Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Октябрь
2023

Новости за 20.10.2023

Гузоришгари СММ дар умури ақаллиятҳо: "Дар Тоҷикистон пешравӣ ҳаст, вале хеле кам" ВИДЕО

Ozodi.org 

Фернан де Варен, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ақаллиятҳо ё камшуморон, ёздаҳ рӯз дар Тоҷикистон буд. Ӯ бо намояндагони ҳукумат ва ақаллиятҳои гуногун суҳбат дошт. Радиои Озодӣ дар мусоҳибае рӯзи 19-уми октябр аз Фернан де Варен хулосаи сафар ва мулоқоташро пурсид.

Гуфтугӯ бо гузоришгари СММ дар умури ақаллиятҳо

Ozodi.org 

Фернанд де Варен, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ақаллиятҳо ё камшуморон, ёздаҳ рӯз дар Тоҷикистон буд. Ӯ бо намояндагони ҳукумат ва ақаллиятҳои гуногун суҳбат дошт. Радиои Озодӣ дар мусоҳибае рӯзи 19-уми октябр аз Фернанд де Варен хулосаи сафар ва мулоқоташро пурсид.

Ҷанг дар Ғазза идома дорад, "вазъ бадтар мешавад". ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҷанги байни Исроил ва гуруҳи фаластинии "Ҳамос" ду ҳафта боз идома дорад. Ҳамлаҳои пайдарҳам ба Навори Ғазза боис ба тахриби мактабу бемористонҳо ва овора шудани садҳо ҳазор кас гардидааст. Созмонҳои имдодрасон аз камбуди дору ва сӯзишворӣ ҳушдор медиҳанд.

Дар душанбе осорхонаи ҳунарпешаи маъруфро боз карданд

Ozodi.org 

Сӯзаниву ҷома, фаранҷиҳои қадимиву ороишоти занонаи миллӣ, аксу нигораҳо бахше аз осорхонаи хусусии ҳунарпешаи маъруфи тоҷик, зиндаёд Ҳабибулло Абдураззоқовро ташкил додаанд. Дар Душанбе бо талоши пайвандони ин ҳунарпешаи театру синамо маросими ифтитоҳи осорхонаи хусусии ӯ баргузор шуд.

Ҷанг дар Ғазза идома дорад, вазъ бадтар мешавад

Ozodi.org 

Идораи ҳамоҳангсози кумакҳои башарии СММ имрӯз гуфт, ки бо тамоми ҷонибҳои даргири байни Исроил ва Ҳамос дар муколама аст, то амалиёти имдод ба минтақаи Ғаззаро ҳарчи зудтар оғоз кунанд. Айни замон, вазъи беморхонаҳои Ғазза фалокатбор боқӣ мемонад.

Ду маъмури милисаро дар Кӯлоб ҷазо медиҳанд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ ду маъмури милисаро латукӯби як сокини ноҳия боздошт кардаанд. Ҳодиса моҳи август рӯй дода, боздошти капитан Шамсиддин Саидзода ва майор Фахриддин Ҳакимзода ҳафтае пеш сурат гирифт. Додситонӣ ба зидди онҳо ба иттиҳоми “баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ” парванда кушодааст.



Рӯзҳои талх ва шабҳои сарди осебдидагон дар Ҳирот

Ozodi.org 

Сокинони аз зилзила осебдида дар вилояти Ҳироти Афғонистон мегӯянд, шабҳои сарду тоқатфарсоро сипарӣ мекунанд ва ба ёриҳои фаврӣ ниёз доранд. Баъзе аз ниҳодҳои байнулмилалӣ ёриҳоро ба зилзилазадаҳо фароҳам кардаанд, аммо ин кумакҳо дар пеши зарари расида андак аст. Мақомоти Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ба мардуми осебдидаи Ҳирот ёрии башардӯстона фиристоданд.

Самеъ Содот ва ҳамроҳонаш. Ҷабҳаи дигари зидди Толибон

Ozodi.org 

Баъзе аз низомиёни пешини Афғонистон бо ҳадафи “раҳоӣ, берун рондани гуруҳҳои ифротӣ ва рифоҳи мардум” бар зидди ҳукумати “Толибон” гурӯҳи нав таъсис додаанд. “Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон” рӯзи 19-уми октябр дар Вашингтон муаррифӣ шуд.

Муаллифи видеои Симиганҷро боздошт кардаанд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Ваҳдат Шаҳбози Шарифбек ҷавонеро боздошт карданд, ки бо нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегуфт, бибии 82-солаашро милисаҳо латтукӯб кардаанд. Мақомот мушахассоти айбномаро нагуфтанд, вале пеш аз боздошт ӯ дар наворе аз амалкарди сохторҳои интизомӣ шикоят кард.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *