Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2017

Новости за 27.12.2017

Дар Исфара аз Вандам хостанд, номашро дигар кунад

Ozodi.org 

Вандам Абдукабирзода ҷавони 17-солаи тоҷик аз ноҳияи Исфара имсол мисли дигар ҳамсолонаш барои гирифтани шиноснома ба мақомот муроҷиат кард. Аммо вақте ба идораи шиносномадиҳӣ рафт, кормандони идораи шиносномадиҳӣ ҳайратзада шуданд ва бовар накарданд, ки номи воқеиаш Вандам аст.

Бохти мунтахаби Тоҷикистон ба Туркия дар бозии дувум дар Душанбе

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дувуми дӯстона, ки рӯзи 27-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», баргузор шуд, аз тими миллии Туркия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Бод арчаи солинавии Хуҷандро канду мағозаҳоро вайрон кард

Ozodi.org 

Тундбоде, ки соатҳо тақрибан 12-и шаби 26 ба 27 декабр бархост, дар Хуҷанд ба ҳадде сахт буд, ки садои он сокинонро ба бим андохт. Ба мушоҳидаи хабарнигори Радиои Озодӣ, арчаи 16-метрӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд низ аз шиддати бод чаппа шудааст.

Facebook саҳифаи Рамазон Қодировро масдуд кард

Ozodi.org 

Бинобар таҳримҳои Ийолоти Муттаҳида саҳифаи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар Facebook масдуд шуд. Дар ин бора портали "Медиазона" рӯзи 27 декабр бо такя хадамоти матбуоти ин шабакаи иҷтимоӣ хабар дод. Ба гуфтаи намояндаи Facebook,  ширкат бояд саҳифаи Қодировро маҳкам мекард, зеро номи раҳбари Чеченистон дар рӯйхати шаҳрвандонест, ки ИМА вуруди онҳоро ба қаламраваш қатъиян манъ кардааст. Саҳифаи расмии раҳбари Чеченистон дар Instagram ва Facebook рӯзи 23 декабр масдуд шуд. Ахиран мақомоти... Читать дальше...

"Агар Мирсаидов иддао намекард, кор ба инҷо намекашид"

Ozodi.org 

Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят гуфтааст, агар Хайрулло Мирсаидов ба матбуот дар бораи 1000 доллар ришвае, ки гӯё аз вай гирифта бошанд, хабар намедод, дар нисбати вай тафтишот сурат намегирифт.

Тахриби 4 истгоҳи барқӣ ва 40 симчӯб дар тундбодҳои Хуҷанд

Ozodi.org 

Бар асари вазиши боди шадид дар шимоли Тоҷикистон, манзилҳои зиёди сокинон осеб дидаанд Аз нимашаби чаҳоршанбе ба ин тараф шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он дар бебарқӣ ба сар мебаранд. Телефонҳои шаҳрӣ дар бисёре аз нуқоти Хуҷанд аз кор мондаанд.

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз рӯзи 27-уми декабр

Ozodi.org 

Путин ба Раҳмон барори кор орзу кард Писари тоҷик аз Ироқ нома фиристод Тундбод дар Суғд хонаву мағозаҳоро вайрон кард Аз Толибон хостанд бо ҳукумат сулҳ кунад Ба гӯштигири тоҷик ҷоиза доданд

Табодули зиндониҳо дар байни ҳукумати Украина ва ҷудоиталабон

Ozodi.org 

Ҳукумати Украина ва ҷудоиталабони  ба ном Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск барои табодули зиндониён ба мувофиқа расиданд. Бахши украинии Радио Озодӣ хабар дод, ки нимаи рӯзи 27 декабр се мошини ҳомили 16  сарбоз ба қаламрави Украина гузаштанд.  Бар поияи созиш озодшавии 74 нафар дар назар аст. Ҷудоиталабон сарбозони зиндонии Украинаро дар қарибиҳои Ҳорливка, наздикии хати ҷанг дар Донетски Украина таслим карданд. Сарбозони озодшуда аз онҷо бо чархбол ба Харков интиқол меёбанд. Нерӯҳои Украина зиндониҳои тарафи муқобилро бегоҳ ба ҷудоиталабон медиҳанд.



Пайдо шудани як ҷасад дар канори рӯди "Душанбе"

Ozodi.org 

Дар лаби рӯдхонаи “Душанбе” дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ҷасади як ҷавони ношинос пайдо шудааст. Ин ҷасад нисфирӯзии 27-уми декабр пайдо шуда, ҳанӯз шахсияташ маълум нест. Як манбаъ аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 27-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷавон тахминан 24-27 сола ба назар мерасад“. Ҳоло сабаби марги ҷавон тафтиш мешавад. Барои дақиқ кардани сабаби марг вақт даркор аст”,-гуфт ӯ. Фарзияи худкӯшӣ низ дар миён аст, вале сабаби аслиро ташхиси ҷасад маълум мекунад. Читать дальше...

Ҳушдори сахти раҳбари Эрон ба Аҳмадинажод

Ozodi.org 

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми декабр дар мулоқот бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии Эрон, афродеро муттаҳам кард, ки "кори душманро дар дохил анҷом медиҳанд" ва гуфт, "касоне, ки ҳама имконоти кишвар дасташон ҳаст ё буда, ҳаққ надоранд нақши оппозитсияиро бозӣ кунанд."

Афғонистону Покистон Толибонро ба музокироти сулҳ даъват карданд

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Покистон ва Афғонистон дар як изҳороти муштарак аз гурӯҳи мусаллаҳи Толибон даъват карданд, ки ба музокироти сулҳ ҳамроҳ шавад. Мулоқоти намояндагони ду кишварро Чин бо ҳадафи эъмори равобити Кобул ва Исломобод ташкил кард. Муроҷиати ахир баъди мулоқоти Хавая Муҳаммад Осиф, вазири хориҷии Покистон ва Салоҳиддин Раббонӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷии Афғонистон, бо ҳамтои чиноии онҳо Ван И рӯзи 26 декабр дар Пекин пахш шуд. Дар ин муроҷиат ҳукумати се кишвар ба "музокироти... Читать дальше...

Марги додситони пешини Аргентина "куштор" эълон шуд

Ozodi.org 

Додгустари Аргентина гуфт, додситон Алберто Нисман, ки соли 2015, чанд рӯз баъди интиқодаш аз президент Кристина Фернандез мурда ёфт шуд, дар асл кушта шудааст. Нисман президент Фернандезро ба пинҳон кардани нақши Эрон дар бомбагузорӣ дар маркази ҷомеаи яҳудиҳо, соли 1994, айбдор кард. Ҷасади додситон Нисман бо захми тир дар ноҳияи сараш, дар ҳоле ёфт шуд, ки ӯ  баъди чанд соат бо ҷузъиёти айбномаи президент Фернандез дар Конгресс суханронӣ мекард. Президент Фернандез ва дигарон марги Нисманро "худкушӣ" номиданд. Читать дальше...

Украина $180 миллиони Янукович ва наздикони ӯро мусодира мекунанд

Ozodi.org 

Додситонии кулли Украина Юрий Лутсенко рӯзи сешанбе аз баргардонии 5 миллиард гривени дигар ба буҷа хабар дод. Ин пулҳо аз ҳисоби дороиҳои президенти пешини Украина Виктор Янукович ва наздиконаш рӯёнида шудааст. Додситони кулл ёдовар шуд, ки аз наздикони Янукович то кунун 22 миллиард гривен мусодира, вале танҳо 5 миллиардаш дастрас шудааст. "Ба забони ҳуқуқӣ ин ба маъноест, ки мансабдорон хунукназарӣ кардаанд", - афзуд Лутсенко. Буҷаи давлатии Украина барои соли 2018 воридоти 4,7 миллиард гривен аз ҳисоби мусодираҳоро дар назар дорад. Читать дальше...

Манбаъ: вазири пешини Узбакистон дар ҳабси хонагӣ қарор дорад

Ozodi.org 

Вазири пешини умури дохилии Узбакистон Адҳам Аҳмадбоев, ки ахиран аз ҷониби президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев ба хиёнат ба давлат айбдор шуд, дар ҳабси ғайрирасмии хонагӣ қарор дорад. Як мансабдори наздик ба Аҳмадбоев, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, вазири пешини умури дохилии Узбакистон аз рутбаи генералӣ маҳрум шуд ва ҳоло таҳти ҳабси ғайрирасмии хонагӣ аст. "Моҳи феврал рутбаи Аҳмадбоевро то ба полковникӣ поин оварданд. Ӯ расман ба нафақа фиристода шуда, ғайрирасмӣ дар доираи парвандаи... Читать дальше...

Номаи ҷангҷӯи тоҷик аз зиндони Ироқ

Ozodi.org 

“Ман дар Ироқам, ҳама хуб аст. Салом бар шумо”. Ин охирин номаи кӯтоҳи Аҳтам Олимов, сокини 28-солаи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе аз зиндони Ироқ аст.

Раҳбари пешини корхонаи қаннодӣ як нафарро кушт ва ғайб зад

Ozodi.org 

Раҳбари пешини корхонаи қаннодии "Меншевик" дар Маскав Иля Авреянов баъди тирпаронӣ дар қаламрави корхона ва куштани як муҳофиз аз ҷойи ҳодиса ғайб зад ва дар ҷустуҷӯ эълон шуд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" рӯзи 27 декабр гузориш дод. Сарбозони "Росгвардия" Аверяновро чанд соат ҷустуҷӯ карданд. Дар шаҳр амалиёти "Сирена" эълон шуд, ки маъмулан ҳангоми ҷустуҷӯӣ ҷиняткорони хатарнок истифода мешавад.  Иля Аверянов рӯзи 27 декабр дар ҳудуди корхонаи "Меншевик"-и Маскав аз камон тир кушод. Читать дальше...

Самоягузорони хориҷӣ пулҳои худро аз Русия берун мебаранд

Ozodi.org 

Дар охирин рӯзҳои соли 2017, бисёр сармоягузорони хориҷӣ бо ин нигаронӣ, ки таҳримҳои нави Амрико алайҳи Маскав дар соли оянда бештар олигархҳо ва ширкатҳои наздик ба ҳукуматро ҳадаф қарор медиҳад, саромояҳои худро аз Русия берун мебаранд. Дар ин бора матбуот рӯзи чоршанбе хабар дод. Бар хилофи соли 2017, ки бизнеси хориҷӣ бо умеди нармиши равобити Вашингтон ва Маскав дар маъмурияти президент Доналд Трамп,  рӯ ба Русия оварданд, акнун бозори ҷаҳон аз ин кишвар канор меравад. Нашрияи "Коммерсант" менависад... Читать дальше...

Дар "Соли ҷавонон" киҳо беҳтарин шуданд?

Ozodi.org 

Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар як маросими вижа дар Душанбе аз "Соли ҷавонон" натиҷагирӣ ва 100 ҷавони беҳтаринро дар бахшҳои гуногуни ҷомеа бо ҷоизаҳо қадрдонӣ намуд.

Кулоҳи миллии саг фаъолони қирғизро ба пой хезонд

Ozodi.org 

Дар Бишкек намояндагони чанд ташкилоти ҷамъиятӣ талаб доранд, ки созмондиҳандагони намоиши муди либоси сагҳо ҷарима шаванд. Дар ин намоишгоҳ ба саге кулоҳи сафеди миллии қирғизӣ пушонида буданд, ки аксарият онро таҳқири рамзи миллӣ номиданд. "Ин ҳодиса моро хеле ғамгин кард. Дилам барои кулоҳи сафед месӯзад. Ин кулоҳест, ки аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Он муқаддас аст. Онро мо ҳамеша болои сарамон нигаҳ медорему ҳатто рӯи фарш намегузорем", - мегӯяд Алмосбек Жазибоев, раиси созмони "Шӯрои ҷавонони мардуми қирғиз". Читать дальше...

Қазоқистон ҳабси $22 миллиардашро "вазъи буҳронӣ" намешуморад

Ozodi.org 

Раиси Бонки миллии Қазоқистон (БМҚ) Даниёр Акишев рӯзи 26 декабр баъд аз ҷаласаи ҳукумат гуфт, ки  ҳабси беш аз 22 миллиард доллар дороии Бунёди миллии кишварашро дар хориҷ набодя "вазъи бӯҳронӣ" унвон шавад. "Гап дар бораи аз даст рафтани дороие намеравад. Дар ҳақиқат, баҳсҳои ҳуқуқӣ идома доранд. Фикр мекунам, ҷонибҳо дар ниҳоят роҳҳаллеро пайдо мекунанд. Мо таҷрибаи хуб дорем ва умедворем, машваратчиёни мо ҳам корҳоро хуб пеш хоҳанд бурд. Дороиҳои Бунёди миллиро дар ҳаҷме, ки буданд, дубора ба даст хоҳем овард", - афзуд ӯ. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *