигузорад.

Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 муайян шуданд

Ozodi.org 

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) бар асоси қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола, ки 30-юми март дар Тайланд баргузор шуд, дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Австралия, Арабистони Саудӣ ва Чин бозӣ мекунад. Дар ҷараёни қуръакашӣ 16 даста ба чаҳор гурӯҳ – «А», «В», «С» ва «D», ки ҳар кадом аз чаҳор тими мунтахаб иборат аст, тақсим шуд. Бояд гуфт, пас аз натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон чаҳор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023, ки... Читать дальше...

Дар Туркманистон бо $5 млрд шаҳри нав месозанд

Ozodi.org 

Туркманистон барои бунёди шаҳре, ки ба хотири президенти пешин Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов сохта шуда буд, 5 миллиард доллар харҷ мекунад. Дар ин бора телевизиони "Фаронса 24" бо истинод ба мақомҳои расмии Туркманистон хабар додааст. Ин маблағ се баробар бештар аз арқоме аст, ки моҳи феврали соли 2020 расман эълом шуда буд. Телевизиони Фаронса бо истинод ба раиси Кумитаи давлатии сохтмони Туркманистон Дарёкелдӣ Оразов хабар дода, ки барои бунёди шаҳр дар марҳалаи якум 3,3 миллиард доллар ва дар... Читать дальше...

Эҳтимоли боздошти Доналд Трамп дар рӯзҳои оянда

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти пешини Амрико дар парвандаи пардохт "ҳаққи сукут" ё ҳаққи хомушӣ ба Сторми Дэниелс, як бозигари филмҳои шаҳвонӣ, расман муттаҳам мешавад. Дар ин бора ҳайати як додгоҳ дар Манҳаттани Ню-Йорк рӯзи панҷшанбеи 30-март раъй додааст.

Русия бо кумаки Чин "YouTube"-ро мебандад

Ozodi.org 

Маскав барои бастани портали "YouTube" дар Русия дар нимаи дувуми соли 2023 омодагӣ мебинад. Сомонаи русии "Октагон" бидуни зикри манбаъ хабар додааст, ки дар ин замина мутахассисони чинӣ ба Москва кумаки техникӣ мерасонанд. Ба гуфтаи рӯзноманигорон, 41 мутахассисе, ки аз Чин ба Русия рафтаанд, дар якҷоягӣ бо мутахассисони рус нақшаи бастани Ютубро таҳия мекунанд. Ютуб аз соли 2009 дар Чин баста аст. Чин дар раддабандии озодии Интернет, ки ҳамасола аз сӯи созмони байналмилалии "Freedom House" нашр мешавад, дар мақоми охирин қарор дорад. Читать дальше...

Занозании хунини қирғизистониҳо дар Москва

Ozodi.org 

Ҷасади шаҳрванди 17-солаи Қирғизистон Анвар Кубаничбек уулуро, ки дар Русия кушта шуда буд, ба ватан интиқол дода, 26 март дар зодгоҳаш, вилояти Норин ба хок супурданд. Ба гуфтаи наздикони Кубаничбек, ҷавони қирғизро, ки дар хонаи хешонаш дар Русия ба сар мебурд, чанд корд задаанд. Дар ин занозанӣ як шарики ӯ низ захмӣ шуда, ҳоло дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор дорад. Намояндагии Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар Русия 24 март иттилоъ дод, ки дар робита ба куштори Кубаничбек чаҳор қирғизистонӣ 20-ва 21-сола боздошт шудааст. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *