Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2017

Новости за 26.12.2017

Ҷӯробфурӯшӣ дар Тоҷикистон сердаромад мешавад?

Ozodi.org 

Косибони тоҷик, ки вазъи хуби молӣ надоранд, умедворанд, ки лағви молиёт андаке ҳам дар пешрафти корашон кӯмак мекунад, ҳарчанд ба андешаи онҳо барои рушди косибӣ дар Тоҷикистон иқдомҳои бештар зарур аст.

Нишонии нуқраи "Хуҷанд" ба соҳибаш тақдим шуд

Ozodi.org 

Ба дастаи футболи “Хуҷанд” рӯзи 26 декабр дар маркази вилояти Суғд нишонҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон - 2017 ва ифтихорномаҳову туҳфаҳои пулӣ супурда шуд.

"Садои Шарқ" 90-сола шуд

Ozodi.org 

Яке аз маҷаллаҳои маъруфи Тоҷикистон 90-сола шуд. Шоирону зиёиёни дар як нишасте аз саҳми ин маҷалла гуфтанд.

"Мақомоти Суғд ҷонибдори тобиши сиёсӣ гирифтани қазияи Мирсаидов нестанд"

Ozodi.org 

Мақомоти вилояти Суғд аз боздошти Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори мустақил ва раҳбари КВН -- Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик ва алайҳи ӯ боз шудани парвандаи ҷиноӣ изҳори таассуф мекунанд ва мегӯянд ҷонибдори то ба инҷо кашида шудани қазияи ӯ набуданд.

Кобулу Исломобод Толибонро ба музокироти сулҳ даъват карданд

Ozodi.org 

Вазирони хориҷаи Покистон ва Афғонистон бо пахши муроҷиати муштарак ба ҷангиёни Толибон аз онҳо даъват кардаанд, ки дар як музокироти сулҳ, ки аз ҷониби Чин ва ба хотири миёнҷигӣ дар байни Кобулу Исломобод ташкил шудааст, иштирок кунанд. Ин даъват баъди он садо дод, ки вазири хориҷаи Покистон Хаваҷа Муҳаммад Осиф ва иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаи Афғонистон Салоҳуддини Раббонӣ дар Пекин рӯзи 26 декабр бо вазири хориҷаи ин кишвар Вайн Йӣ музокирот карданд. Дар муроҷиати се ҳукумат Толибон ба... Читать дальше...



ИА рад шудани аризаи Навалнийро интиқод кард

Ozodi.org 

Сухангӯи раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо манъи Алексей Навалний аз ширкат дар интихоботи президентии соли 2018-ро интиқод кард ва гуфт, ки ин монеа “дар заминаи гуногунандешии сиёсӣ дар Русия суолҳои зиёд эҷод” ва ҳам дурнамои интихоботи демократии ин кишварро шубҳаовар мекунад. Майя Косянчич, сухангӯи Федерика Могеринӣ дар як изҳороташ рӯзи 26 декабр, як рӯз баъди расман рад шудани сабтиноми номзадии Алексей Навалний дар интихоботи президентӣ гуфт, Навалний метавонист рақиби аслии Владимир Путин шавад. Читать дальше...

Саакашвилӣ дар СБУ ҳозир нашуд

Ozodi.org 

Михаил Саакашвилӣ, раҳбари ҷумбиши украинии “Ҳизби нирӯи нав” ва собиқ президенти Гурҷистон, тибқи гузоришҳо, аз ҳозир шудан дар СБУ – қароргоҳи Хадамоти амнияти миллии Украина худдорӣ кард. Ӯро рӯзи 26 декабр барои саволу ҷавоб даъват карда буданд. Павло Боҳомазов, вакили дифои Саакашвилӣ гуфт, ки зерҳимояаш дар оғоз ният дошт, ки аз рӯи вақти таъиншуда сотаи 11 рӯз дар ин сохтор ҳозир шавад. Вале баъдан маълум шуд, ки ӯ дар ин сохтор пайдо нашуд. Дар даъвати дигаре Саакашвилӣ бояд намунаҳои садои худро барои тафтишот сабт мекард. Читать дальше...

Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон аз рӯзи 26-уми декабри соли 2017

Ozodi.org 

Тоҷикон гуфтаанд, мехоҳанд дар Таможенний союз бошанд Зане, ки дар як лифти Кулоб зиндагӣ мекард, хона мегирад Қазоқистону Қирғизистон гуфтанд, ҷанҷол намекунанд Гватемала гуфт, сафораташро ба Байтулмуқаддас мекӯчонад Писари қирғиз мехоҳад, духтар ва “хушбахт шавад”

Парвандаи қабеҳгуфтории шаҳрдори Андиҷон ба додгоҳ рафт

Ozodi.org 

Дар Узбакистон зидди шаҳрдори Андиҷон Дилмурод Раҳматуллоев барои таҳқири мудирони як қатор муассисаҳои таълимӣ парванда боз ва ба додгоҳ ирсол шудааст. Дар рафти санҷиш додситонӣ муайян кардааст, ки шаҳрдор дар воқеъ ба зертобеонаш суханҳои қабеҳ гуфта, онҳоро таҳқир кардааст. Дар посухи додситонии Андиҷон ба дархости қабулгоҳи маҷозии президенти Узбакистон омадааст, ки 7 декабр зидди Раҳматуллоев бар пояи банди 41-и Кодекси маъмурии ин кишвар парванда боз карда, ба додгоҳи шаҳрӣ фиристодаанд. Читать дальше...

Назарбоев: Путин – баргузидаи интихоботи президентии Русия аст

Ozodi.org 

Владимир Путин, президенти амалкунандаи Русия номзади асосии интихоботи президентии моҳи марди соли 2018 хоҳад буд. Дар ин бора президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 25 декабр дар суҳбат бо рӯзноманигорон изҳори назар кард. "Владимир Владимирович Путин пешбарӣ шуд, ман ба вай муваффақият таманно дорам ва фикр мекунам, ки вай номзади баргузидаи интихобот аст. Бовар дорам, ки ин дуруст ҳам аст. Дар чунин даврони душвор, замоне ки Русия зери фишори давлатҳои Аврупо ва ИМА аст, Путин ҳамчун... Читать дальше...

FBI: нуктаҳои асосии "парванда"-и Трамп тасдиқ нашуданд

Ozodi.org 

Муовини мудири Бюрои федеролии пажуҳишии ИМА ё FBI Эндрю Маккейб эътироф кард, ки дар ҳоли ҳозир ниҳоди онҳо наметавонад, иттилои асосиро дар бораи президент Доналд Трамп тасдиқ кунад. Гап дар бораи иттилое меравад, ки корманди мақомоти махсуси Бритониё Кристофер Стил аз як манбаъ дар Москва харида буд. Дар ин бора рӯзи 25 декабр нашрияи The Washington Times хабар додааст. Маккейб дар ин бора дар ҷаласаи пушидаи Кумитаи иктишофии порлумони ИМА хабар додааст. Расонаҳо менависанд, вакилон аз Маккейб пурсиданд... Читать дальше...

Пажӯҳиш: "Майли тоҷикон ба таҳсил дар Русия камтар мешавад"

Ozodi.org 

Маркази таҳқиқоти интегратсионии Бонки Авруосиёии рушд (Маскав) дар чаҳорчӯби таҳқиқоти ахираш дар робита бо фаъолияти Евразес мегӯяд, натиҷаҳои пурсиши ахири онҳо майли камшавандаи тоҷиконро барои таҳсил дар мактабҳои Русия ба намоиш гузошт.

"Садои шарқ" 90-сола шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар маросими таҷлил аз 90-солагии таъсиси “Садои шарқ” -- нахустин маҷаллаи тоҷикӣ, адибону аҳли фарҳанг ва хонандагони доимии он ширкат доштанд.

Бонки миллӣ масъули муқовимат бо пулшӯӣ шуд

Ozodi.org 

Бонки миллии Тоҷикистон ниҳоди масъул дар муқовимат бо даромадҳои аз роҳи ҷиноят ба даст омада таъин шуд. Ин бонк бо як фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз чунин ваколат бархӯрдор шуд.

Даргузашти адиб ва шахсияи фарҳангии тоҷик Холмурод Шарифов

Ozodi.org 

Нависандаи тоҷик, арбоби сиёсиву давлатӣ Холмурод Шарифов рӯзи 26-уми декабр дар синни 91-солагӣ даргузашт. Аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маросими ҷанозаи ӯ фардо, 27-уми декабр дар маҳаллаи Калинини пойтахт баргузор  мешавад. Холмурод Шарифов аз симоҳои маъруфи фарҳангии Тоҷикистон буд ва барои солҳо дар мақомҳои гуногуни давлатӣ кор кардааст. Ӯ дар замони шӯравӣ дар мақоми раиси шаҳри Панҷакент ва ҳамчунин ноҳияи Ёвон ифои вазифа кард ва чанд муддат... Читать дальше...

Матбуот: Фирӯз Қалавуров аз болои ҳукми боздошт шикоят кард

Ozodi.org 

Фирӯз Қалавуров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои омодагӣ ба анҷоми амали террористӣ дар калисои Қазони Санкт-Петербург  муттаҳам мешавад, аз болои ҳукми боздошт шикоят кардааст. Дар ин бора рӯзи 26-уми декабр ба расонаҳо маркази матбуотии додгоҳи Санкт-Петербург  хабар додааст. Рӯзи 17-уми декабр додгоҳ ҳукм карда буд, ки Фирӯз Қалавуров ҳамроҳ бо Шомил Омаргаҷиев аз Доғистон ва Алисхан Эсмурзиев аз Ингушистон то 14-уми январ дар боздошт мемонанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ин се нафар бо раҳбарии... Читать дальше...

Ғафур-бойбача дар “рӯйхати сиёҳ”-и Амрико

Ozodi.org 

Ғафур Раҳимов, маъруф бо лақаби Ғафур-бойбача, ки яке аз раҳбарони олами ҷиноии Узбакистон гуфта мешавад, охири ҳафтаи ҷорӣ ба “рӯйхати сиёҳ”-и Вазорати молияи Амрико ворид шуд. Инчунин, дар ин феҳрист номи Олимҷон Тухтаохунов, маъруф ба “Тайванчик”-ро дидан мумкин аст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон қабл аз зуҳри 26-уми декабр барои ширкат дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Маскав сафар кард. Ин нишаст имрӯз, 26-уми декабр дар пойтахти Русия баргузор мешавад. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро афроди расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. То ба ҳол маълум нест, ки дар ин сафар мулоқоти ҷудогонаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо сарони дигар кишварҳо дар назар гирифта шудааст ё на. Читать дальше...

Дар Туркманистон осорхонаи президенти пешин Сафармурод Ниёзов боз шуд

Ozodi.org 

Дар Туркманистон имсол рӯзи ёдбуди президенти пешини ин кишвар Сафармурод Ниёзовро ба фарқ аз солҳои пешин, бошукуҳтар ва ба таври махсус қайд карданд, ки саволҳоеро дар зеҳни нозирони умур эҷод кардааст. Ба иттилои хабаргузории расмии ТХД, президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар рӯзи вафоти президенти пешин -- 21 декабр бо тантана осорхонаи Сафармурод Ниёзовро боз кард. Дар ин маросим аъзои ҳукумату порлумон, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, расонаҳо, донишҷӯён ва теъдоди зиёди сокинони шаҳри Ишқобод иштирок доштанд. Читать дальше...

Дар Узбакистон бори нахуст дар бораи тақаллубҳои интихоботӣ хабар доданд

Ozodi.org 

Бори аввал расонаҳои Узбакистон дар бораи тақаллубкориҳои интихоботӣ иттилоъ доданд. Ин тақаллубкорӣ дар ҷараёни интихоботи маҳаллие сурат гирифт, ки рӯзи якшанбеи 24 декабр дар ноҳияи Совет баргузор шуд. Гузориши "Тақаллубкорӣ дар интихобот!" дар сомонаи Kun.uz рӯзи якшанбе нашр шуд. Рӯзи дигар гузоришро аз сомона пок карданд, аммо нусхаи он дар ҷусторҳои интернетӣ боқӣ монд. Сомона бо такя ба навори видеоие навишт, ки ҳадди ақал дар ду қитъаи раъйдиҳӣ дар шаҳри Тошканд тақаллубкорӣ сурат гирифтааст. Читать дальше...

Ксения Собчак аз Навалний хост, шахси боэътимоди ӯ шавад

Ozodi.org 

Шореҳи телевизион Ксения Собчак сабти ном накардани номзадии мухолиф Алексей Навалнийро дар интихоботи президентии Русия "беадолатии даҳшатовар ва иштибоҳи навбатии мақомот"-и кишвараш номид. Вале ӯ аз даъвати Навалний барои таҳрими интихобот ҷонибдорӣ накард. Собчак суханони худи Алексей Навалнийро, ки пеш аз интихоботи соли 2011 гуфта буд, иқтибос овард, "таҳрим кор намедиҳад ва аз нигоҳи муборизаҳои сиёсӣ низ маъное надорад. Баръакс, дарсади овозҳои президенти кунунии Русия Владимир Путинро боло хоҳад бурд". Читать дальше...

Дастури дастгоҳи президент барои кӯмак ба Диёрбек

Ozodi.org 

Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи президент супориш додааст, ки барои консерти хайриявӣ ба хотири наҷоти фарзанди овозхони поп Дилноза Каримова толори Филармония ройгон ҷудо карда шавад. Баргузоркунандагони консерт мегӯянд, ба дархости онҳо Озода Раҳмон дар фурсати кӯтоҳ вокуниш карда, дастури ҷудо кардани толорро дод.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *