Қирғизистон чанд масҷиду мадрасаро дар минтақаи марзӣ бо Тоҷикистон баст
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, 32 масҷид ва панҷ мадрасаро дар вилояти Бодканди ҳаммарз бо Тоҷикистон баст. Тасмим рӯзи 10-уми октябр эълом шуд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, 32 масҷид ва панҷ мадрасаро дар вилояти Бодканди ҳаммарз бо Тоҷикистон баст. Тасмим рӯзи 10-уми октябр эълом шуд.
Нахуствазири Арманистон аз ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил худдорӣ кардааст. Қарор аст ин нишаст 13-уми октябр бо ҳузури Владимир Путин дар шаҳри Бишкек баргузор шавад.
Писари як вакили порлумони Қазоқистон барои латту кӯби зану шавҳари ҳуқуқшинос Анна Димитриевич ва Олег Чернов ҷарима шуд.
Як намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Миллал аз шиддат гирифтани таниш дар Ховари Миёна нигаронӣ карда гуфтааст, Тоҷикистон "амалҳои хушунатомезро маҳкум мекунад". Амриёр Бобозода аз ҳеч кишвару гуруҳе ном набурд, вале чор рӯз аст, ки миёни гуруҳи "Ҳамос" ва Исроил ҷанг идома дорад.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) 10-уми октябр боздошти вакили пешини порлумон ва молики бозори "Мадина"-и шаҳри Бишкек Турсунбой Салимовро шарҳ дод. КДАМ гуфт, ки Салимов дар "Ташкили гуруҳи ҷиноӣ ва ё иштирок дар он" айбдор мешавад.
Вазорати дифои Исроил гуфт, артиш дар рӯзи севуми баъд аз ҳамлаи ҲАМОС тавонистааст, назоратро дар тамоми минтақаҳои аҳолинишини ғасбшудаи ин кишвар дубора ба даст гирад. Дар муноқиша байни ду тараф то кунун бештар аз 1500 нафар кушта шудаанд.
Ширкати сингапурии TikTok PTE LTD рӯзи 5 октябр ҳамчун андозсупоранда дар мақомоти андози Узбекистон сабти ном шудааст. Акнун ҳангоми пардохти харҷи хидматрасонии ширкат 12 дарсад андоз ситонида мешавад.
Хабарҳо дар бораи мулоқоти раиси порлумони Қирғизистон Нурланбек Шакиев дар Белорус бо президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев воқеият надорад, гуфт сухангӯи порлумон Олтинбек Деркембоев.
Блогери узбекистонӣ Абдуқодир Муминовро, ки дар боздоштгоҳи №1-и Департаменти иҷрои ҷазои Узбекистон нигаҳ дошта мешавад, 9-уми октябр барои 10 рӯз ба утоқи ҷаримавӣ бурдаанд. Дар ин бора модари блогер Сабоҳат Абдуллоева хабар дод.
Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷасади як сарбози Горди миллиро бо захми тир пайдо кардаанд. Дар хадамоти матбуотии Горди миллии Қазоқистон гуфтанд, ки "сарбоз худро аз ноҳияи сар парондааст".
Мақомоти Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аз шаҳрвандони худ дар Исроил хостанд, дар рӯзҳои низоъ ба ҷойҳои амн паноҳ баранд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин замина расман чизе нагуфтаанд.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Рустам Турдиевро то 4-уми декабри имсол ба ҳабс гирифтааст. Расонаҳо навиштаанд, ӯ қудои Қамчӣ Колбоев, соҳибнуфузи кушташудаи олами ҷиноии Қирғизистон аст.
Як намояндаи ИМА гуфтааст, кишварҳое, ки аризаҳои паноҳандагии мунаққидони ҳукумати Тоҷикистонро дарёфт мекунанд, бояд дар назар дошта бошанд, ки ин афрод дар ватани худ бо хатари шиканҷаву бадрафторӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Сармуҳаррири нашрияи "Сариағаш инфо"-и вилояти Туркистони Қазоқистон Амонкелдӣ Батирбеков бо ҷурми “туҳмат” дубора 20 шабонарӯз ҳабс шудааст.
Вазорати дифои Исроил гуфт, артиш дар рӯзи севуми баъд аз ҳамлаи ҲАМОС тавонистааст, назоратро дар тамоми минтақаҳои аҳолинишини ғасбшудаи ин кишвар дубора ба даст гирад.
Фуад Реда, ҷарроҳе аз Лубнон ним сол пеш барои гузарондани ҷарроҳиҳои пластикӣ ба Тоҷикистон омад. Мегӯяд, солҳои ахир таваҷҷуҳи мардум ба тағйири симо дар кишвар зиёд шудааст. Ҳарчанд баъзе руҳониён ин корро нодуруст гуфтаанд.
Дар Тоҷикистон истифода аз ҷарроҳии пластикӣ торафт маъмул мешавад. Занону мардон барои бартараф кардани нуқсе дар бадан ва ё онҳое, ки аз симои худ розӣ нестанд, огоҳона зери теғи ҷарроҳ мераванд. Бо таваҷҷӯҳ ба гарм будани ин бозор, ҳамакнун ҷарроҳони хориҷӣ низ ба Тоҷикистон меоянд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар даври дувуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» тими Фаластинро бо ҳисоби 6:1 шикаст дод, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кард.
Узбекистон парвози ҳавопаймоҳоро ба Исроил, ки дар вазъияти ҷангӣ қарор дорад, қатъ накардааст. "Парвозҳо аз Исроил ба Узбекистон то имрӯз манъ нашудаанд. Онҳое, ки хоҳиши рафтанро доранд, метавонанд билети ҳавопайморо харидорӣ ва парвоз кунанд. Дар бораи тағйирот хабар дода мешавад", - омадааст дар хабари сафорати Узбекистон дар Тел-Авив. Тибқи ҷадвали ширкати ҳавопаймоии "Узбекистон хаво йуллари", ҳавопаймҳои ширкат рӯзҳои 10, 12 ва 15 октябр аз Тел-Авив ба шаҳри Тошканд парвоз мекунанд. Читать дальше...