Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2019

Новости за 26.06.2019

Имсол тарбуз бисёр шуд. Сокинон – розӣ, деҳқонон – норозӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Соли гузашта нархи тарбуз дар бозорҳои Тоҷикистон "кайҳонӣ" шуд ва бештари сокинон "лабташна" монданд. Деҳқонон ангушти ҳасрат газиданд, ки чаро тарбузи бештар накиштанд, то фоидаи зиёдтар бигиранд. Имсол ҳама хостанд, фоида гиранд. Тарбуз дар бозорҳо зиёд шуд ва нархи он якбора поин омад.

Тарбуз арзон шуд. Сокинон розӣ, деҳқонон - норозӣ

Ozodi.org 

Соли гузашта нархи тарбуз дар бозорҳои Тоҷикистон "кайҳонӣ" шуд ва бештари сокинон "лабташна" монданд. Деҳқонон ангушти ҳасрат газиданд, ки чаро тарбузи бештар накиштанд, то фоидаи зиёдтар бигиранд. Имсол ҳама хостанд, фоида гиранд. Тарбуз дар бозорҳо зиёд шуд ва нархи он якбора поин омад.

Шӯрои Федератсия узвияти Русияро дар Паймони мушакӣ боздошт

Ozodi.org 

Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия, рӯзи 26-уми июн аз фармони Владимир Путин барои боздоштани иштироки ин кишвар дар Паймони манъи мушакҳои миёнапарвоз пуштибонӣ кард. Ин паймон дар соли 1987 байни Русия ва Амрико имзо шуда буд. Ҳашт рӯз пеш Думаи давлатӣ ё палатаи поёнии порлумони Русия низ фармони Путинро тасвиб карда буд. Моҳи феврали имсол Иёлоти Муттаҳида иштироки худро дар Паймони манъи мушакҳои миёнапарвоз боздошт. Вашингтон ва муттаҳидонаш Русияро барои ҷойгир кардани системаи... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 26-уми июни соли 2019

Ozodi.org 

Модари маҳбус натавонист бо Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт вохӯрад, тарбуз арзон шуд, Фирташ дар Тоҷикистон ноком буд, зоҳиран дар Австрия ҳам кораш омад нахоҳад кард, Душанбе шаҳри кранҳо ва мавсими хатарноки оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ.

Ихтиёрӣ ё иҷборӣ? Фурӯши билетҳои консерти Нозия ва Муҳаммадрофеъ дар Панҷакент

Ozodi.org 

Дар ҳоле, ки бархе омӯзгорони Панҷакент аз иҷборан харидорӣ намудани чиптаҳои консерти муштараки сарояндаҳои маъруфи тоҷик Нозия ва Муҳаммадрофеи Кароматуллоҳ изҳори нигаронӣ менамоянд, масъулини бахши маорифи ин шаҳр мегӯянд, билетҳо "ихтиёран" дастраси омӯзгорон шудааст.



Дар пайи таркиши анбори аслиҳаи Қазоқистон 350 кас беномунишон шуданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Ариси вилояти Туркистони Қазоқистон, ки 24 июн як анбори лавозимоти ҷангӣ таркид, беш аз 350 сокини маҳаллӣ беному нишон шуданд. Ба огаҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, аз ин афрод то ҳол танҳо се нафарро пайдо кардаанд. Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Қазоқистон, таркиши нахустин дар анбори аслиҳаи Арис соати 09:15 дақиқаи субҳи 24 июн рух дод. Мақомот худи он рӯз дар шаҳр ҳолати изтирорӣ эълом ва интиқоли 43 ҳазор сокини шаҳрро ба ҷои амн, аз ҷумла ба шаҳри Чимкент оғоз карданд. Читать дальше...

Чин $6 млн 760 ҳазор харҷи ҷаласаи СҲШ дар Бишкекро медиҳад

Ozodi.org 

Ҳукумати Чин барои пардохти як қисми харҷи ҷаласаи раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки ахиран дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, 6 млн 760 ҳазор доллар ҷудо мекунад. Ба огаҳии Вазорати молияи Қирғизистон, миёни Бишкек ва Пекин дар ин замина ёддоште ба имзо расидааст. Бо маблағи мазкур кадом бахши харҷҳои ҷаласаи сарони кишварҳои СҲШ рӯйпӯш хоҳад шуд, гуфта намешавад. Ҷаласаи ахири раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай 14 июн зери раҳбарии Қирғизистон дар Бишкек баргузор шуд. Читать дальше...

Додситони пешини махсуси ИМА дар Конгресс шоҳидӣ медиҳад

Ozodi.org 

Роберт Мюллер, додситони махсуси пешини Амрико, ки пажуҳиши дахолати эҳтимолии Русияро дар интихоботи президентии соли 2016 дар Иёлоти Муттаҳида роҳбарӣ мекард, рӯзи 17-уми июл дар ду кумитаи Конгресси кишвараш шоҳидӣ медиҳад. Намояндагони Конгресси Амрико хабар доданд, ки Мюллер баъди дарёфти дархости ширкат дар ҷаласа, ба шоҳидӣ додан дар бораи пажуҳишаш изҳори омодагӣ кардааст. "Амрикоиҳо талаб доранд, додситони махсус суханронӣ кунад ва шарҳ диҳад, ки тими вай дар ҷараёни пажуҳиш дар робита... Читать дальше...

Отамбоев айбҳои эъломшударо дурӯғу ҳазёни комил номид

Ozodi.org 

Намояндагони президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев изҳороти ӯро дар робита ба ҳаводиси охир нашр карданд. Дар изҳорот омадааст, ки барои дастёбӣ "ба ин аҳдоф" ҳамаи неруи мақомоти давлатӣ фаро хонда, "ифлостарин сиёсатмадорон бо гузаштаи фасодолуди худ ва истифодаи шеваҳои бадахлоқонаи иттилоотӣ" дар маърака ҳамроҳ шудаанд. "Пештар аз ин ман гуфтам, ки дар ин намоишнома ширкат намекунам. Аз масъулият намеҳаросам. Аммо дар оинаи таърих ҳақ надорам, ки беқонунии аз сӯи Ҷеенбеков роҳандозишударо қонунӣ гардонам. Читать дальше...

Дар таркиши анбори аслиҳаи Қазоқистон 350 кас бе нишон шуданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Ариси вилояти Туркистони Қазоқистон, ки рӯзи 24-уми июн як анбори лавозимоти ҷангӣ таркид, беш аз 350 сокини маҳаллӣ беному нишон шуданд. Ба огаҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, аз ин афрод то ҳол танҳо се нафарро пайдо кардаанд. Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Қазоқистон, таркиши нахустин дар анбори аслиҳаи Арис соати 09:15 дақиқаи субҳи 24 июн рух дод. Мақомот худи он рӯз дар шаҳр ҳолати изтирорӣ эълом ва интиқоли 43 ҳазор сокини шаҳрро ба ҷои амн, аз ҷумла ба шаҳри Чимкент оғоз карданд. Читать дальше...

Даъвати чеҳраҳои шинохта ба озодии Гулнора Каримова

Ozodi.org 

Бархе аз чеҳраҳои шинохтаи шоу-бизнеси узбек рӯзҳои 24 ва 25-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ситоиши Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов пардохта, ба озодии фаврии ӯ аз зиндон даъват карданд. Як блогер аз шаҳри Тошканд ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, намояндагони шоу-бизнес ва блогерони узбек дар ин замина аз маъмурияти президенти кишвар дастури махсусе гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин маърака ба омодагии ҷомеа барои озодии Каримова ва фароҳам сохтани назари мусбат ба ин қазия равона шудааст. Читать дальше...

Муҳоҷирон аз чӣ заҳролуд шуданд? Таҳқиқи ҳодисаи Одинтсово

Ozodi.org 

Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар робита ба заҳролудшавии даҳҳо муҳоҷир аз Тоҷикистону Узбекистон дар шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Тақрибан панҷоҳ муҳоҷир шаби 22-юми июн ба бемористонҳои Одинтсово бурда шуданд. Ҳамаи онҳо дар корхонаи дару тирезасозӣ кор мекунанд.

Муҳоҷирони тоҷик навраси русро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як гурӯҳ аз муҳоҷирон аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар шаҳраки Яблоновскийи Ҷумҳурии Адигеяи Русия навраси 13-соларо аз ғарқшавӣ наҷот додаанд. Ҳодиса шоми 24-уми июн рух додааст. Ин гуруҳи муҳоҷирон соле пеш дар ҳамин минтақа як зан ва як кӯдакро аз об берун оварда буданд. Ҳарчанд мақомоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия пешниҳод карда буданд, ба онҳо ҷоизаи ҷасорат дода шавад, ба қавли муҳоҷирон, он дар сатҳи гап мондааст. Дар видеое, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, дида мешавад, чӣ... Читать дальше...

Ҷангиёни қирғиз бо шиносномаҳои қалбакӣ аз Сурия ба ватан бармегарданд

Ozodi.org 

Бештари қирғизистониҳое, ки "дар ҷангҳои Сурия ноумед шудаанд", талош доранд, бо шиносномаҳои қалбакӣ ба ватан баргарданд. Ин нуктаро котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Дамир Сагинбоев дар Ҳамоиши зиддитеррористии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар Бишкек баён дошт. Пештар Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфт, дар ҳамкорӣ бо мақомоти Ироқ шахсияти қирғизистониҳоеро муайян карданд, ки дар он кишвар ҳузур доранд. Дар ҳоли ҳозир масъалаи баргардонидани онҳо ба ватан баррасӣ мешавад. Иқдомҳои ҳамсон дар Сурия низ идома доранд. Читать дальше...

Трамп охири ҳафтаи равон бо Путин дар Ҷопон вомехӯрад

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп дар ҷараёни саммити "Бистгонаи бузург", ки қарор аст, ҳафтаи равон дар Ҷопон баргузор шавад, бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот хоҳад кард. Як масъули маъмурияти президенти ИМА гуфт, Трамп дар баробари Путин бо раҳбарони бархе аз кишварҳои дигар низ мулоқот мекунад. Аз ҷумла, ӯ бо президенти Чин, валиаҳди Арабистони Саудӣ ва раисҷумҳури Туркия дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Ҷадвали дидору мулоқотҳои Доналд Трамп дар ҳоли ҳозир дар баррасӣ буда, бинобар ин, санаи дақиқи вохӯриҳо гуфта намешавад. Читать дальше...

Дар Қирғизистон ба ҷонибдорӣ аз Отамбоев ситод ташкил шуд

Ozodi.org 

Ба ҷонибдорӣ аз президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар назди манзили зисташ дар деҳаи Кой-Таш ситоде ташкил шудааст. Дар ин бора узви Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (ҲСДҚ) Одил Турдукулов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар рӯбарӯи манзили зисти Отамбоев чанд хайма насб шуда, ҳамчунин хадамоти матбуотие таъсис ёфтааст, ки аз рӯзи 26 июн фаъолиятро оғоз хоҳад кард. Турдукулов гуфт, "ситоди мардумӣ" зидди "беқонунӣ"-е ташкил шудааст, ки ҳоло дар Қирғизистон ҷараён дорад. ... Читать дальше...

Сафари Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон ба Бадахшон

Ozodi.org 

Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон, писари хурдии раҳбари исмоилиёни ҷаҳон, дар шаҳри Хоруғ -- маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз сӯи мақомот ва сокинон истиқбол шуд. Шоҳзода Алӣ Оғохон рӯзи 25-уми ба Бадахшон сафар намуд.  Ба гуфтаи дафтари матбуоти раиси шаҳри Хоруғ, дар чаҳорчӯбаи сафари худ Шоҳзода Алӣ Оғохон аз маркази тиббии Оғохон, ҷамоатхона ва маркази исмоилия дидан намудааст. Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон рӯзи 25-уми июн бо раҳбарияти Институти биологии Помир ба номи Худоёр Юсуфбеков ва Боғи наботои шинос шудааст. Читать дальше...

Боздошти модари Худоёров пеш аз вуруди президент ба Навобод

Ozodi.org 

Кормандони пулис Мавҷигул Ғарибова, модари Ҷунайдулло Худоёров, як корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро, ки дар зиндон ба сар мебарад, нагузоштаанд дар мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон иштирок кунад ва ӯро боздошт карданд.

Бист шаҳрванди Узбекистон дар Қазоқистон ба асорати меҳнатӣ гирифтор шуданд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, 20 шаҳрванди ин кишвар дар боздоштгоҳи шаҳри Каскелени вилояти Алматои Қазоқистон қарор доранд. Ба иттилои вазорат, 23-юми июн корманди консулгарии Узбекистон ба вилояти Алмато рафт, ки ба асорат гирифтор шудани шаҳрвандонро тафтиш кунад. Корманди консулгарӣ ошкор кард, ки 20 шаҳрванди Узбекистон ибтидои моҳи март барои кор дар корхонаи хишт ба Қазоқистон рафтанд. Шиносномаҳои онҳо бо баҳонаи ҳуҷҷатгузорӣ аз сӯи корфармо гирифта шуд. Коргарон баъди саркашии... Читать дальше...

Додситони пешини Узбекистон аз ҳамаи унвонҳои давлатиаш маҳрум шуд

Ozodi.org 

Абдулло Орипов, сарвазири Узбекистон дар ҷаласаи рӯзи 20-уми июни Додситонии кулли он кишвар Отабек Муродови ҳабсшуда, додситони кулли пешини Узбекистонро аз ҳамаи унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ маҳрум кард. Отабек Муродови 44-сола дар "сӯистифода аз мақом", "порагирӣ" ва "порадиҳӣ" айбдор мешавад. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ахиран дар як ҷаласа хабар дод, ки нисбати Отабек Муродов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. "Инро чи хел фаҳмем? Ба маҳзи он, ки мансаб мегиранд, тағйир меёбанд. Аз додситонҳои... Читать дальше...

Вазъ дар Ариси Қазоқистон пас аз ду рӯзи таркишҳо

Ozodi.org 

Даромадан ба шаҳри Ариси вилояти Туркистони Қазоқистон, ки ахиран анбори аслиҳае дар он таркид, ҳанӯз ҳам манъ буда, фаъолияти бозор, фурӯшгоҳ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва ҳаракати қатора қатъ карда шудааст. Бино ба иттилои бахши қазоқии Радиои Озодӣ, субҳи 25-уми июн дар наздикии деҳаи Бодом, ки аз онҷо вуруд ба шаҳри Арисро бастаанд, даҳҳо сокини маҳаллӣ ҷамъ шуда, талаб карданд, ки ба онҳо иҷозат диҳанд, то ба хонаҳои худ дар шаҳр баргарданд. Ҷамъшудаҳо аз амнияти амволи худ нигаронанд. Вале мақомот иҷозат надоданд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *