Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Октябрь
2023

Новости за 06.10.2023

Корти сабз - роҳе, ки садҳо кас мехоҳад ба Амрико равад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар рӯзи аввали сабти ном барои ширкат дар озмуни "Green Card" ё корти сабзи Амрико назди бархе марказҳо дар Душанбе навбатпоӣ буд. Даҳҳо нафар бо умеди пайдо кардани ҷойи кори хуб талош мекунанд бо ин роҳ худро ба ИМА расонанд.

Ахбори Озодӣ аз 6-уми октябри соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Қирғизистон сарбозони тоҷикро бо нону намак пешвоз гирифт, дар Русия марҳилаи дуюми амалиёти "нелегал 2023" оғоз ёфтааст, шарҳи ҳуқуқшинос дар бораи афви хонаҳои беҳуҷҷат, куштори "пешвои олами ҷиноӣ"-и Қирғизистон ва нашри китоб бо ғалат дар Тоҷикистон.

Сафири Русия гуфт, дар Тоҷикистон 120 ҳазор мактабхон ба русӣ таҳсил мекунанд

Ozodi.org 

Дипломати баландпояи Русия гуфт, дар Тоҷикистон 120 ҳазор шогирд дар мактаб ба забони русӣ таҳсил мекунад ва боқимондаҳо ин забонро дар доираи барномаи таълимӣ меомӯзанд. Семён Григорев, сафири Русия ин нуктаро рӯзи 6 октябр дар конфронсе дар мавзӯи таҳсили гуногунзабона дар Тоҷикистон  баён кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Дар Тоҷикистон  60 мактаб пурра ба забони русӣ таълим медиҳанд ва 178 мактаб соҳиби синфҳои русӣ ҳастанд. Дар маҷмӯъ онҳо 120 ҳазор шогирдро фаро мегиранд». Ӯ гуфт, дар мактабҳои... Читать дальше...



Даргузашти донишманди тоҷик Муртазо Зайниддинзода

Ozodi.org 

Муртазо Зайниддинзода, номзади илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сини 65-солагӣ даргузашт. Шогирдону ҳамкоронаш бо ҳамдардӣ аз марги ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки қалби ин олими тоҷик бегоҳии 5-уми октябр дар беморхонаи маъруф ба "Медгородок" аз тапидан бозмонд. Маросими ҷанозаи Муртазо Зайниддинзода, имрӯз, 6-уми октябр дар зодгоҳаш шаҳри Исфара баргузор мешавад. Дар бораи сабаби марги ӯ расман чизе гуфта нашудааст. Ҳафиз Раҳмон, яке аз ҳамкорони Муртазо Зайниддинзода дар саҳифаи фесбукии худ навиштааст... Читать дальше...

Як зани "далла" аз Уммон ба Узбекистон истирод шуд

Ozodi.org 

Бюрои миллии Интерполи вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабар дод, ки аз шаҳри Маскати Уммон занеро бо гумони тиҷорати одамон боздошт ва ба Узбекистон овардаанд. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, боздошти гумонбар бо кӯмаки мақомоти интизомии Уммон сурат гирифтааст. Нафари таҳти ҷустуҷӯ соли 2022 "дар якҷоягӣ бо дигарон, бо роҳҳои фиреб, бо ваъдаи даромади зиёд ва зиндагии хуб дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Уммон, занонро ба хориҷ бурдааст". Баъди расидан ба Уммон, гумонбар шиносномаҳои ҷабрдидаҳоро мусодира карда... Читать дальше...

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар Душанбе доир мегардад

Ozodi.org 

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар риштаи футзал дар гурӯҳи «Е» рӯзҳои 7-11-уми октябр дар шаҳри Душанбе бо ширкати чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ - Тоҷикистон, Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон - баргузор мешавад. Дастаҳо барои роҳхат ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё мубориза мебаранд.

​​​​​​​“Равшан” бозиро бо “Алтин Асир” мусовӣ кард

Ozodi.org 

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бозии дувумашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» дар меҳмонӣ бо бошгоҳи «Алтин Асир»-и Туркманистон бо ҳисоби баробари 1:1 анҷом дод.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *