Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Октябрь
2023

Новости за 30.10.2023

Вуруди 33 мошини ҳомили кумакҳои башардӯстона ба Ғазза

Ozodi.org 

Бузургтарин корвони кумакҳои башардӯстона, ки аз 33 мошини боркаш иборат буд, рӯзи якшанбе вориди навори Ғазза шудааст. Мошинҳо ба сокинони Фаластин, ки таҳти назорати гуруҳи "Ҳамос" қарор дорад, ғизо, об ва дору интиқол доданд. Бино ба иттилои СММ, аз 21 октябр то ҳол тавассути гузаргоҳи Рафаҳи Миср ҷамъан 117 мошини боркаш ба Ғазза кумаки башардӯстона интиқол додааст. Исроил ҳамлаҳои ҳавоиро ба Ғазза пас аз ҳуҷуми густурда ва ғофилгиронаи гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” дар рӯзи 7-уми октябри имсол оғоз кард. Читать дальше...



"Розием, ки аз ҳисоби худ "депорт" шавем." Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз Екатеринбург

Ozodi.org 

Беш аз 20 муҳоҷири тоҷик, ки дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Екатеринбурги Русия нигаҳдорӣ мешаванд, аз шароити баду ғайриқобили зист шикоят карданд.

Боғдорон дар ҷануби Тоҷикистон аз фаровонҳосилӣ гуфтанд, харидорон аз гаронӣ

Ozodi.org 

Дар ноҳияи кӯҳистонии Шамсиддин Шоҳин, Шӯроободи собиқ имсол ҳосили себ назар ба солҳои гузашта фаровонтар шудааст. Ҳоло харидорон аз саросари Тоҷикистон барои хариди ин меваи хуштаъм ба ноҳия меоянд, ки боғпарварӣ яке аз манбаъҳои асосии даромади мардуми кишоварзи он аст.

Қирғизистон хатарноктарин кишвар дар Осиёи Миёна барои занон

Ozodi.org 

Қирғизистон бори дигар хатарноктарин кишвар барои занон дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ унвон шуд. Бино ба рейтинги WPS (Шохиси сулҳ ва амният барои занон ), ки ҳафтаи гузашта нашр шуд, Қирғизистон дар мақоми 95 қарор гирифтааст. Дар гузориш омадааст, ки теъдоди занон дар ниҳодҳои давлатӣ дар Қирғизистон аз 20 дарсад бештар нест ва 13% занони қирғизистонӣ аз сӯи наздиконашон хушунат мебинанд. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ болотарин мақом - 58-ро Туркманистон соҳиб шудааст. Дар ҷойи дувум... Читать дальше...

Ҷабҳа мегӯяд, 6 узви Толибонро дар Нуристон кушт

Ozodi.org 

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, шаш узви Толибонро дар як ҳамла дар Нуристон куштааст. Ин гурӯҳи зидди Толибон рӯзи якшанбе бо нашри эъломияе дар шабакаи X (Твиттери пешин) гуфт, ки ҳамла дар ноҳияи Дуоб шаби шанбе ба якшанбе сурат гирифт. Тибқи ин эъломия, фармондеҳ Муҳиб, аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ дар ҷараёни даргирӣ кушта шудааст. Ин эъломия мегӯяд, "як фармондеҳи маҳаллии Толибон бо понздаҳ тан аз афродаш ба сафи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пайвастанд". Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *