Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2019

Новости за 08.06.2019

Ҳолу ҳавои пеш аз интихоботи президентӣ дар Қазоқистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзи 9-уми июн дар Қазоқистон интихоботи зудҳангоми президентӣ баргузор мешавад. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Қазоқистон гуфт, дар дохил ва хориҷи кишвар даҳ ҳазор нуқта ва ҳавзаи овоздиҳӣ ташкил кардаанд.

Паёмадҳои сел дар Тоҷикистон. Мардум кумак мехоҳанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои сели харобиовар аз созмонҳои байналмилалӣ кумак хостааст. Дар як ҳафтаи ахир борону сел дар чанд ноҳияи кишвар даҳҳо манзилро вайрон ва чандин оиларо беҷо кард. Дар ин ҳодисаҳо дар Панҷакенту Хуросон ва Панҷ чаҳор нафар ҷон бохтанд.

Норозигии сокинон аз шеваи рафъи оқибатҳои сел дар Восеъ

Ozodi.org 

Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои сели харобиовар аз созмонҳои байналмилалӣ кумак хостааст. Дар як ҳафтаи ахир борону сел дар чанд ноҳияи кишвар даҳҳо манзилро вайрон ва чандин оиларо беҷо кард. Дар ин ҳодисаҳо дар Панҷакенту Хуросон ва Панҷ чаҳор нафар ҷон бохтанд. Сокинони баъзе аз ноҳияҳо мегӯянд, бо дастони худ обу лойи хонаҳояшонро ба берун мебароранд ва дар баробари мушкили азиме тани танҳо мондаанд.

Марги сарбозони покистонӣ дар ҳамлаҳои Вазиристони Шимолӣ

Ozodi.org 

Рӯзи 8-уми июн дар таркиши бомбаи канори роҳ дар Вазиристони Шимолӣ ду сарбози покистонӣ кушта ва се тани дигар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти низомии Покистон гуфтанд, сарбозон минтақаро назорат мекарданд ва мошини онҳо ба маводи таркандаи худсохт бархӯрдааст. Аз он пештар, рӯзи 7-уми июн, дар ҳодисаи мушобеҳ дар минтақаи Датта Хели Вазиристони Шимолӣ чаҳор узви артиши Покистон кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ гардиданд. Толибони Покистон масъулияти ҳамлаи рӯзи ҷумъаро ба дӯш гирифтанд. Ҳамон рӯз... Читать дальше...

Голунов расман ба фурӯши маводи мухаддир муттаҳам шуд

Ozodi.org 

Иван Голунов, хабарнигори таҳқиқотгар дар Русия, расман ба ҷинояти марбут ба маводи мухаддир муттаҳам шуд. Созмонҳои байналмилалии хабарнигорӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон гуфтанд, мақомот ӯро ба хотири гузоришҳояш ҷазо медиҳанд. Вакили мудофеъ Павел Чиков гуфт, нафари зери ҳимояти ӯ ба фурӯши маводи мухаддир “дар ҳаҷми калон” муттаҳам шудааст. Додгоҳи Маскав тасмим мегирад, ки муҳлати боздошти ӯро дароз кунад ё на. Журналисти маъруф Иван Голунов, ки барои вебсайти мустақили хабарии Meduza, қароргоҳаш дар Латвия кор мекунад... Читать дальше...

Отамбоев: Агар ман ҳукумат мехостам, аз қудрат намерафтам

Ozodi.org 

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, гуфт, ки ҳадафи ӯ ҷавон кардани аъзои ҳукумат буд ва ба ин хотир барои дар қудрат мондан кӯшиш накард. Вай рӯзи 8-уми июн ҳангоми тазоҳуроти зидди ришвахорӣ дар назди бинои “Медиа форум”-и Бишкек гуфт, агар ҳукумат зарур мебуд, имкони дар қудрат монданаш вуҷуд дошт. “Маро ба он муттаҳам мекунанд, ки гӯиё дар ҳоли чанг задан ба ҳукумат ҳастам ва ба кори онҳо халал мерасонам. Агар ба ман ҳукумат лозим мебуд, беҳтараш аз қудрат намерафтам. Соли 2016 ҳангоми раъйпурсӣ пешниҳод мекардем... Читать дальше...

Як сокини Душанбе аз ошёнаи 8-ум афтод ва ҷон бохт

Ozodi.org 

Як сокини шаҳри Душанбе худро аз ошёнаи ҳаштуми бинои бисёртабақа дар кӯчаи Бухорои пойтахт ба замин партофтааст. Ҳодиса баъд аз зуҳри 8-уми июн рух дод. Баъзе аз шоҳидон гуфтанд, мард мурдааст ва ҷасадро аз назди фурӯшгоҳи "Тантана" бурдаанд. "Ин бино нав аст ва ҳамсояҳо якдигарро хуб намешиносанд. Барои ҳамин, то ҳол мардум намедонанд, ки чӣ иттифоқ афтодааст. Як дафъа модараш ба берун баромад ва дар вазъияти хуб набуд. Ӯро дубора ба хона дароварданд", -- гуфт мусоҳиби мо. То ҳанӯз далели ба поин афтидани ин мард маълум нест. Читать дальше...

Трамп гуфт, бо Мексика дар масъалаи муҳоҷират “забон” ёфтанд

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, бо Мексика дар масъалаи муҳоҷират ба созиш расидаанд. Вай рӯзи 8-уми июн дар ин бора дар “Твиттер” хабар дод. Трамп навишт, “хушҳолам, ки ба Шумо хабар медиҳам. Амрико ва Мексика дар ин маврид мувофиқатномаро имзо карданд.” Бино бар ин, ба қавли ӯ, ҷорӣ кардани таърифаи нав ба молҳои воридотии Мексика, ки қарор буд аз 10-уми июн иҷро шавад, барои муддати номаълум ба таъхир афтод. Президент Трамп навиштааст, ҳукумати Мексика дар ивази ин кор, тавофуқ кардааст... Читать дальше...



7 куштаву захмӣ. Садамаи муҳоҷирон аз Файзободу Ҳисор ва Рашт

Ozodi.org 

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар наздикии вилояти Самараи Русия се муҳоҷири тоҷик аз ноҳияҳои Файзободу Ҳисор ва Рашт ҷон бохта, чаҳор тани дигар бо захмҳои шадид дар бемористон бистарӣ шудаанд. Вазъи яке аз маҷруҳон муътадил арзёбӣ мешавад, дигарон дар ҳолати вазнин ва дар шуъбаи эҳёгарианд.

Интихоботи президентии Қазоқистон. Бори аввал – бе Назарбоев

Ozodi.org 

Интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қазоқистон рӯзи 9-уми июн баргузор мешавад. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Қазоқистон гуфт, дар дохилу хориҷ даҳ ҳазор нуқта ва ҳавзаи овоздиҳӣ ташкил кардаанд. Бори аввал дар варақаҳои овоздиҳӣ номи президенти пешин Нурсултон Назарбоев дарҷ нашудааст. Ин раҳбари худкома, ки тақрибан се даҳа бе танаффус дар курсии президентӣ такя зада буд, моҳи марти имсол ва дар 78-солагӣ аз сари ҳукумат рафт. Вале раҳбари доимии Шӯрои амният ва ҳизби ҳокими “Нур Отан” монд. Читать дальше...

Панҷараҳои оҳании сари қабри Бухоризодаро кӣ канд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Панҷараҳои оҳанини сари қабри суханшиноси маъруф Абдураҳмон Бухоризодаро дар оромгоҳи “Сари Осиё”-и Душанбе кандаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон харобкоронро меҷӯяд. Аз рӯи ин амал парвандаи ҷиноӣ боз шудааст

Панҷараҳои оҳании сари гӯри олими тоҷикро кӣ канд?

Ozodi.org 

Панҷараҳои оҳании қабри забоншиноси маъруф Абдураҳмон Бухоризодаро дар оромгоҳи "Сари Осиё"-и Душанбе кандаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон харобкоронро меҷӯяд ва аз рӯи ин амал парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Таҳримҳои Амрико зидди саноати коркарди нафту гази Эрон

Ozodi.org 

Вазорати молияи Амрико зидди саноати коркарди нафту гази Эрон таҳримҳо ҷорӣ кард. Ин қадам бахше аз иқдомҳо дар заминаи ворид кардани фишор ба Эрон аст, то барои маҳдуд кардани барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии худ вориди музокира шавад. Вазорати молияи Амрико рӯзи 7-уми июн таҳримҳо алайҳи ширкати саноати коркарди нафту гази Халиҷи Форсро эълон кард. Ин ширкати бузург ва фоидаовари коркарди нафту газ дар Эрон аст. Таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ин ширкат ва 39 ширкати мутааллиқ ба он ва фурӯшандагони хориҷиашро ҳадаф қарор медиҳад. Читать дальше...

Иштироки писар ва домодҳои президент дар тӯйи фарзандони амири Дубай

Ozodi.org 

Писари даҳсолаи президенти Узбекистон Алишер Мирзиёев, наберааш Миромон ва домодҳояш – Ойбек Турсунов ва Отабек Умаров – дар тӯйи писарони нахуствазири Имороти Муттаҳидаи Араб ва амири Дубай Шайх Муҳаммад бин Рашид ал-Мактум иштирок кардаанд. Ин маросим рӯзи 6-уми июни имсол баргузор шуд.

"Орде, ки аз Қазоқистон мехарем, мардуми он кишвар намехӯрад"

Ozodi.org 

Порлумони Тоҷикистон истеҳсол ва воридоти орди, ба гуфтаи вакилон, бе витаминро манъ кард. Дар Маҷлиси намояндагон гуфтанд, орде, ки дар ҳудуди Қазоқистон манъ аст, феълан дар бозорҳои Тоҷикистон бо нархи гарон ба фурӯш гузошта шудааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *