Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Август
2019

Новости за 15.08.2019

Мансур ваъда дод, ки як суруди тоҷикӣ мехонад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мансур Ҷаъфарӣ, овозхони машҳури эронии муқими Амрико, ки ин шабу рӯз дар Душанбе қарор дорад, бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбати вижа кард. Вай гуфт, 30 сол боз берун аз Эрон аст ва солҳои ахир ба эҷоди таронаҳои сиёсӣ рӯ овардааст. Ҳамчунин ҷавоб дод, ки чаро дер-дер ба Тоҷикистон меояд.

Гуфтугӯ бо Мансур, овозхони машҳури эронӣ дар Душанбе

Ozodi.org 

Мансур Ҷаъфарӣ, овозхони машҳури эронии муқими Амрико, ки ин шабу рӯз дар Душанбе қарор дорад, бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбати ихтисосӣ кард. Вай гуфт, 30 сол боз берун аз Эрон аст ва солҳои ахир ба эҷоди таронаҳои сиёсӣ рӯ овардаст. Ҳамчунин ҷавоб дод, ки чаро дер-дер ба Тоҷикистон меояд.

Чаҳор узви як хонавода дар Кӯлоб аз чӣ заҳролуд шуданд?

Ozodi.org 

Чаҳор узви як оила аз деҳаи Пистамазори Кӯлоб рӯзи 7-уми август заҳролуд шуданд. Раҳмоналии 16-сола ҳамон рӯз ва хоҳари 19-солааш баъд аз се рӯз фавтид. Модари 41-солаи хонавода ва фарзанди 15-солаи ӯ Эмомалӣ дар бемористон ҳастанд. Табибон мегӯянд, умедворанд модару писар зинда мемонанд. Мутахассисон мегӯянд, то ҳол сарчашмаи олудагиро мушаххас накардаанд, ки ғизо буд, ё чизи дигар. Бо тавсияи мутахассисон аз шаҳри Душанбе ба ин беморон зардоба ба зидди бемории ботулизм гузаронида шудаст.

Магар рубли русиро дар Тоҷикистон сунъӣ арзон карданд?

Ozodi.org 

Арзиши расмии рубли русӣ дар ҳафтаи дувуми август дар Тоҷикистон якбора поин омад. Рӯзи 6-уми август ҳазор рубли русӣ бар асоси қурби таъйинкардаи Бонки миллӣ 149 сомонӣ арзиш дошт, вале то 10-уми август қурбаш то 141 сомонӣ кам шуд.

Маҷаллаи шомгоҳӣ

Ozodi.org 

Тозатарин ахбор ва гузоришҳои марбут ба Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон дар маҷаллаи шомгоҳии Радиои Озодӣ.

Тақдири норӯшани Grace-1. ИМА киштии нафткаши Эронро "забт кард"

Ozodi.org 

Сарнавиши киштии нафткаши эроние, ки интизор мерафт аз тарафи Гибралтар озод карда шавад, норӯшан мемонад. Иёлоти Муттаҳида дар дақиқаҳои охир, ки киштӣ раҳо карда мешуд, дар ҷои асосии рӯёрӯӣ миёни Теҳрон ва Лондон кӯшиш кард, киштиро забт кунад. Ҳукумати Гибралтар рӯзи 15-уми август дар як изҳорот гуфт, “Вазорати адлияи Амрико барои ба даст овардани киштии “Grace 1” бо як қатор айбномаҳое, ки акнун баррасӣ мешаванд, дархост кардааст". Рӯзномаи “Хронил” гузориш додааст, ки дархости Амрико "чанд соат пеш аз он расид... Читать дальше...



Ҳинд барҳам задани мақоми Кашмирро "шукӯҳ" хонд. Покистон: "рӯзи сиёҳ"

Ozodi.org 

Нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Моди гуфтааст, барҳам задани мақоми вижаи Кашмире, ки аз тарафи Деҳлӣ идора карда мешавад, минтақаро ба "шукӯҳ"-и пештараи худ баргардонда ва дар пешрафти кишвар "нақши муҳим" хоҳад бозид.  Моди рӯзи 15-уми август ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҳиндустон ба мардум рӯ овард ва гуфт, қарори пешинаи Кашмир фасод, хешутаборӣ ва беадолатиро афзоиш дод.   Дар Кашмири таҳти идораи Ҳиндустон аз 4-уми август равуои шабонарӯзӣ кам карда шуда, алоқа ба пуррагӣ канда гардидааст. Читать дальше...

Вакилони тоҷик таътили худро чӣ гуна гузаронданд?

Ozodi.org 

Теъдоде аз вакилони мардумӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, таътили тобистонаро бо деҳқонӣ, муолиҷа ва ё анҷоми корҳои хусусӣ сипарӣ кардаанд. Таътили думоҳаи тобистонаи вакилони Маҷлиси намояндагон ба поён мерасад ва, қарор аст, онҳо рӯзи 16-уми август паси мизҳои корӣ баргарданд.

Президенти Узбекистон ҷалби соҳибкоронро ба сабзакорӣ манъ кард

Ozodi.org 

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 13 август фармонеро содир кард, ки бар асоси он Шӯрои вазирони Қарақалпоқистон, ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳри Тошканд, ноҳияҳо ва дигар шаҳрҳо ҳақ надоранд: - соҳибкоронро ба фаъолиятҳое ҷалб созанд, ки мустақиман шомили уҳдадориҳои онҳо нест, аз ҷумла ба сармоягузорӣ ва корҳои хайрия, корҳои ободонӣ, сабзакорӣ, ҷамъоварии оҳану коғазпора ва корҳои дигар; - соҳибкоронро ба ҳар гуна корҳои мавсимии кишоварзӣ (кишту ҷамъоварии ҳосил) ва дигар чорабиниҳои марбут ба ҷалби нерӯи меҳнатӣ... Читать дальше...

Қирғизистонро ба ҳифзи "озодии баён" даъват доранд

Ozodi.org 

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон -- "Гузоришгарони бидуни марз" аз мақомоти Қирғизистон даъват дорад, ки ба телевизиони мухолифи "Апрел" имкон диҳанд, то дубора пахши барномаҳои худро ба роҳ монад. Пахши барномаҳои "Апрел" пас аз боздошти молики ӯ -- президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки 8 август сурат гирифт, қатъ шуд. Неруҳои махсуси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон як рӯз пас аз боздошти Отамбоев ба коргоҳи телевизион дар шаҳри Бишкек рафта, ба дари он муҳр заданд. Читать дальше...

Омӯзгорони мактабҳои Намангон аз рухсатӣ бозхонд шуданд

Ozodi.org 

Омӯзгорони мактабҳои миёнаи вилояти Намангони Узбекистон шикоят доранд, ки дар ҳавои гарм аз рухсатӣ бозхонд ва иҷборан барои баҳисобгирии аҳолии вилоят сафарбар карда шудаанд. Ба гуфтаи яке аз омӯзгорони Намангон, ки нахост номаш ифшо шавад, даҳҳо ҳамкори ӯ аз 5 август дар ба дари хонаи сокинон мегарданд. "Мудири мактаб ҳафтаи гузашта аз мо хост, ки рухсатиро қатъ карда, ба кор бароем. Дар ҷаласа гуфт, раҳбарияти маорифи вилоят дастур додааст, ки хона ба хона гардем. Ба гармии ҳаво нигоҳ накарда... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 15-уми августи соли 2019

Ozodi.org 

Марзбони тоҷики муттаҳам бо хиёнат ба муддати 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд, Бонки миллии Тоҷикистон болоравии қурби сомониро шарҳ дод, облава дар бозори Маскав, ҳукми занони эронии мухолифи ҳиҷоб ва матолиби дигар.

Хатари селфароӣ интиқоли обро ба се шаҳраки Алмато қатъ кард

Ozodi.org 

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон баъди эълони хатари селфароӣ дар шаҳракҳои Қарагайлӣ, Таусамалӣ ва Курамис интиқоли оби ошомиданӣ қатъ шуд. Дар ин бора 15-уми август расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд. Расонаҳо менависанд, дарёи Қарагайлӣ манбаи ягонаи оби ошомидании ин се шаҳрак аст. Ба гуфтаи мақомоти Алмато, дар ҳоли ҳозир оби дарё гилолуд буда, то соф шудани он ба шаҳракҳои мазкур бо мошин об мекашонанд. Субҳи 14-уми август мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Алмато гуфтанд, хатари рахна шудани дарёи Қарагалӣ мавҷуд аст. Читать дальше...

Хушкмеваи Тоҷикистон ба чиниҳо хуш омад, бозоргир хоҳад шуд?

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба зудӣ роҳи меваҳои хушки ин кишвар ба бозорҳои Чин боз мешавад, ки аз бузургтарин бозорҳои минтақа ба шумор меравад. Аммо коршносон ва тоҷирон мегӯянд, вуруд ба ин бозор ва мондан дар он осон нахоҳад буд.

Доналд Трамп хост, Чин бо Ҳонгконг бархӯрди инсонӣ кунад

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Чин дар пайи созиши тиҷоратӣ бо Вашингтон аст, “вале аввал бояд бо Ҳонгконг бархӯрди инсонӣ кунад”. Доналд Трамп дар ин бора рӯзи 14-уми август дар “Твиттер” ишора кард. Вай афзуд, ҳеч шак надорад, ки раиси ҷумҳури Чин хоҳони ҳар чӣ зудтар рафъ шудани мушкили Ҳонгконг аст ва метавонад ин корро кунад. Пеш аз ин, Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор дода буд, ки ҳангоми сафар ба Ҳонгконг эҳтиёт кунанд. Ин ҳушдор ба хотири... Читать дальше...

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев ба 15 соли зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Сухангӯи пешини Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст. Як манбаъ рӯзи 15-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Муҳаммадҷон Улуғхоҷаевро ба "хиёнат ба давлат" гунаҳкор карданд. Ҳукм рӯзи 14-уми август аз сӯи ҳайати мушовараи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон эълон шудааст.

Қатариҳо - доварони бозии мунтахабҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Ozodi.org 

Нахустин бозии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими миллии Қирғизистонро дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” ҳакамон аз Қатар доварӣ мекунанд.

Корманди Горди миллии Русия духтарандари 2-солаашро куштааст

Ozodi.org 

Дар Кемерово корманди пешини Горди миллии Русия Андрей Кобилин духтарандари дусолаи худро ба қатл расондааст. Ба иттилои хабаргузории "Город Nовостей". Додгоҳи Кемерово баррасии парвандаи мазкурро оғоз кардааст. Бино ба фарзияи муфаттишон, Кобилини 23-сола моҳи сентябри соли 2018, ки он замон корманди Горди миллии Русия буд, дар хона ҳамроҳи духтарандараш танҳо будааст. Кӯдак инҷикӣ карда, Кобилин хостааст, вайро ором кунад. Дар ҳаммом ба рӯи кӯдак об рехтааст ва ӯ дар натиҷа нафасгир шудааст. Айбдоршаванда мегӯяд... Читать дальше...

Мунтахаби Афғонистон бозиро муқобили Бангладеш дар Душанбе мегузаронад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Афғонистон нахустин бозиашро дар марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 муқобили мунтахаби Бангладеш 10-уми сентябри имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе анҷом медиҳад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *