Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2019

Новости за 18.06.2019

Дар чарогоҳи баҳсбарангез дар наздикии Ворух чӣ гузашт?

Ozodi.org 

Як сокини ҷамоати Ворух мегӯяд, гурӯҳе аз сокинони вилояти Ботканд боми иқоматгоҳи онҳоро дар чарогоҳи баҳсбарангез дар марз оташ задаанд. Аз кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон шарҳе нарасидааст ва расонаҳои Қирғизистон, ки доир ба ҳар моҷаро дар марз гузориш медиҳанд, дар ин бора чизе нанавиштаанд.

Фозилҷон Фатҳуллоев: Кори ҳар вазир баҳои муайян дорад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ба ақидаи Фозилҷон Фатҳуллоев, корманди собиқи Пажӯҳишгоҳи иқтисод, неку бади мансабдорон бояд баҳогузорӣ шавад, то ҳам онҳо масъулият ҳис кунанд ва ҳам ҷомеа камбуду пешрафтҳои аъзои ҳукуматро бишиносад. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ягон навъи рейтингҳои расмӣ анҷом дода намешавад.

Фатҳуллоев: Кори мансабдорон бояд бар асоси рейтинг баҳогузорӣ шавад

Ozodi.org 

Ба ақидаи Фозилҷон Фатҳуллоев, корманди собиқи Пажӯҳишгоҳи иқтисод, неку бади мансабдорон бояд баҳогузорӣ шавад, то ҳам онҳо масъулият ҳис кунанд ва ҳам ҷомеа камбуду пешрафтҳои аъзои ҳукуматро бишиносад. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ягон навъи рейтингҳои расмӣ анҷом дода намешавад.

Ахбори Озодӣ аз 18-уми июни соли 2019

Ozodi.org 

Чархаи дуюми нерӯгоҳи Роғун фаъол шудааст, дар вилояти Сичуани Чин заминларзаи нерӯманд ҷой дошт, ҳабси собиқ вазири амнияти Узбекистон тасдиқ шуд ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ раддабандии манбасдоронро пешниҳод кардааст.

Амалиёти наҷот пас аз заминларзаи маргбор дар Чин. ВИДЕО

Ozodi.org 

Телевизиони Чин хабар дод, ки шаби гузашта дар канораҳои шаҳри Ибини вилояти Сичуани Чин чанд такони замин сабт шуд. Аз ин пеш, рӯзи 17-уми июн, дар ин кишвар заминларзаи баробар бо шаш дараҷаи Рихтер рух дода буд. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Чин гурӯҳҳои наҷотро ба минтақаи офатзада фиристодааст. Субҳи сешанбе телевизиони Чин тасдиқ кард, ки бар асари заминларза камаш 12 нафар фавтида, 125 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Лағжидани кӯҳпора равуо ба ин минтақаи дурдастро душвор кардааст. ... Читать дальше...

Нигоҳҳои мухталиф аз Тоҷикистон ба кору шахсияти Мурсӣ

Ozodi.org 

Як сол дар қудрат буд ва шаш соли ахир дар зиндон. Муҳаммад Мурсӣ, яке аз раҳбарони созмони "Бародарони Мусалмон" ва раиси ҷумҳури собиқи Миср, рӯзи 17-уми июн дар додгоҳ даргузашт ва рӯзи сешанбе дафн шуд.



Шаҳрдори пешини Бишкек гуфт, ба Отамбоев $500 ҳазор қарз додааст

Ozodi.org 

Наримон Тюлеев, шаҳрдори пешини Бишкеки Қирғизистон гуфт, ки ба Алмосбек Отамбоев, президенти пешини он кишвар барои маъракаи интихоботиаш 500 ҳазор доллар қарз додааст. Ба гуфтаи Тюлеев, вақте вай қарзҳояшро талаб кард, муносибати Отамбоев нисбати вай тағйир ёфт ва ӯро баъдтар ҳабс карданд. Тюлеев дар ин бора ба комисияи вакилони салоҳиятдоре хабар дод, ки талоши бекорсозии дахлнопазирии Отамбоевро доранд. Тюлеев гуфт, Отамбоев аз вай ҳанӯз солҳои 2007-2008 қарз хоста буд. Тарафдорони Отамбоев... Читать дальше...

ИМА ба Ховари Миёна ҳазор низомии дигар мефиристад

Ozodi.org 

Амрико ба Шарқи Наздик ҳазор низомии дигар мефиристад. Патрик Шэнахан, иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи ИМА дар ин бора фармон содир кард. Аммо муҳлати буду боши низомиҳо дар Шарқи Наздик ошкор нашудааст. Дар изҳороти Пентагон омадааст, ки фиристодани низомиҳои иловагӣ ба хотири пешгирӣ аз иқдомҳои Эрон дар минтақа, рӯи даст гирифта шудааст. Ахиран мақомоти низомии ИМА аксҳоеро нашр карданд, ки ба бовари коршиносон, ҳамлаи Эрон ба нафткашҳои халиҷи Умонро собит мекунанд. Доналд Трамп, президенти... Читать дальше...

Президенти Туркманистон писарашро раиси вилоят таъйин кард

Ozodi.org 

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов писари худ Сардор Бердимуҳаммадовро раиси вилояти Ахал (Ишқободи пешин) таъйин кард. Дар ин бора хабаргузории давлатии Туркманистон иттилоъ дод. Вилояти Ахал пас аз ҷудо шудани пойтахти Туркманистон ба минтақаи алоҳидаи маъмурӣ таъсис ёфт. Бердимуҳаммадови хурдӣ аз моҳи январи соли равон муовини раиси ин вилоят буд. Сардор Бердимуҳаммадов моҳи марти соли 2018 муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон таъйин шуда буд. Ҳамзамон вай дар интихоботи... Читать дальше...

Мақомоти қазоқ гуфтанд, наздики 4 ҳазор эътирозгар боздошт шудааст

Ozodi.org 

Ҳангоми пароканда кардани эътирозҳои моҳи ҷорӣ дар Қазоқистон пулис наздики 4 ҳазор одамро боздошт кард. Дар ин бора вазири корҳои дохилии он кишвар Ерлан Тургумбоев рӯзи 18-уми июн хабар дод. "Рӯзҳои 9, 10, 11, 12 ва 13-уми июн дар шаҳрҳои Қазоқистон эътирозҳои ғайриқонунӣ баргузор шуд. Шаҳрвандоне, ки дар эътирозҳо ширкат доштанд, қонун "Дар бораи тазоҳурот, роҳпаймоӣ ва гирдиҳамоӣ"-ро поймол карданд. Дар қонун дақиқ навишта шудааст, ки пеш аз ташкил кардани гирдиҳамоӣ шаҳрвандон бояд ба мақомоти маҳаллӣ ариза диҳанд. Читать дальше...

Вакили дифои швейтсарии Гулнора Каримова дубора ба Узбекистон баргашт

Ozodi.org 

Грегуар Манжа, вакили дифои швейтсарии духтари калонии президенти нахустини Узбекистон Гулнора Каримова 15-уми июн хабар дод, ки дубора ба Узбекистон бармегардад. "Ҳафтаи оянда ба зиндони Зангиотаи Тошканд баргашта, барои хотима бахшидан ба ҳабси худсаронаи Гулнора Каримова ва дастрасии мунтазами ӯ ба ёрии тиббӣ талош хоҳам кард. Ин вазъ, ки барои Узбекистон ҳам шармовар аст, набояд дигар идома ёбад",-навишт Грегуар Манжа 15-уми июн дар "Твиттер". Грегуар Манжа 2-юми июн низ хабар дода буд, ки дар зиндони Зангиота аст. Читать дальше...

Сокинони Самарқандро ба обод кардани зодгоҳи раиси вилоят маҷбур доранд

Ozodi.org 

Дар вилояти Самарқанди Узбекистон сокинонро ба корҳои сохтмонӣ ва ободонии деҳае иҷборан ҷалб мекунанд, ки раиси вилоят Эркинжон Турдимов онҷо таваллуд ва ба воя расидааст. Ба гуфтаи манобеъ, ба корҳои сохтмонӣ асосан онҳоеро ҷалб мекунанд, ки ба кумаки моддӣ ниёз доранд. Мақомот дастур гирифтаанд, ки деҳаи "Жуш" то охири сол ба ободтарин рустои вилоят табдил дода шавад. Бинобар ин, барои сари вақт иҷро шудани дастур сокинони маҳаллӣ низ ҷалб гаштаанд. "Аз аввали сол кормандони муассисаҳои давлатиро... Читать дальше...

ИМА аз эҳтимоли таҳримҳои зидди Туркия барои С-400 ҳушдор дод

Ozodi.org 

Рӯзи душанбе ИМА Туркияро ҳушдор дод, ки метавонад барои дар қаламрави худ ҷобаҷо кардани маҷмуаҳои мушакии русии С-400 зидди Анкара таҳрим ҷорӣ кунад. Дар ин бора шабакаи телевизионии Foxnews хабар додааст. Дар номае ба вазири дифои Туркия Хулуси Акар иҷрокунандаи вазифиаи вазири дифои ИМА Патрик Шэнахэн ҳушдор дод, ки дар сурати дарёфти муҷтамаъҳои С-400, Туркия аз ҳавопаймоҳои амрикоии F-35, ки фармоиш додааст, маҳрум хоҳад гашт. Раҳбари Пентагон нахустин мансабдори амрикоист, ки аз эҳтимоли ҷорӣ шудани таҳрим нисбати Туркия ҳарф зад... Читать дальше...

СММ: суръати афзоиши аҳолӣ кам шуд, Ҳинд аз Чин мегузарад

Ozodi.org 

То соли 2050 аҳолии кураи Замин тақрибан ба 9 миллиарду 700 миллион нафар хоҳад расид, аммо суръати афзоиши аҳолӣ камтар шуда, бисёре аз давлатҳо ба масъалаи пиршавии мардуми худ рӯбарӯ хоҳанд гашт. Ҳинд аз рӯйи саршумори аҳолӣ аз Чин гузашта, ба сернуфустарин кишвари ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Ин нукот меҳвари гузориши нави СММ дар бораи аҳолиро ташкил медиҳанд. Бо такия ба арқоми ин гузориш Пажуҳишгоҳи Pew ба натиҷае расидааст, ки дар оғози садаи XXII афзоиши аҳолӣ амалан қатъ мешавад. Коҳиши сахти... Читать дальше...

Пелоси: "Дар баробари Эрон бояд қавӣ ва боҳуш буд, на саросема ва бепарво"

Ozodi.org 

Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико дар вокуниш ба тавофуқи Пентагон барои фиристодани нерӯҳои бештар ба Ховари Миёна дар пайи ҳамлаҳо ба киштиҳои нафткаш дар Баҳри Умон ва афзоиши танишҳо байни Вашингтон ва Теҳрон, баёнияе нашр кардааст.

Дубора баъд аз 30 сол: Тоҷикистон мехоҳад дар Кӯлоб корхонаи аккумулятор созад

Ozodi.org 

Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон як корхонаи истеҳсоли аккумуляторҳоро бунёд карданист. Ин тақрибан ҳамон тарҳест, ки дар оғози солҳои 1990 ба далели эътирозҳои рӯшанфикрон ва фаъолони ҷомеа лағв гашта буд.

Иттиҳодияи Аврупо стратегияи нави худ дар бораи Осиёи Миёнаро қабул кард

Ozodi.org 

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо стратегияи нави худро дар мавриди Осиёи Миёна тасвиб кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳадафи аз стратегияи нав, тақвияти ҳамкории қавӣ ва давомдор миёни ин иттиҳодия ва кишварҳои минтақа аст.  Вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 17-уми июн дар мулоқоти худ дар Бруссел ин стратегияро ба тасвиб расонданд. Онҳо аз тақвияти равобити Иттиҳодияи Аврупо бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон истиқбол карданд. Нахустин стратегияи ин иттиҳодия... Читать дальше...

Дар таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Қазоқистон ҳафт тан захмӣ шуданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Костанаи Қазоқистон дар натиҷаи таркиши як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳафт тан захмӣ шуданд. Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, таркиш дар биное рух дод, ки нуқтаи ғизои умумӣ онҷо ҷойгир буд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дод, лаҳзаи таркиш як мошини дорои дастгоҳҳои газ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ қарор дошт. Дар натиҷаи таркиш бино тахриб ва оташ сар задааст. Чаҳор тан аз маҷмуи зарардидагон дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Холкӯбҳо Туркманистонро тарк мекунанд

Ozodi.org 

Баъди таъқибҳои давомдори холкӯбҳо дар Туркманистон бисёре аз мутахассисони ин соҳа Туркманистонро тарк мекунанд. Яке аз холкӯбҳо ба бахши туркмании Радиои Озодӣ тамос гирифт ва дар бораи тарк кардани Туркманистон нақл кард. "Фишор аз соли 2015 шуруъ шуд. Асбобҳои маро гирифтанд, ҷарима бастанд, забонхат ҳам гирифтанд, ки ман дигар холкӯбӣ намекунам. Якбора аз 5 мақомот назди ман омада буданд. Онҳо мехостанд, донанд, ки ман ба чанд нафар холкӯбӣ кардаам, чи қадар маблағ даромад мекунам. Онҳо ҳатто таҳдид карданд... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *