Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Октябрь
2023

Новости за 16.10.2023

Вазири дифои Эрон барои баррасии ҳамкориҳои низомӣ ба Душанбе меояд

Ozodi.org 

Вазири дифои Эрон Муҳаммадризо Оштиёнӣ дар сафаре ба Тоҷикистон ҳамкориҳои низомии ду кишварро бо мақомти тоҷик баррасӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи хабаргузории "Меҳр", Оштиёнӣ дар садри як ҳайат рӯзи сешанбеи 17-уми октябр вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад.

Қарори ҳукумат нархи мошинро дар Тоҷикистон боло бурд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Баъди ду ҳафтаи манъ шудани вуруди мошинҳои бароришашон то соли 2013 ба Тоҷикистон, сокинон аз болоравии нарх дар бозори нақлиёт шикоят доранд. Тоҷирон мегӯянд, мардум тавони харидани мошинҳои навро надоранд ва барои ҳамин талабот ба мошинҳои куҳна зиёд шудааст.

Паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии куштии камарбандӣ 12 медал гирифтанд

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи куштии камарбандӣ миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 12-15-уми октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, 12 медал (як нишони тилло, шаш нуқра ва панҷ биринҷӣ) гирифтанд

Ятимов ва Тошиев дигарбора масъалаи марзро баррасӣ кардаанд

Ozodi.org 

Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон вохӯрда, масъалаи ҷанҷолии марзро баррасӣ кардаанд. Дидори Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, раисони КДАМ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон 16-уми октябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор шуд.



Таркиши автобус дар Узбекистон. 4 кас осеб дидааст

Ozodi.org 

Дар таркиши як автобус дар ноҳияи Мубораки вилояти Қашқадарёи Узбекистон чор кас осеб дидааст. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон хабар дод, ки ҳодиса 15-уми октябр дар шоҳроҳи "Қаршӣ-Бухоро", дар ҳудуди ноҳияи Муборак рух додааст.

Натиҷаҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ. Пешрафт кадом ва иштибоҳ чӣ буд?

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик Бозиҳои 19-уми осиёиро бо ҳафт медал (ду тило, як нуқра ва чаҳор биринҷӣ) ба поён расонданд. Бозиҳо аз 23-юми сентябри имсол то 8-уми октябр дар Чин гузашт. Иддае ҳунарнамоии варзишгарони тоҷикро хубу кофӣ медонанд, вале бархе бовар доранд, ки аз зарфияту тавоноии онҳо пурра истифода нашуд. Шореҳи варзиши Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф ин масъаларо бо мутахассисони соҳа дар як мизи гирд дар миён гузошт. Суҳбату хулосаи онҳоро дар навор бинед.

Байден гуфт, "Ҳамос" бояд нобуд шавад, аммо ишғоли Ғазза "иштибоҳ" аст

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Амрико дар мусоҳиба бо телевизиони CBS гуфтааст, гуруҳи "Ҳамос" бояд нобуд карда шавад. Дар айни замон Ҷо Байден ишғоли комили Навори Ғазза аз сӯи Исроилро "иштибоҳи калон" хонд, аммо гуфт, нобудсозии "Ҳамос" ва "Ҳизбуллоҳ" "талаботи зарурӣ" аст.

Қазоқистон аз соли 2024 истеҳсоли дронҳои туркиро ба роҳ мемонад

Ozodi.org 

Истеҳсоли бесарнишинҳои туркии "Anka" соли оянда дар Қазоқистон ба роҳ монда хоҳад шуд. Дар ин бора расонаҳои қазоқистонӣ бо такя ба Эррол Оғуз, як намояндаи ширкати туркии Turkish Aerospace Industries (TAI) хабар медиҳанд. "Мо ҳадаф гузоштаем, ки на танҳо истеҳсолро ба роҳ монем, балки таҷриба ва технологияро ҳам дар ихтиёри Қазоқистон гузорем, то ин ки ин кишвар дар оянда мустақилона дастгоҳҳои бесарнишин истеҳсол кунад", - гуфтааст Оғуз. Шартномаи истеҳсоли дастгоҳҳои бесарнишини туркӣ... Читать дальше...

Боздошти 3 тан дар Бишкек, ки мехостанд қасоси Қамчӣ Колбоевро бигиранд

Ozodi.org 

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) хабар дод, ки дар шаҳри Бишкек се шаҳрванди Узбекистонро боздошт кардааст. Ба иттилои КДАМ, онҳо бо ҳадафи қасосгирӣ аз марги соҳибнуфузи ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев ба Қирғизистон рафтаанд. КДАМ мегӯяд, "се қотили зархарид марзи Қирғизистонро бо Узбекистон ғайриқонунӣ убур кардаанд". "Ҳангоми боздошт маълум гардид, ки онҳо дар куштори чанд шаҳрванд гумонбар ҳастанд ва дар ҷустуҷӯ қарор доранд" - омадааст дар хабари КДАМ. Инҳо: Каримбердиев Ойбек Аббас уулу... Читать дальше...

Қирғизистон аз обанбори Киров ба Қазоқистон об медиҳад

Ozodi.org 

Интиқоли об аз обанбори Киров, ки дар вилояти Таласси Қирғизистон ҷойгир аст, ба вилояти Ҷамбили Қазоқистон шуруъ шудааст. Дар ин бора расонаҳои Қазоқистон бо такя ба вазири захираҳои об ва обрасонии он кишвар Нуржан Нуржигитов хабар додаанд. "Замоне, ки дастрасии Қазоқистон ба об маҳдуд буд, дар обанбор ба миқдори кофӣ об ҷамъ шудааст, ки акнун ба Қазоқистон интиқол дода мешавад", - гуфтааст Нуржигитов. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ба далели камобии соли ҷорӣ дар обанбори Киров дар сӣ соли охир миқдори ниҳоят ками об захира шудааст. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *