Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2017

Новости за 12.12.2017

Имоме дар Тошканд: "Мансабдорону рӯҳониён бояд соҳибкорӣ кунанд"

Ozodi.org 

Як рӯҳонии узбак, ки бо изҳороти баҳсбарангезаш маъруф аст, дар пешниҳоди наве гуфт, мақомдорони давлатӣ бояд соҳиби тиҷорати хусусии худ бошанд. Шермурод Тоғай, имоми масҷиди “Тинҷлик” дар шаҳри Тошканд, гуфт, ки аз ин тариқ мешавад аз порагирии мақомдорон ҷилавгирӣ кард.

“Алтин Асир” – рақиби “Истиқлол” дар Ҷоми AFC-2018

Ozodi.org 

Боз як рақиби қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе – дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиюни футболи Осиё) -2018 дар гурӯҳи «D»-и минтақаи Марказӣ маълум шуд. Ин даста «Алтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, мебошад.

Тоҷикистону Узбакистон дар футзали Осиё-2018 рақобат мекунанд

Ozodi.org 

​Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018, ки аз 1 то 11-уми феврали соли 2018 дар Тайбэйи Чин баргузор хоҳад шуд, дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Узбакистон, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунад.

Сокинони 8 деҳаи Кӯҳистони Мастчоҳ: "Аз ҷаҳон бурида шудем"

Ozodi.org 

Сокинони ҳашт рустои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ гуфтанд, ки наздики як моҳ боз бе иртиботи мобилӣ монда, "аз ҷаҳони берунӣ канда шудаанд". Дар ин рустоҳо тақрибан 250 хонавода зиндагӣ мекунад. Онҳо барои суҳбатҳои телефонӣ маҷбуранд, ки ҳар рӯз то 7 километр роҳи хатарбори куҳиро тай намоянд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *