Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2017

Новости за 25.12.2017

NGH-ро манъ карданд, одамон бекор монданд

Ozodi.org 

Ассотсиатсияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз бекор мондани даҳҳо мутахассиси бахши хизматрасонии NGN-и ширкатҳои мобилӣ, нигаронӣ кардааст. Раҳбари ин ассотсиатсия мегӯяд, ки баста шудани фаъолияти NGN, боиси зарари молии ширкатҳо ва ҳам аз даст додани кадрҳо мешавад.

Демократҳои тоҷик раис интихоб карданд ва насиҳат шуниданд

Ozodi.org 

Саидҷаъфар Усмонзода (Саидҷаъфар Исмонов), вакили порлумон, рӯзи 23-юми декабр дигарбора раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуд. Вай аз моҳи декабри соли 2012 ба ин тараф расман раёсати ҳизбро бар дӯш дорад.

Назарбоев: "Дар бораи Қирғизистон бад нагуфтам". ВИДЕО

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар мулоқот бо раиси ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков, ки рӯзи 25 декабр бо як сафари расмӣ вориди Остона шуд, гуфт, ки омода аст масоили мавриди баррасии кишвари ҳамсояро ҳаллу фасл кунад.

Кӯдакони қочоқшударо Эрон баргардонд

Ozodi.org 

Инҳо кӯдакони афғоне ҳастанд, ки аз Эрон ихроҷ шудаанд ва онҳоро ба инҷо урдӯгоҳи Ансор дар вилояти Ҳирот овардаанд. Кӯдакони афғонро қочоқбарон барои интиқоли маводи мухаддир ва эҳтимолан фурӯши аъзои баданашон ба Эрон бурдаанд.

Таронаи Садриддин барои кӯдакони Роҳинҷа

Ozodi.org 

Садриддин Наҷмиддин, сарояндаи шинохтаи тоҷик дар бораи тифлони фирории қавми роҳинҷа аз Мянмар ба Бангладеш, оҳангеро иҷро кардааст. Ин суруд, ки "Тифли Мянмар" ном дорад, рӯзи 25-уми декабр дар шакли савтӣ пахш шуд.

Назарбоев гуфт, ҳеҷ гоҳ дар бораи Қирғизистон бад нагуфтааст

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар мулоқот бо раиси ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков, ки рӯзи 25 декабр бо як сафари расмӣ вориди Остона шуд, гуфт, ки омода аст масоили мавриди баррасии кишвари ҳамсояро ҳаллу фасл кунад.



Киев ва ҷудоиталабон ба табодули зиндониҳо тавофуқ карданд

Ozodi.org 

Мақомоти Украина ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия ба тавофуқи табдили зиндониҳо даст ёфтанд, ки қарор аст рӯзи 27 декабр баргузор шавад ва ин калонтарин амалиёте ба ин манзур хоҳад буд. Ин изҳорот рӯзи 25 декабр аз забони ҷудоиталабон ва ҳам як намояндаи давлати Украина, ки тавассути телевизион ва баъди мулоқот дар Маскав сӯҳбат мекард, ҳосил шуд. Музокирот бо миёнҷигии раҳбари калисои Ортодокси Русия Падар Кирилл дар роҳибхонаи Свято-Данилови Маскав баргузор шуд. Дар идомаи рӯз Ирина Ҳерашенко,... Читать дальше...

Маргталабе худро дар назди оҷонсии иттилооти Афғонистон тарконд

Ozodi.org 

Як маргталаб дар Кобул субҳи 25 декабр худро дар наздикии сохтмони Оҷонсии иттилооти миллии Афғонистон мунфаҷир кард. Дар натиҷа, шаш мушкӣ кушта шудааст, гуфтанд мақомоти амниятӣ.  Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати дохилии Афғонистон гуфт, ҳодиса дар маҳаллаи Абдулҳақ рух дод: “Имрӯз соати 7:40 субҳ як маргталаб худро бо камарбанди дорои маводи тарканда мунфаҷир кард. Ин ҳодиса дар кӯчаи асосии Шоҳдарак рух дод”. Нусрат Раҳимӣ гуфт, ки ин макон наздик ба даромадгоҳи Раёсати милии амният мебошад. Читать дальше...

Як "раҳбари ДИИШ" дар Тоҷикистон 20 сол зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

​Додгоҳи вилояти Хатлон Умар Мирзоев, сокини 26-солаи шаҳри Душанбе, ки аз ӯ ҳамчун таъсисдиҳандаи як шохаи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Тоҷикистон ном бурда мешавад, ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Манобеъ: Ронандаи автобус аз ӯҳдаи идораи мошин набаромад

Ozodi.org 

Дар шаҳри Маскав автобусе ба сӯи издиҳоми мардум ҳаракат кард ва аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, панҷ нафар кушта шудааст. Ҳодиса дар хиёбони Кутузовский рух дод. Автобус ба даромадгоҳи роҳи зеризаминии истгоҳи метрои "Славянский бульвар" ҳаракат кардааст. Феълан дар бораи ҷароҳати 15 нафар гузориш мешавад.  Хабаргузориҳои русӣ менависанд, ки автобуси мусофирбар марбут ба  ширкати нақлиётии Одинсово мебошад. Зоҳиран, ронанда дар шароити биниши мушкил ва намии зиёд аз ӯҳдаи рондани мошин набаромад ва ба самти иштибоҳӣ ҳаракат кард. Читать дальше...

Ҷеенбеков вориди Остона шуд

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков сафари расмии худро ба Қазоқистон шурӯъ кард ва ин сафар дар шароите мегузарад, ки равобити ду кишвар чандон хуб нест. Ҷеенбеков, ки баъд аз зӯҳри 25 декабр вориди Остона шуд, қарор аст бо президент Нурсултон Назарбоев ва нахуствазир Бакитҷон Сағинтоев дидору гуфтугӯ кунад. Робитаҳои ду кишвар баъди он бад шуд, ки президенти собиқ Алмобсбек Отамбоев Қазоқистонро дар мудохила ба умури интихоботии Қирғизистон айбдор кард ва Назарбоевро як президенти солхӯрда номид. Читать дальше...

Таронаи Садриддин барои кӯдакони Роҳинҷа. САДО

Ozodi.org 

Садриддин Наҷмиддин, сарояндаи шинохтаи тоҷик дар бораи тифлони фирории қавми роҳинҷа аз Мянмар ба Бангладеш, оҳангеро иҷро кардааст. Ин суруд, ки “Тифли Мянмар” ном дорад, рӯзи 25-уми декабр дар шакли савтӣ пахш шуд.

Интиқоли урани Қазоқистон ба Эрон ба таъхир афтод

Ozodi.org 

Ширкати "Казатомпром" интиқоли уранро ба Эрон то дарёфти иҷозати шаш абарқудрати ҷаҳонӣ - ширкатдорони созишномаи ҳастаӣ бо Теҳрон - ба таъхир гузошт, менависанд рӯзи 25 декабр расонаҳои хориҷӣ. Созишномаи абарқудратҳо бо Эрон дар соли 2015 имзо шуда буд. Теҳрон дар ивази маҳдуд кардани барномаҳои ҳастаияш коҳиши таҳримҳои байналмилалиро ба даст овард. Раиси "Казатомпром" Галимҷон Пирматов дар нишасти хабарии 21 декабр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гуфт, ки интиқоли уран ба Эрон танҳо дар сурати ризоияти Бритониё... Читать дальше...

Алишер Усмонов харҷи ҳунарнамоии Энрике Иглесиасро мепардозад

Ozodi.org 

28 декабр дар Қасри санъати "Истиқлол"-и шаҳри Тошканд яке аз машҳуртарин сарояндаҳои Испания Энрике Иглесиас ҳунарнамоӣ мекунад. Харҷи ҳунарнамоии Иглесиасро олигархи узбактабори Русия Алишер Усмонов мепардозад. Вазорати фарҳанги Узбакистон ва Иттиҳоди ҷавонони ин кишвар ҳамроҳ бо чанд созмони дигар билетҳои консерти мазкурро миёни ҷавонони боистеъдоди узбак ройгон тақсим мекунанд. Ба ҷуз ин, ҷавонони муассисаҳои таълимии гуногун, ки дар таҳсил ба дастовардҳо мушарраф шудаанд, низ метавонанд ба консерт роҳ ёбанд. Читать дальше...

ИМА аз коҳиши буҷаи СММ истиқбол мекунад

Ozodi.org 

ИМА аз коҳиши буҷаи асосии СММ барои солҳои молиявии 2018-19 истиқбол кард ва онро "қадами бузурге дар масири дуруст" номид. Буҷаи СММ дар ҳаҷми 285 миллион доллар коҳиш ёфт. 24 декабр Маҷмааи умумии СММ буҷаи 5,396 миллиард доллариро барои ду соли оянда қабул кард. Ин миқдор маблағ дар қиёс ба буҷаи солҳои 2016-17 285 миллион доллар кам аст. ИМА мисли пешин яке аз кумаккунандагони асосии СММ аст ва 22 дарсади буҷаи асосии СММ таъмин мекунад. "Бар иловаи сарфаи маблағ мо ҳамчунин шумори ҷойҳои кориро кам кардем... Читать дальше...

Нахустин консерти хайрия ба хотири кӯмак ба Диёрбек

Ozodi.org 

Рӯзи 26 декабр дар шаҳри Хуҷанд дар муассисаи давлатии Кохи Рӯдакӣ  нахустин консерти хайрия ба хотири ҷамъоварии маблағ ва пуштибонии молии писари овозхон Дилноза Каримова баргузор мешавад. Дар ин консерт қарор аст ҳаҷвнигорони маҳаллӣ, гурӯҳҳои эҷодии театрӣ ҳунарнамоӣ кунанд. Ба иттилои Зайниддин Каримов, бародари Дилноза Каримова, дар маҷмӯъ дар Хуҷанд то 13 январ се консерти дигари хайрияи ҳунармандон вилояти Суғд (рӯзҳои 28 декабр, 4 ва 13 январ) ташкил шавад. Консерти хайрияи шаҳри Душанбе... Читать дальше...

Ҳудҳуд -- рамзи кӯҳсори Тоҷикистон дар соли 2018

Ozodi.org 

Шонасарак ё ҳудҳуд дар як пурсиши Анҷумани дӯстдорони табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон, рамзи кӯҳсори Тоҷикистон дар соли 2018 интихоб шудааст. Ин интихоб ба хотири кӯмак дар ҳифзу нигаҳдории ин навъи парранда анҷом шудааст.

Ҳудҳуд -- "Паррандаи сол" ва рамзи кӯҳсор. ВИДЕО

Ozodi.org 

Шонасарак ё ҳудҳуд дар як пурсиши Анҷумани дӯстдорони табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон рамзи кӯҳсори Тоҷикистон дар соли 2018 интихоб шудааст. Ин интихоб ба хотири кӯмак дар ҳифзу нигаҳдории ин навъи парранда анҷом шудааст.

Ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳо бо Туркия эълон шуд. САДО

Ozodi.org 

Ҳусейн Шодиев, сармураббии тими мунтахаби футзали Тоҷикистон, ҳайати дастаашро дар ду бозии дӯстона бо мунтахаби Туркия, ки рӯзҳои 26-ум ва 27-уми декабр дар Душанбе баргузор мешаванд, эълон кард.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *