Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2019

Новости за 13.06.2019

Додгоҳ баррасии шикояти маҳбуси сиёсии пешинро оғоз кард

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Узбекистон рӯзи 12-уми июн баррасии шикояти маҳбуси сиёсии пешин ва собиқ вакили Шӯрои олии Узбекистони ҶСШ Самандар Қуқанови 73-соларо оғоз кард, ки иддао дорад, бидуни асос наздики 24 сол дар зиндон нигаҳдорӣ шудааст. Дар ин бора яке аз иштирокчиёни мурофиа -- раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Эзгулик"-и шаҳри Тошканд Абдураҳмон Ташанов хабар дод. "Иштирок озод буд. Дар толор ба ҷуз аз фаъолони маданӣ, ҳомиёни ҳуқуқ, намояндагони созмони "Ҳюман Райтс Вотч" ва сафоратхонаҳои хориҷӣ ҳам ҳузур доштанд", - афзуд ӯ. Читать дальше...

Путин гуфт, Маскав аз пуштибонии Игор Додон даст намекашад

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, аз пуштибонии раиси ҷумҳури Молдова Игор Додон даст намекашад. Додон президенти тарафдори Маскав аст. Ин дар ҳолест, ки миёни ду ҳукумати рақиб дар Молдова баҳсҳои душвори сиёсӣ ҷараён дорад ва ду тараф қонунӣ будани худро эълон мекунанд. Путин аз ҳукумати нави Молдова, ки рӯзи 8-уми июн ташкил шуд, дастгирӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, раҳбарони порлумон аз Ҳизби сотсиалистии дӯсти Маскав – Додон муомилаеро бо як созмони тарафдори Иттиҳоди Аврупо (ACUM) барҳам заданд. Читать дальше...

Фалокат дар ду киштии нафткаш дар Халиҷи Умон

Ozodi.org 

Қувваҳои баҳрии Амрико мегӯянд, пас аз гирифтани паёмҳои ҷудогона дар бораи фалокат дар ду киштии нафткаш дар Халиҷи Умон, ки аз рӯи гузоришҳо ҳамла шудааст, ёрӣ мерасонанд.  Воқеаи 13-уми июн як моҳ пас аз ҳамла ба чаҳор киштии нафткаши Имороти Муттаҳидаи Араб рӯй дод, ки  вазъро миёни Теҳрону Вашингтон ва ҳампаймонони Амрико дар Халиҷи Форс тезу тунд кард. “Мо аз ҳамлаҳои гузоришшуда ба киштиҳои нафткаш дар Халиҷи Умон огоҳ ҳастем,” -- гуфт намояндаи флоти панҷуми дар Баҳрайн ҷойгиршуда дар як изҳорот. Читать дальше...

Наварӯси ноком хост, шавҳараш барои бадном кардани ӯ ҷавоб диҳад

Ozodi.org 

Шаби аввали арӯсӣ барои Идимоҳ Шерова, сокини 19-солаи ноҳияи Данғара, “бо фоҷиа ва бадномии ӯ ва хонаводаашон” табдил шудааст. Шавҳараш Фирӯзи Муҳаммадраҷаб иддао дорад, ки вай нодухтар буд ва “дар навори видеоӣ ба гуноҳи худ иқрор кард”. Вале Идимоҳ Шерова мегӯяд, шавҳараш бо латту кӯби зиёд ӯро маҷбур кард, дар назди камераи телефон иқрор кунад, ки бокира набуд.

Боздошти беш аз 950 иштирокдори эътирозҳои осоишта дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Додгоҳи Қазоқистон 957 нафарро барои иштирок дар ҳамоишҳои эътирозии бидуни иҷозати шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид. 670 кас аз 6 то 15 шабонарӯз ҳабс ва 115 тани дигар ҷарима шудаанд. Дар ин бора Сапарбек Нурпеисов, як масъули Додситонии кулли Қазоқистон имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Нурсултон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ҷазои 311 кас бо назардошти вазъи оилавиашон кам ва озод карда шуданд. "63 нафари дигар имрӯз озод мешаванд. Дар боздоштгоҳ 180 кас боқӣ хоҳанд монд. Читать дальше...

"Ту кӣ ҳастӣ, ҷоғатро мешиканам." Таҳқири хабарнигорони Озодӣ дар Душанбе. ВИДЕО

Ozodi.org 

Хабарнигорони Радиои Озодӣ Шодмони Ятим ва Алишер Зарифӣ ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи кори нақлиёти ҷамъиятии Душанбе аз тарафи баъзе аз ронанда ва "кондуктор"-ҳо таҳқир шуданд. Ҳодиса 13-уми июн дар истгоҳи назди фурӯшгоҳи "Садбарг" рух дод. Мақомот ваъда доданд, ки қазияро таҳқиқ мекунанд.



Ҳамсари нахуствазири Исроил 14 ҳазор евроро ба давлат бармегардонад

Ozodi.org 

Соро Натаняҳу, ҳамсари сарвазири Исроил Бинямин Натаняҳу наздики 14 ҳазор евроеро ба давлат бармегардонад, ки харҷи ғизоҳои гарон кардааст. Додситонии кулли Исроил бо Натаняҳу дар ин бора 12 июн созиш ҳосил карданд. Ин созишро бояд додгоҳ тасдиқ кунад. Дар айбномаи додгоҳ омадааст, ки Соро Натаняҳу дар солҳои 2010 то 2013 дар маҷмуъ дар ҳаҷми 43 ҳазор евро аз тарабхонаҳо ғизои гаронарзиш фармоиш додааст. Дар ҳоле, ки дар қароргоҳи сарвазир ошпаз фаъолият мекунад. Маоши ошпаз аз буҷаи давлат пардохт мешавад. Читать дальше...

Таҳқири хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе

Ozodi.org 

Хабарнигорони Радиои Озодӣ Шодмони Ятим ва Алишер Зарифӣ ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи нақлиёти ҷамъиятии Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ҳодиса субҳи 13-уми июн дар истгоҳи назди фурӯшгоҳи "Садбарг" рух дод.

"Қалъаи Трамп". ИМА ба Полша 1000 нерӯи иловагӣ мефиристад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳида, ба раҳбари Полша Анджей Дуда ваъда кард, ки 1000 сарбози амрикоиро дар ин кишвари аврупоӣ ҷойгир мекунад. Ин икдомест, ки Дуда аз Трамп ҳамчун василаи пешгирӣ аз таҷовузи эҳтимолии Русия дархост кардааст.

Ахбори Озодӣ аз 13-уми июни соли 2019

Ozodi.org 

Муҳокимаи раҳбарони маҳаллаи "Сайёд"-и ноҳияи Ҳисор бо айбномаи сабуктаре дар Додгоҳи олӣ баррасӣ мешавад, азияти хабарнигори Радиои Озодӣ аснои таҳияи гузориш дар шаҳри Душанбе ва наварӯси ноком мехоҳад собиқ шавҳараш барои хушунат ва бадном кардани ӯ ҷавоб диҳад.

Ҷеенбеков: Масъалаи ақаллиятҳои миллии Чин кори дохилии он кишвар аст

Ozodi.org 

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон дар мулоқот бо роҳбари Чин Си Ҷинпин доир ба масъалаи ақалиятҳои қавмии он кишвар изҳори назар кард. "Масъалаи ақалиятҳои миллии Чин - кори дохилии он кишвар аст", - гуфт Ҷеенбеков. Дар ҳамин ҳол вай афзуд, неруҳое ҳастанд, ки густариши ҳамкориҳои Чину Қирғизистонро намехоҳанд. Иттилоъ дар бораи ташкили урдугоҳҳои махсуси бозтарбияи ақалиятҳои миллӣ, аз ҷумла мусалмонони Шинҷони Чин аз соли 2017 ба ин сӯ дар расонаҳо нашр мегардад. Шоҳидон мегӯянд... Читать дальше...

Муфтии Бухоро фармони буридани тути 700-соларо содир кард

Ozodi.org 

Рӯзи 9 июн тути хушкшудаи оромгоҳи Баҳоуддини Нақшбандро дар ноҳияи Кагони вилояти Бухоро буриданд, ки қариб 700 сол умр дошт. Намояндаи оромгоҳ гуфт, қисме аз тути хушкшуда ба осорхона тақдим шудааст. Гуфта мешавад, тути хушкшуда бо фатвои раиси Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон, муфти Усмонхон Олимов бурида шудааст. "Саҷда кардан ба чубу санг нишони ширк аст", - гуфтааст муфтӣ. Усмонхон Олимов дар муроҷиаташ ба имом-хатиби вилояти Бухоро Ҷобир Элов гуфтааст, "тасмими буридани дарахти қадимии... Читать дальше...

Номаи HRW ба СММ дар бораи Тоҷикистон. Шарҳи Стив Свердлов

Ozodi.org 

Дар остонаи омодагии Тоҷикистон барои гузориш ба Созмони Милал дар бораи риояти ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ аз аъзои СММ хостааст, сарнавишти "маҳбусони сиёсӣ" дар кишварро дар миён бигузоранд.

Дар остонаи ҷаласаи СҲШ мулоқоти президентони Қирғизистону Чин барпо шуд

Ozodi.org 

Раҳбарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, як созмони минтақавии таҳти раҳбарии Маскав ва Пекин рӯзи 13 июн барои ширкат дар ҷаласаи дурӯзаи сарони кишварҳои узв дар Бишкек ҷамъ мешаванд. Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон  ва Узбекистон созмони сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии Авруосиёро дар оғози солҳои 2000-ум таъсис дода, ду сол пеш ба узвияти он Ҳинду Покистон ҳам шомил шуданд. Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон дар ин созмон нақши нозирро доранд.  Дар остонаи ҷаласаи СҲШ дар Бишкек... Читать дальше...

"Тоҷикистон соле ба 12 ҳазор аробаи маъюбӣ ниёз дорад". ВИДЕО

Ozodi.org 

Тоҷикистон соле ба беш аз 11700 аробачаи маъюбӣ эҳтиёҷ дорад. Вале ин тақозо дар ҳудуди на бештар аз 800 адад дар сол иҷро мешаваду халос. Яъне, ба Тоҷикистон дар давоми сол назар ба эҳтиёҷоти маъюбон 14 баробар камтар аробачаҳо ворид карда мешавад.

Тоҷикистон барои "Азот" сармоягузор меҷӯяд

Ozodi.org 

Тоҷикистон бори дигар барои ба кор андохтани корхонаи нуриҳои минералии "Азот" дар Леваканди Хатлон сармоягузор меҷӯяд, чун сармоягузори чинӣ дар мӯҳлати муайяншуда ин корхонаро фаъол накард.

Пулиси Москва беш аз 500 ҷонибдори Голуновро дастгир кард

Ozodi.org 

Дар шаҳри Москва ба ҷонибдорӣ аз рӯзноманигори нашрияи "Медуза" Иван Гулов ва зидди парвандаи сохтаи ӯ, ки бо гумони паҳни маводи мухаддир боздошт шуд, роҳпаймоии бидуни иҷозат баргузор гашт. Дар он чандин ҳазор одам иштирок карданд. Эътирозгарон нимаи рӯзи 12-уми июн дар назди муҷассамаи Грибоедов ва гулгашти Чистопруд ҷамъ шуда, ба самти бинои Раёсати умури дохилии шаҳри Москва дар Петровка ҳаракат карданд. Вале сарбозони Горди миллӣ ва кормандони пулис пеши роҳи онҳоро бастанд. Ба иттилои "ОВД-Инфо"... Читать дальше...

Дар Узбекистон либоси ягонаи мактабиро ҳатмӣ намекунанд

Ozodi.org 

Шерзод Шерматов, вазири маорифи халқии Узбекистон гуфт, либоси ягонаи мактабӣ дар соли хониши 2019-2020 ҷорӣ намешавад. Ба гуфтаи вазир, истеҳсоли либоси ягонаи мактабӣ барои хонандагони аз синфи 1 то 11 харҷи зиёд хоҳад дошт. Саноати нассоҷии Узбекистон, эҳтимол, аз ӯҳдаи духтани либос намебарояд. Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистон ҳам пештар аз ин дар саҳифаи Facebook назари ҳамсон баён карда буд. Ин дар ҳолест, ки чанде пештар вазорати маорифи халқии Узбекистон ба волидон ёдовар шуд... Читать дальше...

Ҷонибдории беш аз 40 вакили порлумон аз лағви дахлнопазирии Отамбоев

Ozodi.org 

Дар порлумони Қирғизистон бештар аз 40 вакил ба ҷонибдорӣ аз бекорсозии дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев раъй доданд. Дар ин бора вакили порлумон Канат Исоев дар ҷаласаи рӯзи 12-уми июн хабар дод. Вай аз раиси порлумон Достон Ҷумабеков хост, ки муроҷиати вакилонро ба кумитаҳои дахлдори порлумон ирсол кунад. Отамбоев дар як ҷамъомад рӯзи 8-уми июн аз фаъолиятҳои порлумон интиқод кард. Президенти пешин гуфт, омода аст, 10 ҳазор одамро ҷамъ орад ва ҳамаро аз Кохи сафед биронад. Читать дальше...

Пулиси Алмато беш аз 200 нафарро боздошт кард

Ozodi.org 

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон пулис боздошти сокинонро рӯзи 12-уми июн идома дод. Бино бар иттилои охирин, дар он шаҳр бештар аз 200 одам боздошт шудааст. Дар бархе аз кӯчаҳои Алмато мағозаву дорухона ва ошхонаҳои сарироҳӣ баста шудаанд. Пулис майдони Остонаи шаҳри Алматоро муҳосира кард. Пулис мегӯяд, одамонро ба хотири он боздошт кард, ки аз сокинон хостаанд, дар эътирозҳои ғайриқонунӣ ширкат варзанд. Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҳам пулис дар кӯчаҳо навбатдорӣ мекард. Дар шаҳри Чимкент низ... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *