Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Октябрь
2023

Новости за 27.10.2023

Намоишгоҳ ба соҳибкорони тоҷик чӣ медиҳад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Абубакр Содиқ Хон, соҳибкори покистонӣ, бо ҳадафи пайдо кардани шарикони тоҷикистонӣ ба намоишгоҳи байнулмилалӣ ба Душанбе омадааст. Ширкати ӯ ба истеҳсоли дору машғул аст. Мегӯяд, то ҳол ҳеч қарордоде имзо накард.

Намоишгоҳ ба соҳибкорони тоҷик чӣ медиҳад?

Ozodi.org 

Як намоишгоҳи байнулмилалӣ 26 октябр бо ҳузури беш аз 50 ширкати дохилӣ ва хориҷӣ дар Душанбе ифтитоҳ шуд. Дар онҷо маҳсулоти кишоварзӣ, бинокорӣ, нӯшоба, либос, ҳунарҳои дастӣ ва заргариро ба намоиш мондаанд. Тоҷирон онро фурсате барои ёфтани ҳамкорони хориҷӣ медонанд. То куҷо комёб хоҳанд шуд?

"Ин вазъ ба зарари мардуми одӣ аст" ВИДЕО

Ozodi.org 

Сокинон дар Тоҷикистон мегӯянд, пайомадҳои болоравии беисти нархи гази моеъро дар зиндагии худ эҳсос мекунанд. Ба қавли онҳо, ронандагон роҳкироро ба маротиб боло бурдаанд, на танҳо аз самти Душанбе ба минтақаҳои дигар, балки дар дохили пойтахт низ. Хадамоти зиддиинҳисорӣ вазъро шарҳ намедиҳад.



Паҳлавонони тоҷик дар Саудӣ се медал гирифтанд

Ozodi.org 

Паҳлавонони тоҷик дар Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ («World Combat Games 2023»), ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, дар мусобиқоти куреси қазоқӣ се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд

Боздошти номзади пешин ба мақоми президенти Қирғизистон

Ozodi.org 

Мақомоти амниятии Қирғизистон рӯзи 27-уми октябр хабар доданд, ки молики ширкати сохтмонии "КЖ групп" Имомиддин Ташовро дастгир кардаанд. Ӯ дар интихоботи президентии соли 2021 дар Қирғизистон яке аз номзадҳо буд ва 1,19 дарсад раъй гирифта буд.

Дар пушти гармии муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон чӣ меистад?

Ozodi.org 

Ба назар мерасад, яхи равобит байни Душанбе ва Теҳрон ба суръат дар ҳоли об шудан аст. Тоҷикистону Эрон чанд сол муносибати хуб надоштанд. Якдигарро ба «гум шудани пулҳо» ва «пуштибонӣ аз мухолифони исломӣ» гунаҳкор мекарданд.

Ҳамлаи Амрико "ба ду пойгоҳи Сипоҳи Эрон ва гурӯҳҳои вобаста ба он" дар Сурия

Ozodi.org 

Вазорати дифои Амрико эълон кард, артиши ин кишвар субҳи ҷумъаи 27-уми октябр дар вокуниш ба ҳамлаҳои паҳбодӣ ва мушакӣ ба нерӯҳои ин кишвар дар Ховари Миёна, ду пойгоҳи вобаста ба Сипоҳи посдорони Эронро дар шарқи Сурия ҳадаф қарор додааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *