Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2019

Новости за 09.06.2019

Боздошти тазоҳургарон дар шаҳри Алмаато

Ozodi.org 

Пулиси Қазоқистон даҳҳо нафарро дар рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дастгир кард. Тазоҳургарон дар Алмаато ҷамъ омада, хостори таҳрими интихобот шуданд. Рӯзи 9-уми июн интихобот оғоз ёфт ва интизор меравад, Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури муваққат барои панҷ соли оянда ин курсиро аз худ кунад.

Тазоҳурот дар рӯзи интихоботи Қазоқистон

Ozodi.org 

Пулиси Қазоқистон даҳҳо нафарро дар рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар пойтахт дар шаҳри Нурсултон дастгир кард.Дар Қазоқистон рӯзи 9-уми июн интихоботи раёсати ҷумҳурӣ оғоз ёфт ва интизор меравад, Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури муваққат барои панҷ соли оянда ин курсиро аз худ кунад.

Қатли як зани 45 -солаи тоҷик дар Амрико

Ozodi.org 

Бино ба гузориши “Вашингтон Пост”, Лола Ғуломова як зани 45-солаи тоҷикро шавҳараш дар шаҳри Вашингтон куштааст. Рӯзнома рӯзи 8-уми июн бо нашри як гузориши муфассал дар ин бора навишт, ки Ҷейсон Риф шавҳари 51-солаи Лола Ғуломова, баъди куштани ҳамсари тоҷикаш худкушӣ кардааст. Ҳарду дар муассисаҳои марбут ба равобити хориҷии Амрико кор мекардаанд ва қарор будааст, рӯзи ҷумъа 5-уми июн дар додгоҳ аз ҳам ҷудо шаванд. Фоҷиа дар ҳамин рӯз рух додааст. Аз ин ҷуфт, ду духтар ятим мондааст. Рӯзнома навиштааст... Читать дальше...

Хабарнигори рус дар ҳабси хонагӣ мемонад

Ozodi.org 

Додгоҳи Русия амр додааст, ки Иван Голунов, хабарнигори таҳқиқгар, ки дар Маскав бо иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир дастгир шуд, то замони анҷоми тафтиш дар ҳабси хонагӣ бимонад. Додгоҳи Маскав рӯзи 8-уми июн дархости додситонҳо барои нигаҳдории Иван Голунов дар боздоштгоҳро рад кард ва гуфт, ӯро дар ҳабси хонагӣ нигаҳ доранд. Хабарнигорро рӯзи 6-уми июн дастгир карданд ва ӯ ба фурӯши “миқдори зиёди” маводи мухаддир муттаҳам мешавад. Барои ин ҷиноят дар Русия аз 10 то ба 20 соли зиндон ҷазо муқарраро шудааст. Читать дальше...

Раиси ҳизби олмонӣ хостаи ҳамҳизбонашро рад кард

Ozodi.org 

Раҳбари Ҳизби Масеҳиёни Демократ дар Олмон даъвати теъдоде аз ҳамсафонаш барои сабуктар кардани таҳримот ба зидди Русиро рад кард ва гуфт, таҳримот то замоне, ки Русия рафтораш дар Қрим ва шарқи Украинаро тағйир надиҳад, набояд аз байн бардошта шаванд. Раиси ҳизб Аннегрет Крамп Карренбауер рӯзи 8-уми июн гуфт, “то замоне, ки рафтори Русия онҷо тағйир накунад, ҳеҷ имконе барои тағйир дар ҳамкориҳои иқтисодӣ нахоҳад буд.” Пештар аз ӯ намояндаи дигари Ҳизби Масеҳиёни Демократи Олмон Майкл Кретсшмер... Читать дальше...

Ҳасан Рӯҳонӣ ҳафтаи оянда ба Душанбе меравад

Ozodi.org 

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ҳафтаи оянда ба Душанбе сафар мекунад. Расонаҳои Эрон навиштаанд, ки ӯ бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти 5-уми сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё ба Тоҷикистон меравад. Нишаст рӯзҳои 14-15-уми июн сурат мегирад ва қарор аст, дар он раҳбарони даҳҳо кишвари Осиё ширкат кунанд. Сафари Ҳасан Рӯҳонӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳои хубе надоранд. Душанбе, ки як замон аз шарикони наздики Теҳрон ба ҳисоб мерафт... Читать дальше...

Тавсияи милиса ба сокинони ноҳияҳо: Ду рӯз бе зарурат ба Душанбе наоед.

Ozodi.org 

Мақомоти интизомӣ аз сокинони ноҳияҳои Тоҷикистон хостаанд, ду рӯзи нимаи моҳи июн бе зарурат ба Душанбе наоянд. Раёсати умури дохилии Душанбе бо нашри як огаҳии расмӣ дар вебсайти вазорати умури дохилӣ гуфт, ба сабаби баргузории нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё чанд роҳи марказии Душанбе як қисмати шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ баста мешавад. Нишасти мазкур, ки дар он қарор аст, раҳбарони 27 кишвар ширкат варзанд, рӯзҳои 15 ва 16-уми июн дар Душанбе сурат мегирад. Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯяд... Читать дальше...

Баҳси доғи ду ҳафта таҳсил дар тобистони гарми Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дар ҳоле, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳадафи тамдиди соли хонишро тадриси комили барномаҳои таълимӣ ба муҳассилин меномад, дар бархе аз макотиб ба сабаби анҷоми барномаҳои таълимӣ, хонандагон дарсҳои такрорӣ мехонанд. Дар баъзе дигар хонандагон ба мактаб намераванд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *