Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2019

Новости за 27.06.2019

Трамп: Агар раҳбарони Эрон тавофуқ намехоҳанд, "худхоҳ" ва "аҳмақ" ҳастанд

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 26-уми июн ба камияш се дафъа дар бораи таниши байни Эрону Амрико изҳори назар кард. Вай дар охирин мавзеъгирии худ гуфт, агар раҳбарони Эрон тавофуқ намехоҳанд, пас, “худхоҳ” ва “аҳмақ” ҳастанд.

Таҷлил аз рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Сокинони Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн аз ҷашни Ваҳдати миллӣ таҷлил карданд. Дар ин рӯз дар соли 1997 Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав имзо шуд, ки ба ҷанги панҷсола дар ин кишвар хотима гузошт.

Президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Белорус рафт

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн ба Белорус сафар кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳадаф аз ин боздиди  Эмомалӣ Раҳмонро "сафари расмӣ" эълон кард. Манбаъ тафсилоти дигаре дар робита ба барномаи сафари оқои Раҳмон ироа накардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар президентро вазирони умури хориҷӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, фарҳанг, ёвари президент дар умури равобити байналмилалӣ, Додситони кул, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва дигар афроди расмӣ, ҳамроҳӣ мекунанд. Читать дальше...

"Агар дар Тоҷикистон ҷанг намешуд..."

Ozodi.org 

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе дар рӯзи таҷлил аз ҷашни Ваҳдати миллӣ гуфтанд, ки "агар дар Тоҷикистон ҷанг намешуд, чӣ иттифоқ меафтод?" Ҷавобҳоро дар навор бинед.

Нархи билетҳои "Аэрофлот" боло меравад

Ozodi.org 

Ширкати русии "Аэрофлот" сар аз оғози моҳи июл боҷ ё андози маводи сӯхт барои парвозҳои дохилӣ ва ҳамчунин аз Маскаву Санкт-Петербург ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистонро боло мебарад. Ба ин тартиб, қимати билетҳо дар ин масирҳо низ боло хоҳад рафт. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" хабар додааст. Бар пояи ин тағйирот, қимати билети парвозҳои дохилӣ аз 235 то 2700 рубл боло меравад. Дар парвозҳои масири Маскав-Якутия, ки ҷудогона дараҷабандӣ шудааст, қимати билетҳо то 4200 рубл афзоиш хоҳад ёфт. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 27-уми июни соли 2019

Ozodi.org 

Ҷашни Рӯзи Ваҳдат, таҳқиқи нопадидшавии афрод дар Тоҷикистон, сафари фиристодаи ИМА дар Афғонистон ба Душанбе, лағви масунияти собиқ президенти Қирғизистон, тақдими шаҳрвандии Русия ба тоҷикони маълумотдор ва матолиби дигар.

Теҳрон гуфт, раванди ғанисозии уранро суръат мебахшад

Ozodi.org 

Теҳрон дар пасманзари идомаи худдориҳои Эрон аз иҷрои уҳдадориҳояш дар доираи созишномаи ҳастаии соли 2015 ва сард шудани равобит бо ИМА эълом кард, ки ғанисозии уранро суръат хоҳад бахшид. "Ҳамаи мансабдорони ИМА Эронро айбдор ва таҳқир мекунанд. Вале мардуми Эрон ҳеч гоҳ дар баробари чунин таҳқирҳо сар фуруд нахоҳанд овард", - омадааст дар изҳороти раҳбари маънавии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ, ки 26 июн дар сомонаи худи ӯ нашр шуд. Пештар, рӯзи чаҳоршанбе сухангӯи Оҷонси ҳастаии Эрон Беҳрӯз Камолвандӣ дар суҳбат бо IRIB гуфт... Читать дальше...

Тазоҳуроти садҳо сокини Арис дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон

Ozodi.org 

Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон садҳо сокини шаҳри Арис, ки пас аз таркши анбори аслиҳа аз хонаҳои худ кӯчонида шуданд, дар назди масҷиди "Акмешит" даст ба тазоҳурот зада, мулоқот бо мақомотро талаб доранд. Ҷамъшудаҳо гуфтанд, аз ҳукумат кумак нагирифтаанд. Онҳо мегӯянд, то талабҳояшон иҷро нашавад, шоҳроҳи Тамерланро боз нахоҳанд кард. Бархе аз эътирозгарон мегӯянд, ба хонаҳои вайроншудаашон дар шаҳри Арис барнамегарданд ва мақомот бояд дар минтақаи дигар барои онҳо замину хона диҳанд. Раиси шаҳри Чимкент Габидулло Абдираҳимов... Читать дальше...



AIBA ба хотири Раҳимов аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои олимпӣ маҳрум шуд

Ozodi.org 

Кумитаи байналмилалии олимпӣ рӯзи 26-уми июн дар шаҳри Лозанна Анҷумани байналмилалии бокси ғайрикасбӣ (AIBA)-ро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои олимпӣ маҳрум кард. Ба тасмими мазкур раҳбари AIBA интихоб шудани соҳибкори узбек Ғафур Раҳимов сабаб шудааст. Номи Раҳимов чанд сол аст, ки ҳамчун "яке аз раҳбарони гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ" дар рӯйхати таҳримшудаҳои Вазорати молияи Амрико қарор дорад. Ненад Лалович, узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ, рӯзи 26-уми июн гуфт, "AIBA ба Кумитаи байналмилалии... Читать дальше...

Русия гуфт, низомиёнаш Венесуэларо тарк кардаанд

Ozodi.org 

Сафорати Русия дар шаҳри Каракас рӯзи 26-уми июн хабар дод, ки низомиёни ин кишвар Венесуэларо тарк мекунанд. Дар иттилоияи сафорат гуфта шудааст, низомиёни рус дар Венесуэла корҳои нақшавиеро анҷом доданд. Вале маълум нест, ки чанд низомӣ ба Русия бармегардад. Пештар хабаргузории Reuters иттилоъ дод, ки рӯзи 25-уми июн ҳавопаймои Вазорати дифои Русия дар фурудгоҳи Каракас нишаст. Ин ҳавопаймо ҳамроҳи "Ан-124"-и борбар моҳи марти соли равон низ ба Венесуэла парвоз карда буд. Он замон хабар дода шуд... Читать дальше...

Ҳалокати ду нафар дар садамаи ҳавопаймои АН-24 дар Русия

Ozodi.org 

Рӯзи 27-уми июн дар натиҷаи нишасти изтирории ҳавопаймои мусофирбари АН-24 дар фурудгоҳи шаҳри Нижневартовски ҷумҳурии Бурятияи Русия ду нафар ҷон бохта, беш аз 20 тани дигар маҷруҳ шуданд.   Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Ҳавопаймои мазкур соли 1977 истеҳсол шуда, аз соли 2013 ба ин тараф аз сӯи ширкати "Ангар" истифода мешуд. Масъулони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия гуфтанд, ки ҳавопаймо бо 47 сарнишин, аз ҷумла 4 узви экипаж дар хатсайри Улан-Удэ-Нижневартовск ҳаракат дошт. Читать дальше...

Порлумони Қирғизистон дахлнопазирии Отамбоевро бекор кард

Ozodi.org 

Вакилони порлумони Қирғизистон аз лағви масуният ё дахлнопазирии президенти собиқ Алмосбек Отамбоев ҷонибдорӣ карданд. Ин қарор ба ниҳодҳои ҳифзи қонун ҳақ медиҳад, ки ӯро ба бозпурсӣ даъват ва боздошт кунанд. Отамбоев мегӯяд, ҳадафи мақомот аз саҳна берун кардани мухолифи ҳукумати кунунӣ аст.

ВКХ-и Тоҷикистон хабарнигори Озодиро аз ҳаққи кор маҳрум кард

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иҷозатномаи кор ё аккредитатсияи хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе Барот Юсуфиро барои гузоришҳояш бозхондааст. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ инро "намунаи назорати ҳукумат аз болои расонаи мустақил" номид. Дейзи Синделар, иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ин иқдомро маҳкум кард. Ӯ рӯзи 27-уми июн гуфт, "моро барои ҳифзи меёърҳои касбии хабарнигорӣ муҷозот кардаанд." Хонум Синделар истифодаи низоми аккредитатсия... Читать дальше...

Сафари Залмай Халилзод ба Тоҷикистон

Ozodi.org 

Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон шоми 26-уми июн вориди Тоҷикистон шудааст. Қарор аст оқои Халилзод бо мақомоти тоҷик дидору гуфтугӯ кунад.  Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Залмай Халилзод мулоқот хоҳад кард. Ҷузъиёти бештари сафари Залмай Халилзода ба Тоҷикистон феълан маълум нест. Залмай Халилзод собиқ сафири Амрико дар Афғонистон ва Ироқ, моҳи сентябри соли... Читать дальше...

Иморот: "Наметавонем кишвареро дар ҳамла ба киштиҳои нафткаш муттаҳам кунем"

Ozodi.org 

Абдуллоҳ Бин Зоид Оли Наҳён, вазири умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи чаҳоршанбеи 26-уми июн гуфт, барои муттаҳам кардани кишваре ба даст доштан дар ҳамла ба чаҳор киштии нафткаш дар наздикии бандари Фуҷайра, ба далелҳои қонеъкунанда ниёз аст.

ВКД-и Қазоқистон: "Дар Арис касе беномунишон нашудааст"

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, хабарҳо дар бораи бенишон шудани 350 кас дар натиҷаи таркиши анбори аслиҳа дар шаҳри Ариси вилояти Туркистон ҳақиқат надоранд. "Ин хабар дар рӯзи якуми ҳодиса буд. Вале роҷеъ ба он раддия нашр карданд. Ҳамаи сокинони шаҳр ба ҷои бехавф кӯчонида ва шахсияташон муайян карда шудааст. Касе беному нишон нагаштааст",-омадааст дар иттилоияи вазорат. Ин ниҳод аз сокинони Қазоқистон даъват карда, ки ба ҳангомаҳо дода нашаванд ва ба хабарҳои носанҷида низ бовар накунанд. Читать дальше...

Узбекистон аз Русия даҳҳо мошини зиреҳпӯши "Тигр" харидорӣ кард

Ozodi.org 

Неруҳои мусаллаҳи Узбекистон аз Русия чанд адад мошини зиреҳпӯши "Тигр" харидорӣ карданд. Дар ин бора рӯзи 25 июн хабаргузории ТАСС иттилоъ дод. Ба иттилои хабаргузорӣ, "даҳҳо" мошини зиреҳпӯши навъи ВПК-233136 "Тигр" харидорӣ шудааст. Мошинҳо бо дархости ҷониби Узбекистон махсус сохта шудаанд. Ин мошинҳо ҳамчунин бо пулемети ПКМ муҷаҳҳаз ҳастанд. Мошинҳои зиреҳпӯши "Тигр"-ро корхонаи "Мошинҳои русӣ"-и марбут ба миллиардер Олег Дерипаска месозад. Арзиши як адад мошини "Тигр" то ба 160 ҳазор доллар мерасад.

Дар дорухонаҳои Ишқобод дар ивази доруҳои камёфт гиёҳ пешниҳод мекунанд

Ozodi.org 

Доруҳои камёфтро дар Туркманистон бо доруҳои истеҳсоли маҳаллӣ иваз кардаанд, ки он ҳам ба иттилои сокинон, дар ҳоли ҳозир пайдо намешавад. Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар шаҳри Ишқобод гуфт, дорухонаҳои пойтахти Туркманистон дар ивази доруҳои камёфт ба муштариҳо гиёҳҳои шифобахш пешниҳод мекунанд. "Дар дорухонаҳо гиёҳҳое амсоли бобунаву пупаки ҷуворимаккаву даҳҳо навъи дигарро пешниҳод мекунанд",-гуфт хабарнигори Радиои Озодӣ. Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир бештари доруҳои зарурӣ барои бемориҳои занона... Читать дальше...

Низомиёни Русия Венесуэларо тарк карданд

Ozodi.org 

Сафорати Русия дар шаҳри Каракас иттилоъ дод, ки низомиёни ин кишвар Венесуэларо тарк мекунанд. Дар иттилоияи сафорат омадааст, ки низомиёни рус дар Венесуэла корҳои нақшавиеро анҷом доданд ва 26 июни соли равон бояд ба Москва бо ҳавопаймои "Ил-62" парвоз кунанд. Гуфта нашудааст, ки чанд низомӣ ба Русия бармегардад. Пештар хабаргузории Reuters иттилоъ дод, ки 25 июн ҳавопаймои Вазорати дифои Русия дар фурудгоҳи Каракас нишаст. Ин ҳавопаймо ҳамроҳи "Ан-124"-и борбар моҳи марти соли равон низ ба Венесуэла парвоз карда буд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *