Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Август
2019

Новости за 02.08.2019

Ҳабси як зодаи Тоҷикистон барои иштирок дар тазоҳуроти Маскав

Ozodi.org 

Додгоҳи Русия як зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми иштирок дар тазоҳуроти бидуни иҷоза дар Маскав ба ду моҳи ҳабс маҳкум кард. Самариддин Раҷабови 21-сола ба иштирок дар "бетартибиҳои оммавӣ" ва "истифода аз зӯр нисбат ба намояндаи ҳукумат" муттаҳам аст.

Дар ҳамлаи Толибон дар Афғонистон 10 пулис кушта шуд

Ozodi.org 

Дар ҳамлаи Толибон ба посгоҳе дар маркази вилояти Дайкундии Афғонистон даҳ маъмури пулис кушта шудаанд. Анвар Раҳматӣ, волии Дайкундӣ, гуфт, 15 пулиси дигар захмӣ ҳастанд. Ҳодиса рӯзи 2-юми август дар ноҳияи Пато иттифоқ афтод. Қориюсуф Аҳмадӣ, намояндаи Толибон, масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале ҷузъиёт надод. Ҳамла замоне сурат гирифт, ки Толибон ба даври нави музкоирот бо фиристодаи Амрико дар сулҳи Афғонистон Залмай Халилзод омода мегиранд. Толибон аз музокироти мустақим ё рӯ дар рӯ бо ҳукумати Афғонистон худдорӣ мекунанд... Читать дальше...

Устодони донишгоҳро ба кори сохтмон маҷбур кардаанд, ройгон

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз он шикоят доранд, ки таътили тобистонаи онҳо сарфи сохтмони як боғи фарҳангӣ мешавад. Онҳо мегӯянд, имсол на фақат истироҳат накарданд, балки пули рухсатиро низ дастрас нанамуданд.

Чаро ҷинояткорӣ дар байни занони тоҷик зиёд шудааст?

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон афзоиши мизони ҷинояткории занонро ташвишовар мехонад. Дар 6 моҳи ахир аз ҷониби занон беш аз 1000 ҷиноят содир шудааст. Коршиносон мегӯянд, бекорӣ, тангдастӣ ва мушкилоти дигари иҷтимоӣ занонро ба кӯи ҷиноят тела медиҳад.

Хадамоти онлайнӣ аз бастани IP-и сомонаҳо дар Қазоқистон интиқод кард

Ozodi.org 

Платформаи маъруфи сомонасози Tilda аз бастани IP-и сомонаҳо дар Қазоқистон интиқод кард. Платформа гуфт, сомонабандӣ "таҷрибаи куҳна ва ваҳшиёна" аст. Ширкати мазкур, ки дар Москва қарор дорад, рӯзи 31 июл гуфт, бештари корбарон шикоят карданд, ки сомонаи онҳо дар ҳудуди Қазоқистон боз намешавад. Ба навиштаи хадамоти онлайнӣ, дастарсӣ ба ҳазорон сомона дар Қазоқистон маҳдуд шудааст. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, бархе аз сомонаҳо ба далели вайрон кардани қонун "Дар бораи ҳуқуқи кӯдак" ва "Қонун дар бораи ВАО" баста шудаанд. Читать дальше...

Сабти 118 ҳолати арусрабоӣ дар Қирғизистон дар ним соли охир

Ozodi.org 

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Қирғизистон 118 ҳолати арусрабоӣ ё "ала качуу" сабт шудааст. Дар ин бора сардори хадамоти амнияти ҷамъиятии ВКД Қирғизистон Улан Рисбеков хабар дод. "Аз ин теъдод 94 ҳолат бо ҳадафи издивоҷ, 12 ҳолат бо ҳадафи маҷбур кардан ба издивоҷ содир шудааст. Бештари парвандаҳои ба додгоҳ ирсол шудаанд",-гуфт Рисбеков. Намояндаи вазорати корҳои дохилии он кишвар мегӯянд, аксари ҳолатҳои арусрабоӣ дар деҳот сурат мегирад. Дар шаҳри Бишкек ҳомиёни ҳуқуқ, таърихнигорон ва мақомоти... Читать дальше...

Раъду барқ буд ё касе ҷангалҳоро оташ зад?

Ozodi.org 

Ҷангалзори Сибири Русия чанд рӯз боз ба масоҳате баробар бо Белгия месӯзад. Фарзияи нахустини сабаби сар задани оташ раъду барқ гуфта мешуд. Аммо ҳоло фарзияи қасдан оташ задани ҷангал ҳам матраҳ шуд ва мақомот ба санҷиши дурустии ин фарзияҳо пардохтанд.



Ахбори Озодӣ аз 2-уми августи соли 2019

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вуҷуди нерӯи сеюм дар баҳси марзӣ бо Қирғизистонро тасдиқ накард, занони собиқ маҳбус аз адами эътимоди ҷомеа азият мекашанд ва пирӯзии футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ.

Коҳиши даромади ширкатҳои мобилӣ ба будҷаи Тоҷикистон зарба зад

Ozodi.org 

Масъулини Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯянд, коҳиши даромади ширкатҳои мобилӣ, боиси иҷро нагардидани даромади будҷа гардидааст. Маъруф Солеҳзода, муовини аввали раиси Кумитаи андоз рӯзи 2-юми август зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе бо изҳори нигаронӣ гуфт, дар ин нимсола пардохти андоз аз сӯи ширкатҳои мобилӣ дар ҳаҷми беш аз 80 миллион сомонӣ кам шудааст. Аз Кумитаи андоз ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки андозе, ки ширкатҳои мобилӣ дар ин нимсола пардохт намудаанд, 482 миллиону 394,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Читать дальше...

Тоҷикистон ба модари Ҷей Остин чӣ қадар ҷуброн хоҳад дод?

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, масъалаи талаби ҷуброн аз сӯи Ҷеа Сантоваско, модари Ҷей Остин – як сайёҳи кушташуда дар Данғара – дар баррасӣ қарор дорад. Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, бояд додгоҳ ҷубронпулӣ ба модари сайёҳи кушташударо муайян кунад. Ӯ рӯзи 2-юми август дар ҷавоб ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумат ба таври истисно дархости модари сайёҳи кушташударо барои сафар ба Тоҷикистон қабул кард ва харҷи онро низ ба уҳда гирифт. Вале ба гуфтаи вазир, Ҷеа Сантоваско “бо сабаби беморӣ аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кард”. Читать дальше...

Дар Тошканд 23 гурӯҳи занони моил ба ҷинояткориро мушаххас карданд

Ozodi.org 

Раиси шаҳри Тошканди Узбекистон қатъномаи муштараки Сарраёсати корҳои дохилӣ ва Кумитаи занҳоро тасдиқ кард, ки ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни занон равона шудааст. Қатънома баъди мулоқоти ба такрори мансабдорон бо занон ва хонаводаҳо қабул шудааст. Дар ин вохӯриҳо "мутахассисони бахши тақвияти ахлоқ ва рушди маънавӣ" ширкат доштанд. Дар ниҳоят мансабдорон ба хулоса расиданд, ки гурӯҳи корие бо ширкати кормандони милиса ва мутахассисони пешгирии ҷинояткорӣ аз Кумита занон ташкил шавад. Дар қатънома 23 гурӯҳи заноне зикр шудааст... Читать дальше...

ИМА ва Русия пас аз 31 сол аз созишномаи мушакӣ хориҷ мешаванд

Ozodi.org 

ИМА ва Русия рӯзи 2-юми август расман аз созишномаи ҳастаие хориҷ хоҳанд шуд, ки 31 сол пеш имзо гашта, ба маҳви як қатор мушакҳо мусоидат карда буд. Созишномаи дуҷонибаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз сохтани мушакҳои болдорро барои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА манъ мекард. Онро президенти ИМА Роналд Рейган ва раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев соли 1987 имзо карданд, ки як сол пас ба иҷро даромад. Мунтақидон ҳушдор медиҳанд, ки хориҷшавии ИМА ва Русия аз ин созишнома ба оғози мусобиқаи нави... Читать дальше...

Дар Узбекистон марди 82-соларо дар таҷовузи духтари 9-сола айбдор мекунанд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Қушрободи вилояти Самарқанд як марди 82-сола ба таҷовузи хонандаи синфи дувум гумонбар мешавад. Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Самарқанд, таҷовузи духтари 9-сола рӯзи 25 июли соли равон дар яке аз деҳаҳои куҳии вилоят рух додааст. "Р.О.-и 82-сола 25 июл ба хонаи худ дар деҳа рафтааст, то дарахтҳоро об диҳад. Пас аз омадан ба хонааш бе ягон сабаб ба хонаи ҳамсояаш О. Б.-и 38-сола ворид шуда, духтари 9-солаи ӯро танҳо ёфтааст. Мӯйсафед аз танҳоии духтарча истифода ва ӯро таҷовуз кардааст. Читать дальше...

Дар маркази Тайланд дар як рӯз якбора шаш таркиш рух дод

Ozodi.org 

Ба навиштаи хабаргузориҳои ҷаҳон, рӯзи 2-юми август дар минтақаҳои гуногуни Бангкок, маркази Тайланд, шаш таркиш рух додааст. Ба иттилои пулис ва табибон, дар натиҷаи ин таркишҳо чаҳор нафар маҷруҳ шуда, як тани онҳо дар бемористон бистарӣ гардид. Пулис аз боздошти ду гумонбар хабар дод. Дар изҳороти ҳукумати Тайланд гуфта шудааст, ки "мо зуд таҳқиқро оғоз мекунем. Ҷараёни минбаъдаҳои ҳодисаро назорат мекунем ва чораҳои амниятиро тақвият медиҳем. Аз мардум мехоҳем, нигарон набошанд." Пулис мегӯяд... Читать дальше...

ИМА ва Русия баъди 31 сол аз созишномаи мушакӣ хориҷ мешаванд

Ozodi.org 

Амрико ва Русия рӯзи 2-юми август расман аз созишномаи ҳастаие хориҷ хоҳанд шуд, ки 31 сол пеш имзо гашта, ба маҳви як қатор мушакҳо мусоидат карда буд. Созишномаи дуҷонибаи маҳви мушакҳои кӯтоҳу дурпарвоз сохтани мушакҳои болдорро барои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико манъ мекард. Онро президенти ИМА Роналд Рейган ва раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев соли 1987 имзо карданд, ки як сол пас ба иҷро даромад. Мунтақидон ҳушдор медиҳанд, ки хориҷшавии Амрико ва Русия аз созишномаи мазкур ба оғози... Читать дальше...

Амрико омодааст, ҳазорҳо нерӯи худро аз Афғонистон берун барад

Ozodi.org 

Хабаргузориҳои амрикоӣ рӯзи 1-уми август гузориш доданд, ки Вашингтон ҳозир аст шумораи нерӯҳояшро дар Афғонистон ба таври ҷиддӣ коҳиш диҳад, то Толибон ба музокироти мустақим бо ҳукумати Афғонистон ташвиқ шаванд. Бар пояи гузориши The Washington Post ва CNN, шумораи сарбозон аз 14 ҳазор то 8-9 ҳазор нафар кам карда хоҳад шуд. Ин яке аз шартҳои хатми ҷанги 18-сола дар Афғонистон будааст. То ба ҳол гуруҳи ҷангҷӯи Толибон ҳукумати Кобулро «лӯхтак» номида, аз музокироти мустақим бо он худдорӣ меварзад. Читать дальше...

Вазир мавҷудияти "нерӯи севум”-ро дар муноқишаҳои марзӣ тасдиқ накард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, вуҷуди “нерӯи севум"-ро дар марз бо Қирғизистон тасдиқ намекунад. Вале Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, “онҷо гурӯҳҳои зиёде ҳастанд, ки дар ноором кардани марз манфиатдоранд”, ҳарчанд аз гурӯҳи мушаххасе ном набурд.

Марги як кӯҳнаварди рус дар қаторкӯҳҳои Зарафшон

Ozodi.org 

Василий Дроздов, кӯҳнаварди маъруф аз вилояти Архангелски Русия, рӯзи 29-уми июли имсол ҳангоми фатҳи қуллае дар Бодхона дар қаторкӯҳҳои Зарафшон ба таври фоҷиавӣ ҳалок шудааст. Евгений Лоренс, ноиби президенти Федератсияи кӯҳнавардӣ, шӯхпаймоӣ ва парапланеризми Тоҷикистон, рӯзи 2-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “Василий Дроздов аз рӯи хатсайри Житенев 6А, ки аз ҳама мушкилтарин аст, дар натиҷаи лағжиши кӯҳпора ба ҳалокат расидааст.” Дроздов дар фатҳи қулла бо кӯҳнавардони пуртаҷрибаи вилояти Архангелск Дмитрий Чернишёв... Читать дальше...

Ҳалокати панҷ нафар дар роҳ ба Бадахшон

Ozodi.org 

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳ ба вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон панҷ нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳодиса рӯзи 1-уми августи имсол дар мавзеи Яхчи Пуни ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рух додааст. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, мошини тамғаи "Опел-Астра" аз шаҳри Душанбе ба тарафи Хоруғ ҳаракат дошт. Ба иттилои расмӣ, ронанда Беҳзод Валиев "аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро ба дарёи Панҷ чаппа намудааст." Дар натиҷаи садама худи ронанда ва чаҳор мусофири он ... Читать дальше...

Имсол ба сохтмони "Роғун" 1,8 миллирад сомонӣ додаанд

Ozodi.org 

Имсол барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" 1,8 миллиард сомонӣ ҷудо кардаанд. Мақомоти Вазорати молия гуфтанд, 1,4 миллиарди сомонии он аз ҳисоби будҷа ва боқимонда аз ҳисоби евробондҳо ва коғазҳои гаронбаҳост. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 2-юми август ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барои дарёфти маблағ барои сохтмони "Роғун" як гуруҳи вижа таъсис шудааст. Вай афзуд, "дар назар аст, давоми сол боз 2,1 миллиард сомонии дигар аз ҳисоби будҷа ва манбаъҳои дигар... Читать дальше...

Озодӣ Онлайн. "Агар камбағал мебуд, "говсуд" мекарданд". ВИДЕО

Ozodi.org 

Имрӯз дар барномаи "Озодӣ Онлайн" дар бораи муносибат ба камбағалу бой дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунем ва ҳам дар бораи онки чаро мақомот иҷоза намедиҳанд, ба фарзандатон номи хостаи худро гузоред. Ҳам мебинем, ки чӣ гуна муҳоҷирон пушти дари идораҳои муҳоҷирати Русия соатҳо мунтазир мешаванд.

Озодӣ Онлайн: "Агар камбағал мебуд, "говсуд" мекарданд"

Ozodi.org 

Имрӯз дар "Озодӣ Онлайн" дар бораи муносибат ба камбағалу бой дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунем ва ҳам дар бораи он ки чаро мақомот иҷоза намедиҳанд, ба фарзандатон номи хостаи худро гузоред. Ҳам мебинем, ки чӣ гуна муҳоҷирон пушти дари идораҳои муҳоҷирати Русия соатҳо мунтазир мешаванд.

Дар Нурсултон даври нави гуфтугӯи сулҳи Сурия оғоз шуд

Ozodi.org 

Намояндагони Русия, Эрон ва Туркия 1 август даври нави гуфтугӯҳои сулҳи Сурияро оғоз карданд. Ин вохӯрӣ дар доираи "раванди гуфтугӯҳои Остона", ҷудо аз музокироти зери сарпарастии СММ дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор шуда, ду рӯз идома меёбад. Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Қазоқистион, дар даври 13-уми гуфтугӯи сулҳи Сурия, бештар ба вазъи кунунии ин кишвар, аз ҷумла вилояти Идлиб тамаркуз шуда, масъалаи ташкили кумитаи конститутсионӣ низ баррасӣ хоҳад гашт. Москва, Теҳрон ва Анқара дар Сурия гуруҳҳои гуногунро дастгирӣ мекунанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *