Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Август
2019

Новости за 07.08.2019

Талоши боздошти президенти пешин бо хунрезӣ анҷомид

Ozodi.org 

Нерӯҳои вижаи Қирғизистон 7 август барои боздошти президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ба хонаи ӯ ҳамлаи ноком анҷом доданд. Тарафдоронаш ба боздошти Отамбоев имкон надоданд. Чанд нафар захмӣ гашт. Отамбоев дар солҳои 2011-17 президенти Қирғизистон буд. Зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Спецназ ГНКБ Кыргызстана штурмует резиденцию Атамбаева

Ozodi.org 

7 августа спецназ Государственного комитета нацбезопасности Кыргызстана взял штурмом резиденцию бывшего президента Алмазбека Атамбаева в селе Кой-Таш недалеко от Бишкека. Около 10 сторонников Атамбаева, защищавших президента, были ранены. Политика увезли в неизвестном направлении.

Амалиёти махсус барои боздошти Отамбоев. Захмиҳо ҳастанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Нерӯҳои вижаи Қирғизистон рӯзи 8-уми август ба хонаи президенти пешин Алмосбек Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош рафтанд, то ӯро дастгир кунанд. Тарафдорони Отамбоев ӯро иҳота карда, монеи амалкарди нерӯҳои махсус мешаванд.

Бедодгарии калламушҳо дар шифохонаи Кӯлоб

Ozodi.org 

Бемористони эндрокринологии шаҳри Кӯлоб тақрибан ним аср аст, ки фаъолият дорад. Ҳоло бому дару фаршаш сӯрох шудаанд. Калламушҳо ҳам, ки дорои ангезандаҳои зиёди беморӣ ҳастанд, меҳмони доимии ин шифохона шудаанд.

Оғози муҳокимаи парвандаи худкушии Гулбаҳори 18-сола

Ozodi.org 

Муҳокимаи додгоҳии марде, ки ба худкушӣ расонидани ягона келинаш айбдор мешавад, дар додгоҳи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз ёфтааст.  Эмом Забирови 64-сола аз деҳаи Зарнисор ба худкушии Гулбаҳор Фаромарзоваи 18-сола гумонбар аст. Раҷабзода Шоҳрух, додситони ноҳияи Ҷайҳун дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муҳокима рӯзи 7-уми август дар додгоҳи ноҳия оғоз ёфт. Гулбаҳор Фаромарзоваро рӯзи 15-и апрел дар анбори хонаи шавҳараш овехта пайдо карданд ва дар маҳаллаҳои атрофу сару садо бархост, ки... Читать дальше...

Мавлуда барои заҳролуд кардани шавҳару тифлонаш 24 сол зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи Кӯлоб занеро, ки ба қатли ҳамсару ду фарзанди хурдсолаш муттаҳам мешуд, ба 24 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар додгоҳи минтақавӣ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки муҳокимаи Мавлуда Одилова, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ моҳи июн сурат гирифт.



"Бе машварат ҳам зӯрамон ба дастархони пурдабдаба намерасад"

Ozodi.org 

Баъзе аз сокинони Душанбе мегӯянд, бе машварати мақомот ҳам зӯрашон ба оростани дастархони пурдабдаба намерасад. Кумитаи дин аз шаҳрвандон хостааст, ки дастархони хоксорона ороста, аз исроф худдорӣ кунанд.

Ҷалби соҳибони мошинҳои гаронбаҳо ба хидмати меҳмонони фестивали "Таронаҳои Шарқ"

Ozodi.org 

Дар вилояти Самарқанди Узбекистон соҳибони мошинҳои навъи Malibu-2 ва Captiva иҷборан ба меҳмонони ҷашнвораи "Таронаҳои Шарқ" хизмат хоҳанд расонд, ки рӯзҳои 23-30 август дар назар дошта шудааст. Як соҳиби мошини навъи Малибу-2 аз Самарқанд шикоят кард, "ба ман писанд нест, ки ба одамон давоми як ҳафта ройгон хизмат расонам. Мошини ман 30 ҳазор доллар арзиш дорад",-гуфт вай. Раёсати бехатарӣ дар роҳҳои вилояти Самарқанд вазифадор шудааст, ки дар рӯзҳои ҷашнвора меҳмононро бо ҳамлу нақли ройгон таъмин кунад. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 7-уми августи соли 2019

Ozodi.org 

Номи қурбониҳои садама дар вилояти Рязани Русия ошкор шудааст, машварати мақомот дар мавриди дастархони Иди қурбон, ҷароҳати камаш 95 кас дар Кобул, баҳси соҳиби манзиле бо ширкати хонасоз дар Душанбе ва қатъи нафақаи маъйубии беш аз 18 ҳазор нафар дар Тоҷикистон.

Ҷароҳати камаш 95 кас дар таркиши Кобул

Ozodi.org 

Гуруҳи ҷангҷӯи «Толибон» масъулияти ташкили таркиш дар қисмати ғарби Кобул пойтахти Афғонистонро бар душ гирифт. Субҳи чоршанбе 7-уми август мошини пур аз маводи мунфаҷира дар наздикии идораи полис таркид. Бинобар иттилои охирин 95 нафар дар ин инфиҷор маҷруҳ шуданд.

Дар Туркманистон ҳам "маршировка" дилбазан шудааст

Ozodi.org 

Дар Туркманистон омодагиҳо ба таҷлили Рӯзи истиқлолият шуруъ шуд, ки 27-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад. Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 6-уми август аз Ишқобод иттилоъ дод, ки омодагиҳо ба таҷлил шуруъ шуданд. "Маршировка дар варзишгоҳи "Дагдан" шуруъ шуд. Одамонро маҷбур мекунанд, ки дар ҳавои тафсон машқ кунанд. Об нӯшидану ғизо хӯрдан намемонанд. Кормандони муассисаҳои буҷавиро ба маршировка баровардаанд",-гуфт хабарнигор. Дар ҳоли ҳозир дамои ҳаво дар Ишқобод рӯзона ба 45 дараҷа гармӣ мерасад. Читать дальше...

Пентагон аз хатари зуҳури дубораи "Давлати исломӣ" хабар дод

Ozodi.org 

Дар Пентагони ИМА гуфтанд, хатари зуҳури дубораи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" имкон дорад. Шумори ҷангҷӯёни ин гуруҳ дар Ироқу Сурия дар айни ҳол эҳтимол дорад, ба 18 ҳазор расида бошад. Дар ин бора дар гузориши нозири кулли Пентагон Гленн Файн иттилоъ дода шудааст. Ба гуфтаи вай, сабаби густариши дубораи гуруҳи террористӣ, ба вижа, ба кам шудани шумори низомиёни ИМА дар минтақа арзёбӣ мешавад. Дар натиҷа ақидаҳои "Давлати исломӣ" ҳатто дар урдугоҳҳои паноҳандагон дар Ал-Холи Сурия паҳн гардидааст... Читать дальше...

Даъват ба ҳалли мушкили маҳбусони сиёсӣ дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Як гуруҳи сокинони фаъоли Қазоқистон субҳи 7-уми август дар назди намояндагии СММ дар шаҳри Нурсултон ҷамъ шуда, раҳоии онҳоеро талаб карданд, ки ба гуфтаашон, бо ангезаҳои сиёсӣ дар зиндон нигаҳдорӣ мешаванд. Фаъолони қазоқ ҳудуди 20 дақиқа дар назди бинои намояндагии СММ дар Нурсултон истода, дар даст акси онҳоеро доштанд, ки дар зиндонанд ё зиддашон тафтишот идома дорад. "Масъалаи доғ - боздошти ғайриқонунии қазоқистониҳо бо ангезаҳои сиёсиро матраҳ мекунем. Пас аз он ки мутмаин шудем, ҳукумат... Читать дальше...

Чиниҳо корро дар кони Солтон-Сари Қирғизистон муваққатан қатъ карданд

Ozodi.org 

Фаъолияти ширкати чинии "Zhong Ji Mining", ки мехост, дар кони Солтон-Сарии вилояти Норини Қирғизистон истихроҷи тиллоро ба роҳ монад, муваққатан қатъ шуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон бо истинод ба муовини аввали сарвазири ин кишвар Қубодбек Боронов хабар дод. Тасмими қатъи фаъолияти ширкат дар асоси хулосаи Бозрасии давлатии бехатарии зистмуҳитӣ ва техникӣ гирифта шудааст. Боронов ҳамчунин афзуда, ки низоъ дар кони мазкурро ҳамаҷониба таҳқиқ хоҳанд кард. "Корро комиссияи махсуси байниидоравӣ пеш мебарад. Читать дальше...

Блогери узбек, ки мехост, қаллобонро ифшо кунад, латтукӯб шуд

Ozodi.org 

Блогери 33-сола аз шаҳри Тошканд Отабек Ҷураев, ки барои омӯзиши шикояти як сокини маҳаллӣ аз қаллобон ба шаҳри Самарқанд рафта буд, 5-уми август мавриди ҳамлаи шахси ношиносе қарор гирифт. Ба гуфтаи Ҷураев, ӯ бо зани ҷабрдида дар назди манзили зисташ суҳбат мекард ва ногаҳон марде пайдо шуда, бо оҳанпора ба сараш зад. Дар натиҷа блогер аз ҳуш рафтааст ва сараш низ осеб дидааст. Ҷураев ҳодисаро ба фаъолияти блогерияш рабт медиҳад. "Шояд ҳадафашон хомӯш кардани ман буд. Вале ҳайронам, ки аз омадани ман чи гуна огаҳ шуданд. Читать дальше...

"Мегӯянд, имзо гузор, пас аз он аз Русия ихроҷ мекунанд" ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, додгоҳҳо дар Русия парвандаи ихроҷи муҳоҷиронро танҳо ба номаш баррасӣ мекунанд. Дар асл, ба гуфтаи онҳо, ҳукми ихроҷ бе ҳузури муҳоҷирон содир мегардад. Танҳо соли гузашта ба ҳамин шева 130 ҳазор нафарро аз қаламрави Русия берун кардаанд.

Тоҷикистон ҷустуҷӯи байналмилалии як шаҳрванди Чехияро талаб кард

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон як шаҳрванди Чехияро дар кофтукоби байналмилалӣ қарор додаанд. Ватслав Скоҳоутил ба он муттаҳам аст, ки бо баҳонаи додани ҷойи кор дар корхонаи мошинбарории "Шкода" беш аз 80 сокини Тоҷикистонро "фиреб додааст". Вале назари ӯ ва вакили мудофеаш ба ин масъала рӯшан нест.

Бар асари таркиш дар Кобул 95 нафар захмӣ шуд

Ozodi.org 

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки таркиши як мошини бомбгузоришуда дар наздикии қароргоҳи пулис дар Кобул рӯзи 7-уми август камаш 95 нафарро захмӣ кард. Ҷунбиши  Толибон масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт ва гуфт, як бомбгузори маргталаб “маркази сарбозгирӣ”-ро ҳадаф қарор дод. Дар баёнияи Толибон иддао шудааст, ки “шумораи зиёди сарбозон ва пулис ё кушта ва ё захмӣ шудаанд”. Бо ин ҳол мушаххас нашудааст, ки оё касе дар ин ҳамла кушта шудааст, ё не. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон... Читать дальше...

Толибон таҳдид карданд интихоботро барҳам мезананд. Ғанӣ: "Мардум таслими зӯр намешаванд"

Ozodi.org 

Толибон интихоботи президентии Афғонистонро як раванди "фиребанда" хонда ва таҳдид кардаанд, ки ба таври ҷиддӣ монеи баргузории он хоҳанд шуд. Раиси ҷумҳури Афғонистон дар вокуниш ба ин таҳдиди Толибон мегӯяд, мардуми ин кишвар таслими зӯр намешаванд.

Эрон се мушаки нави истеҳсоли худиро муаррифӣ кард

Ozodi.org 

Эрон се навъи нави мушакҳои идорашавандаи истеҳсоли худиро муаррифӣ кард. Дар ин бора хабаргузории расмии Эрон -ИРНА, иттилоъ дод. Вазири дифои Эрон Амир Ҳотамӣ гуфт, мушакҳоро мешавад дар чархбол, ҳавопаймои бесарнишин ё зарбазанҳо насб кард. Яке аз онҳо метавонад, ҳадафро дар масофаи беш аз 50 километр маҳв созад. Ба гуфтаи Ҳотамӣ, мушакҳои нав тавонмандии Эронро бояд нишон диҳанд. Муаррифии мушакҳои нав дар пасманзари бад шудани муносибатҳои Теҳрон ва Вашингтон сурат мегирад. ИМА моҳи майи... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *