Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Октябрь
2023

Новости за 02.10.2023

Тоҷикистон ва Қирғизистон "протоколи ниҳоӣ" имзо кардаанд. Муҳтавояш норӯшан аст

Ozodi.org 

Раисони КДАМ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон баъд аз изҳороти баҳсбарангези Қамчибек Тошиев дар бораи сарҳад гуфтугӯ ва бино ба баъзе аз хабарҳо ба як санади ниҳоии ҳалли мушкилоти марзӣ имзо кардаанд. Мулоқот рӯзи 2-юми октябр дар ҳудуди вилояти Бодканд гузашт.

"Чаро дастони маро бастед?" Идомаи шикояти муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Перми Русия гуфтанд, маъмурони пулис рӯзи 29-уми сентябр онҳоро дар бозори мева латукӯб ва таҳқир кардаанд. Шикоятҳои ба ин монанд аз Маскав ҳам расид. Мақомот вазъиятро шарҳ надодаанд.

"Автобуси охирин” аз Қаробоғ ба Арманистон расид

Ozodi.org 

“Мавҷи муҳоҷирони иҷборӣ аз Қаробоғи Куҳӣ ба Арманистон дар рӯзҳои гузашта коҳиш ёфта, ин раванд ба интиҳои мантиқӣ расидааст", -- гуфт Назел Багдасарян, сухангӯи сарвазири Арманистон рӯзи якуми октябр.

Ахбори Озодӣ аз 2-уми октябри соли 2023

Ozodi.org 

Мухолифин мегӯянд, баъд аз эътирози онҳо дар Берлин, наздиконашон дар Тоҷикистон мавриди таъқиб қарор гирифтаанд; идомаи азияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия; назари донишманди ирландӣ дар бораи низоми таҳсилии олии Тоҷикистон ва медали биринҷии паҳлавони тоҷик дар Бозиҳои Осиё.

Аз дастоварди тоҷикон дар Бозиҳои Осиё розӣ ҳастед?

Ozodi.org 

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Чин беш аз 100 варзишгар шомил аст. Онҳо то ин дам 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) гирифтанд. Хабарнигори мо аз сокинон пурсид, ки аз натиҷаи ҳунарнамоии онҳо то куҷо розӣ ҳастанд.

Таъқиби муҳоҷирон дар Русия кам нашудааст

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Перми Русия мегӯянд, кормандони пулис дар бозори фурӯши мева онҳоро латукӯб ва таҳқир кардаанд. Айни чунин шикоятҳо аз Маскав ҳам расид.



"Яке худро тарконд, дигарӣ бо як тир нобуд карда шуд"

Ozodi.org 

Бомбгузории маргталабона дар шаҳри Анкара. Ҳодиса якуми октябр дар назди Вазорати корҳои дохилии Туркия рӯй дод. Дар натиҷаи он ду нафар кушта шуданд. Расонаҳои Туркия навиштанд, ки Ҳизби Коргарии Курдистон масъулияти таркишро ба уҳда гирифт.

Алишер Ҷалилов: Кӯшиш мекунем муқобили ситораҳои футболи ҷаҳонӣ бозии хуб нишон диҳем

Ozodi.org 

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозии даври дувуми марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24-ро бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад. Бозии даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “Е” миёни бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» 2-юми октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал»-и шаҳри Риёз соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 23:00 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад. Сарвони дастаи «Истиқлол» Алишер Ҷалилов дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ бо тими «Ал-Наср» ба хабарнигорон гуфт... Читать дальше...

Ду роҳхати варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Ҳангжоуи Чин дар риштаи бокс бомуваффақият ҳунарнамоӣ доранд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 гардиданд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *