Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2017

Новости за 30.12.2017

Путин: Гуфтугӯи Русияву Амрико барои суботи ҷаҳон зарурист

Ozodi.org 

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар як паёми солинавӣ ба Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – гуфтааст, ки муколамаи созанда миёни ду кишвар барои суботи ҷаҳон зарурист. Мақомоти Кремлин рӯзи 30-юми декабр гуфтанд, ки Путин таъкид кардааст, Русия ва Амрико метавонанд барои асоси баробарӣ ва эҳтироми мутақобил ҳамкории амалиро тавсеа бахшанд. Путин гуфтааст, инкишофи муколамаи созанда миёни Русияву Амрико бахусус барои дарёфти посухҳои муносиб ба таҳдиду чолишҳои ҷаҳон муҳим аст. Равобит... Читать дальше...

Нуралишоҳ Назаров дар бораи ДИИШ, хидмат ва муҳоҷирати тоҷикон ба Русия

Ozodi.org 

Генерал Нуралишоҳ Назаров, муовини собиқи фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, гуфт, дар сурате ки ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бо Толибон дар Афғонистон ба ҳам биоянд, хатарашон ҷиддӣ хоҳад шуд. Назаров ин нуктаро рӯзи 30-юми декабр, ҳангоми суҳбати солинавӣ бо Радиои Озодӣ баён дошт ва таъкид кард, ки ин нуқтаи назари шахсии ӯст.

Генерал Назаров: “Агар ДИИШ бо Толибон ҳамкорӣ кунад, хатари ҷиддист” ВИДЕО

Ozodi.org 

Генерал Нуралишоҳ Назаров, муовини собиқи фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, гуфт, дар сурате ки ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бо Толибон дар Афғонистон ба ҳам биоянд, хатарашон ҷиддӣ хоҳад шуд.

ДИИШ масъулияти ҳамла дар Петербургро бар дӯш гирифт

Ozodi.org 

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамла ба як фурӯшгоҳ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русияро бар уҳда гирифт. Дар ҳамлаи рӯзи 27-уми декабр беш аз даҳ нафар захмӣ шуд. Хабаргузории “Аъмоқ”-и мутааллиқ ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” гуфт, ин ҳамларо ҷангҷӯёни ДИИШ анҷом додаанд. Аммо дар мавриди ин иддаояш ҳеч далеле ироа накард. Владмир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 28-уми декабр бомбгузорӣ дар як фурӯшгоҳи Санкт-Петербургро амали террористӣ номида буд.

Омурбек Бабанов комилан аз сиёсат канор рафт

Ozodi.org 

Омурбек Бабанов, яке аз номзадҳо ба мақоми президенти Қирғизистон дар интихоботи моҳи октябри имсол, комилан аз сиёсат канор рафт. Вай рӯзи 30-юми декабр дар як изҳорот гуфт, дар ин бора пеш аз интихоботи президентӣ қавл дода буд. Матни изҳорот аз тарафи мушовири ӯ Мирсулҷон Намозалиев ба дасти расонаҳо расид. Омурбек Бабанов гуфтааст, “шаҳрвандони азизи Қирғизистон, изҳор медорам, ки аз сиёсат пурра берун рафтам. Аз ҷумла, аз кори ҳизбӣ низ. Ин тасмими содда ва осон набуд. Аммо ин ягона тасмими дуруст дар ин шароити мушкил аст.” Бабанов... Читать дальше...

Пулиси Эрон аз норозиён хост, ки ба эътирозҳо хотима диҳанд

Ozodi.org 

Пулиси Эрон баъди боздошти даҳҳо нафар дар Теҳрон ва шаҳри ғарбии Кирмоншоҳ ба эътирозгарон ҳушдор дод ва хостори қатъи эътирозҳо шуд. Ин дар ҳолест, ки Амрико боздошти даҳҳо нафари норозӣ дар Эронро шадидан маҳкум кард. Шуморе аз шаҳрҳои Эрон тайи ду рӯзи ахир шоҳиди эътирозҳои мардум алайҳи ҳукумат ва шароити иқтисодӣ буданд. Ин тазоҳурот рӯзи 28-уми декабр дар пайи нигарониҳо аз гароншавии нархи маводи ғизоӣ, аз ҷумла то чиҳил дарсад афзудани нархи тухми мурғ дар шаҳри Машҳаду Нишопур шурӯъ шуда... Читать дальше...

Раҳбари Пентагон: Нақши ИМА дар Украина тағйир намекунад

Ozodi.org 

Ҷеймс Маттис, вазири дифои Амрико, гуфт, ки нақши Иёлоти Муттаҳида дар Украина тағйир нахоҳад кард. Маттис рӯзи 29-уми декабр гуфт, Русия далел надорад, то дар хусуси тасмими Амрико, ки ҳафтаи гузашта дар робита ба фароҳам кардани силоҳҳои нав ба Укриана гирифт, нигарон бошад. Вазири дифои Амрико афзуд, то замоне ки касе нахоҳад бар Украина таҷовуз кунад, ин кадом таъсири бузург нахоҳад дошт. Ба қавли Маттис, инҳо силоҳҳои дифоианд. Русия иқдоми Амрико барои боло бурдани қобилиятҳои дифоии Украинаро маҳкум кард. Читать дальше...



Баъди "ҷанҷол". Ҳабибуллоҳ Нозириро аз сафи адибон берун карданд

Ozodi.org 

Шоир Ҳабибуллоҳ Нозирӣ, сардабири маҷаллаи “Тоҷикистон”, ки тобистони имсол раҳбарияти Иттиҳоди нависандагонро ба бемасъулиятӣ ва ҷудоиандозӣ айбдор карда буд, аз саффи ин созмони эҷодӣ берун андохта шудааст.

Гулрухсор: “Сандуқ-сандуқ пулҳои ҷамъкардаи худро тақсим кунед” ВИДЕО

Ozodi.org 

Гулрухсор Сафиева (Гулрухсори Сафӣ), шоири маъруфи тоҷик, дар остонаи соли нави 2018 ба афроди дорову сарватманди кишвар муроҷиат кард ва гуфт, “сандуқ-сандуқ пулҳои ҷамъкардаи худро ба дармондаҳо тақсим кунед”.

Гулрухсор: Вафое, ки гум кардем, дар сагу харчанг меҷӯем

Ozodi.org 

Гулрухсор Сафиева (Гулрухсори Сафӣ), шоири маъруфи тоҷик, дар остонаи соли нави 2018 ба афроди дорову сарватманди кишвар муроҷиат кард ва гуфт, “сандуқ-сандуқ пулҳои ҷамъкардаи худро ба дармондаҳо тақсим кунед”. Ӯ рӯзи 30-юми декабр дар як муроҷиати видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад, дар соли саг вафо ва муҳаббати одамон ба якдигар бештар гардад.

"Тоҷикистон ҳоло нақшаи пайвастан ба ЕАЭС-ро надорад"

Ozodi.org 

Дар як пешбинии вомбаргҳои давлатӣ, ки дар биржаи фондии Люксембург ҷойгир шудааст, гуфта мешавад, “Тоҷикистон феълан нақшаи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро, ки Арманистону Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия узви он ҳастанд, надорад”.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *