Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2017

Новости за 23.12.2017

Генерал Амирқул Азимов: Аз ҷангҷӯёни ДИИШ дар Афғонистон хавф надорем. САДО

Ozodi.org 

Мақомоти Вазорати умури хориҷии Русия гуфтанд, ки дар минтақаи Ҷузҷон ва Сари Пули Афғонистон то 10 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҷамъ шудаанд. Ин ду минтақаи Афғонистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон қарор дорад.

Чаро Тоҷикистон марзашро бо Афғонистон баст?

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон бастани панҷ пулу як гузаргоҳ бо Афғонистон ва маҳдуд шудани убуру мурур дар пули Шерхон-Бандар ё худ Панҷи Поёнро "беэътимодӣ ба марзбонҳои афғон" унвон мекунанд.

Фатҳулло Фатҳуллоев – бозигари беҳтарини соли 2017 дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Федератсияи футболи Тоҷикистон аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 беҳтаринҳоро эълон кард ва рӯзи 23-юми декабр дар маҷмааи “Кохи Наврӯз”-и Душанбе ба ғолибон ҷоизаҳои инфиродиро тақдим намуд.

Усмонзода дубора раиси Ҳизби демократ интихоб шуд

Ozodi.org 

Саидҷаъфар Усмонзода (Саидҷаъфар Исмонов), вакили порлумон, рӯзи 23-юми декабр дигарбора раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуд. Вай аз моҳи декабри соли 2012 ба ин тараф расман раёсати ҳизбро бар дӯш дорад.

Ду соли умри Бузургмеҳр Ёров дар СИЗО

Ozodi.org 

Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии вазорати адлияи Тоҷикистон пас аз 2 солу се моҳ Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маҳкумшударо аз СИЗО ё боздоштгоҳи мувақатии рақами 1 ба маҳбаси марказӣ интиқол дод.

Зӯри оҷонсӣ ба ду нафақахӯр нарасид

Ozodi.org 

Ду нафар бознишаста аз шаҳри Душанбе Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро, ки нахост ба онҳо нафақа бидиҳад, ба додгоҳ кашонида, билохира пирӯз шуданд.

Шамсулло бо дипломи бонкдорӣ ронанда шуд

Ozodi.org 

Дар як соли охир 138 ҷавон аз ҳисоби маблағҳои будҷа донишгоҳҳои Тоҷикистонро бо ихтисоси бонкдорӣ ва моливу қарз хатм кардаанд. Ин дар ҳолест, ки давоми ду соли охир беш аз 8 ҳазор корманди бонкҳо дар Тоҷикистон аз кор ронда шуда, бекор монданд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *