Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2019

Новости за 20.06.2019

Дар як сол – $580. Тарҳи "лимит"-и туҳфаҳо ба мансабдорони тоҷик

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон тарҳеро омода кардаанд, ки мансабдоронро аз гирифтани тӯҳфаҳои гаронарзиш ҳангоми сафарҳои хориҷӣ бозмедорад ва ё онҳоро маҷбур мекунад, тӯҳфаҳои гирифтаи худро ба мақомот супоранд.

Размоиши нерӯҳои пойгоҳи 201-и Русия дар Лоҳур

Ozodi.org 

Нерӯҳои пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон рӯзи 20 июн дар размоишгоҳи Лоҳур машқи навбатии худро баргузор карданд. Дар он зиёда аз 500 сарбозу афсар, 60 фарванд тонку зиреҳпуш ва ду чархболи МИ-24 ширкат карданд. Ҳадаф аз размоиш ҳамоҳангии амалиёти заминӣ ва ҳавоӣ барои нобуд кардани корвони ҳарбии бегона буд. Ҳамчунин чархболҳо дар ҳамла ва суқут додани ҳавопаймоҳои бесарнишин ба кор бурда шуданд. Машқи ҳарбии пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон сар чанд вақт баргузор мегардад. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд... Читать дальше...

Баҳси афви муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик дар Маскав

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон бори дигар масъалаи афви беш аз 200 ҳазор шаҳрванди кишварро бо ҷониби Русия дар миён гузоштаанд. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои гуногун бо ҷурми нақзи қоидаи будубош аз ҳудуди Русия ихроҷ шудаанд. Онҳо аз се то панҷ ва дар баъзе ҳолат то даҳ сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳруманд. Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон, дар мулоқоти рӯзи 18-уми июн бо Валентина Казакова, сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират ба ин мавзуъ дахл кардааст. Читать дальше...

Путин иқрор кард, ки зиндагии русиягиҳо вазнинтар шудааст

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯи мустақим бо шаҳрвандаони кишварашро аз посух ба пурсише дар бораи вазъи барномаҳои давлатӣ сар кард. Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи ниҳоии ин барномаҳо бояд болоравии сатҳи зиндагии мардум бошад. Барои ин ҳукумат даст ба чораҳои нохушоянд зад, монанди боло бурдани андоз аз арзиши иловагӣ, аммо ин кори ҳақ буд, чун "истеҳсол зиёд шуд, таваррум коҳиш ёфт ва даромадҳо бештар шуданд", - гуфт Путин Аммо пурсиши навбатӣ аз президент ин буд, ки чаро зиндагии русиягиҳо бадтар шуд? Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 20-уми июни соли 2019

Ozodi.org 

Барканории ду мансабдори баландпояи идораи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Суғд, кумаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони корӣ дар Русия, шикоят аз ҳашарҳои иҷборӣ дар Узбекистон ва сармоягузории чинӣ дар корхонаи алюминийи Тоҷикистон.



Порлумони Қирғизистон: дахлнопазирии Отамбоев дар ду ҳафта лағв мешавад

Ozodi.org 

Порлумони Қирғизистон хулосаи комисияи махсуси вакилонро дар мавриди эъломи айб нисбати президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ва бекорсозии дахлнопазирии ӯро баррасӣ мекунад. Канибек Имоналиев, раиси комисия, узви ҷиноҳи "Ота Макон" гуфт, ҷараёни бекорсозии дахлнопазирии Отамбоев ду ҳафта вақт мегирад. "Барои баровардани либоси кайҳоннавард баъди баргашташ аз кайҳон, ки вай 10 сол омодагӣ дида буд, ҳамагӣ як дақиқа вақт кофист. Барои баровардани либоси кайҳоннаварди сиёсӣ мо ба ду ҳафта вақт ниёз дорем. Читать дальше...

Гуфтугӯи мустақими Путин бо сокинони Русия

Ozodi.org 

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 20-уми апрел бо шаҳрвандони кишвараш гуфтугӯи мустақим баргузор кард ва ба пурсишҳои мухталифи онҳо посух дод. Пахши мустақими ин гуфтугӯ ҳамакнун аз тариқи шабакаҳои хабарии Русия идома дорад. Оқои Путин, ки аз соли 1999 дар мақомҳои президент ва сарвазири Русия фаъолият кардааст, бори 17-ум аст, ки чунин гуфтугӯҳоро баргузор мекунад. Ӯ дар гузашта 12 бор ҳамчун президент ва 4 маротиба ҳамчун ба пурсишҳои шаҳрвандон чунин ҷаласаҳои пурсишу посухро баргузор кардааст. Читать дальше...

Сайёҳи хориҷӣ: Дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон мушкил аст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки Тоҷикистон ба сайёҳони хориҷӣ бе сабти ном симкорт медиҳад, баъзе аз ҷаҳонгардон аз мушкили Интернет дар кишвар шикоят карданд. Онҳо гуфтанд, аз сад то панҷсад мегабайт Интернет дар Тоҷикистон зуд тамом мешавад.

Гузоришҳо: Эрониҳо дронеро дар фарози гулӯгоҳи Ҳурмуз суқут доданд

Ozodi.org 

Бино ба гузориши чандин расона, мақомоти амрикоӣ тасдиқ кардаанд, ки як мушаки замин ба ҳавои эронӣ як дрони низомиро дар ҳарими ҳавоии байналмилалӣ бар фарози гарданаи Ҳурмуз суқут додаанд.

Дар Узбекистон 23 кӯдаки як боғча аз оби ифлос заҳролуд шуданд

Ozodi.org 

Кӯдакон ва кормандони як боғча дар ноҳияи Баяути Узбекистон рӯзҳои 18-19 июн бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба бемористон муроҷиат карданд. Расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки 23 кӯдак ва 2 коргари боғча заҳролуд шудаанд. Ба гуфтаи табибон, норасоии оби ошомиданӣ дар боғчаи мазкур боиси сар задани чунин ҳолат шудааст. Рӯзи 17-уми июн дар боғча об набуд ва кӯдакон оби сард нӯшидаву меваи ношуста хӯрдаанд. Вазъи беморон миёна баҳо дода мешавад.

Трамп гуфт, дар ҳамоиши Ҷопон бо Путин мулоқот хоҳад кард

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп хабар дод, ки ҳафтаи оянда дар нишасти сарони "Бистгонаи бузург" дар Ҷопон бо президенти Русия Владимир Путин дидору гуфтушунид хоҳад дошт. "Ман мехоҳам бо Русия забон ёбам", - изҳор дошт Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Fox News. Як рӯз пеш Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, гуфт, аз нақшаи дидори эҳтимолии Путин ва Трамп дар Ҷопон хабар надорад. Вай афзуд, ки ҷадвали мулоқоти сарон дар ҳошияи нишаст дар ҳоли таҳяи шудан аст. Путин дар нимаҳои моҳи... Читать дальше...

Соат ба соат. Ҷараёни воқеа дар зиндони Ваҳдат. Таҳқиқи Радиои Озодӣ

Ozodi.org 

Дар зиндони Ваҳдат шоми 19 май чӣ воқеа рух дод? Оё ин ошӯб буд ё намоиши мақсаднок ва ё талоши фирор аз маҳбас? Тафтиши воқеа ба куҷо расидааст? Шоҳидон чӣ мегӯянд? Ин ҳама дар гузориши таҳқиқотии Радиои Озодӣ.

Таъсиси гуруҳ дар WhatsApp 9 сокини Қазоқистонро ба додгоҳ бурд

Ozodi.org 

Коршиноси масоили динӣ Рашид Муҳиддинов 19--уми июн дар додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон гуфт, дар матни мукотибаҳои 9 гумонбари терроризм нишонаҳои таблиғи тундгароӣ, барангехтани бадбинии динӣ ва миллиро пайдо накардааст. Ба гуфтаи Муҳиддинов, истилоҳҳое, ки дар хулосаи ташхисҳои пешин истифода шуда буданд, ҳамчун даъват ба хушунат шарҳ дода шудаанд. Мурофиаи навбатӣ дар робита ба парвандаи мазкур 20-уми июн баргузор мешавад. Қарор аст, дар он айбдоршавандаҳо бозпурсӣ шаванд. Ин 9 сокини маҳаллиро... Читать дальше...

Эрон аз сарнагунии ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ хабар дод, Пентагон рад кард

Ozodi.org 

Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон рӯзи панҷшанбеи 20-уми июн хабар дод, ки як ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоиро пас аз ворид шудан ба фазои Эрон дар минтақаи Кӯҳи Мубораки вилояти Ҳурмузгон, сарнагун кардааст. Аммо як мақом дар вазорати дифои Амрико гуфтааст, ҳеҷ як аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини ин кишвар дар осмони Эрон набудаанд. Дар баёнияи Сипоҳи посдорон омадааст, ки бомдоди панҷшанбе як ҳавопаймои ҷосусии "RQ-4 Gloobal Hawk"- Амрико баъд аз ворид шудан ба ҳарими сарзаминии Ҷумҳурии... Читать дальше...

Додгоҳи Қирғизистон ҳукми сиёсатмадори мухолифро бозбинӣ мекунад

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Қирғизистон 16-уми июл парвандаи сиёсатмадори мухолиф ва раиси зиндонии Ҳизби "Ота Макон"-и ин кишвар Омурбек Текебоевро дубора баррасӣ хоҳад кард. Дар ин бора ҳуқуқшинос Таалайгул Токтакунова хабар дод. Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, далелҳои наве ошкор шуданд, ки нодуруст будани баёноти шоҳиди асосии парванда Леонид Маевскийро тасдиқ мекунанд. Вакилони дифои Текебоев соли 2018 аз Додситонии кулли Қирғизистон дархост карданд, ки парвандаи шахси зери ҳимояташон аз рӯи далелҳои нав, ки бегуноҳии ӯро исбот мекунанд, дубора баррасӣ шавад. Читать дальше...

Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо ҳамтои эрониаш мулоқот кард

Ozodi.org 

Котиби Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон мулоқот кардааст. Хабаргузории расмии Эрон -- ИРНА хабар дод, ки мулоқоти Маҳмадалӣ Ватанзода ва Алии Шамхонӣ рӯзи чаҳоршанбеи 19-уми июн дар ҳошияи нишасти иҷлоси байналмилалии мақомҳои олии амниятии ҷаҳон дар шаҳри Уфаи Русия сурат гирифтааст. Ба гуфтаи манбаъ, ин ду мақоми баландпояи амниятии Тоҷикистон дар бораи тозатарин таҳаввулоти минтақа гуфтугӯ намудаанд. Манбаъ мегӯяд, ки робитаҳои дуҷонибаи... Читать дальше...

Узбекистон ба конфронси Гаага шомил мешавад

Ozodi.org 

Узбекистон тасмим дорад, то охири соли равон ба Конфронси Гаага доир ба ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ шомил шавад. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Узбекистон, ҳайати ин кишвар ба раҳбарии муовини вазири адлия Худоёр Мелиев рӯзҳои 18-24 июни соли равон дар кори 22-умин иҷлосияи Конфронси Гаага доир ба ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ дар Нидерландия иштирок мекунад. Манбаъ афзуда, ки раванди шомилшавии Узбекистон ба конфронси мазкур ҳанӯз дар моҳи марти соли 2019 оғоз шуда буд. "Дар ҷараёни сафар баргузории як қатор мулоқотҳои дуҷониба... Читать дальше...

Эрдуғон ба таҳқиқи байналмилалии марги Мурсӣ даъват кард

Ozodi.org 

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ба таҳқиқи байналмилалии марги президенти пешини Миср Муҳаммад Мурсӣ даъват кард. Мурсӣ ҳангоми баррасии парвандаи хиёнат ба давлати худ рӯзи душанбе дар додгоҳ ҷон дод. Эрдуғон гуфт, тамоми талошашро мекунад, то сабабҳои марги Муҳаммад Мурсӣ дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла аз сӯи Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ таҳқиқ карда шавад. "Мурсӣ 20 дақиқа дар рӯи фарши толори додгоҳ хобидааст ва касе ҳам натавонистааст ба ӯ кумак кунад. Мурсиро куштанд",-изҳор дошт президенти Туркия. Читать дальше...

Коргарони Daewoo textile дар Узбекистон аз шароити корӣ норозианд

Ozodi.org 

Коргарони ширкати Daewoo textile дар вилояти Фарғонаи Узбекистон аз шароити кориашон шикоят доранд. Як зан, ки дар ширкати мазкур кор мекунад, гуфт, корфармо касонеро, ки нисбатан маоши бештар мегиранд, ба мақомҳои поёнӣ таъйин ва маошашонро кам мекунад. Як коргари дигар шикоят кард, ки роҳбарияти корхона коргарони маҳаллиро ҳамчун "ғулом" кор мефармояд. Ширкати Daewoo Textile маҳсулоти нассоҷӣ истеҳсол мекунад. Ин ширкат дар Узбекистон дар маҷмуъ чаҳор коргоҳ дорад. Дар ин коргоҳҳо то 4 ҳазор сокини Узбекистон фаъолият мекунад. Читать дальше...

СММ Арабистони Саудиро масъули қатли Ҷамол Хошуқҷӣ донист

Ozodi.org 

Гузоришгари хоси Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбеи 19-уми июн дар гузорише муфассал ва дақиқ қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигор дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбулро "ҷинояти байналмилалӣ" донист ва хостори таҳқиқи бештар шуд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *