Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Август
2019

Новости за 25.08.2019

Ҳабиб Саид дар бораи маҳви ҳунар ва "ганҷҳо"-и Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дар канали ӯ “habibsl” дар Ютуб таронаҳоеро метавон ёфт, ки зоҳиран қабл аз инқилоби Октябр ҳам сабт шудаанд. Аз ҷумла таронаи “Алма Анор”-ро, ки баъдан ба “Анор анор” табдил шуд ва дар Тоҷикистону Эрону Афғонистон ба сабкҳои гуногун иҷро мешавад.

Ҳабиб Саид дар бораи маҳви ҳунар ва "ганҷҳо"-и Тоҷикистон. CАДО

Ozodi.org 

Ҳабиб Саид, адиб, блогнавис ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳифзи мусиқии нодири тоҷикӣ дар Интернет саҳифае боз кардааст, ки дар он даҳҳо таронаю мусиқӣ, гуфтору наворҳои нодире аз замони шӯравии собиқро метавонед пайдо кунед.

Зани тоҷик ба қатли фарзанди навзодаш муттаҳам шуд

Ozodi.org 

Додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ таҳқиқи парвандаи як модари 24-соларо идома медиҳад, ки ба қатли фарзанди 6-моҳааш муттаҳам мешавад. Ҷамила Каримова, сокини деҳаи Файзободи ҷамоати Даштигул ба он муттаҳам мешавад, аз сари хашму ғазаб Муҳаммадҷони нимсоларо ба наҳри назди хонаашон андохтааст. Ҷасади тифли навзодро як ҳафта баъд пайдо кардаанд. Бозоралӣ Одиназода,  раиси ноҳияи Ҳамадонӣ аввали ҳамин моҳ ба Радиои Озодӣ гуфт,  зани ҷавон баъд аз он фарзандашро ба наҳр андохтааст, ки модарарӯс ӯро ба дуздидани пул аз хона муттаҳам кардааст. Читать дальше...

Боздошти 29 тазоҳургар дар Ҳонконг

Ozodi.org 

Пулиси Ҳонконг мегӯяд, ки 29 нафар аз тазоҳургарони зиддидавлатиро шаби гузашта дар ҷараёни даргирӣ бо маъмурони пулис дастгир карданд. Дар ин маркази молии Осиё 11 ҳафта аст, ки эътирозҳои густурда идома доранд. Мардум талаб доранд, ки ҳукумати марказии Чин дахолати зиёд ба умури ин шаҳрро, ки низоми иқтисодиву сиёсиаш дигар аст, бас кунад ва демократияи комил барқарор шавад. Онҳо ҳамчунин талаб доранд, ки раҳбарони Ҳонконг истеъфо диҳанд. Тазоҳурот дар Ҳонконг ки қаламрави нимамухтори Чин аст 11 ҳафта пеш ба зидди тарҳи қонуне сар шуд... Читать дальше...

Каюмарси Марзбон ба 23 соли зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Эрон нависанда ва ҳаҷвнигор Каюмарси Марзбонро бо гуноҳи ҳамкорӣ бо кишвари душман, аз ҷумла Амрико ба 23 солу 9 моҳи зиндон маҳкум кардааст.  Вакили дифои ӯ Муҳаммад Ҳусейн Оғосӣ рӯзи 24-уми август ба Радиои Фардо гуфт, Каюмарси Марзбон ҳамчунин ба тарғибот ба зидди низом ва тавҳин дар ҳаққи муқаддасот ва мақомот гунаҳкор дониста шудааст. Муҳаммад Оғосӣ афзуд, нависанда ҳеҷ гуноҳе накардааст ва “фақат мақолаҳои ҳаҷвӣ навишта, дар матбуот нашр кардааст. Ӯ гуфт, ки аз ҳукми додгоҳи Теҳрон шикоят мебаранд. Читать дальше...

Нишасти Гуруҳи 7 дар Фаронса идома мекунад

Ozodi.org 

Раҳбарони 7 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон мавсум ба Гуруҳи 7 мулоқоти серӯзаашонро дар Фаронса идома медиҳанд ва ғолибан ба ҷанҷолҳои тиҷоратӣ дар ҷаҳон таммаркуз хоҳанд кард. Мулоқотҳои расмӣ рӯзи 25-уми август дар шаҳри соҳилии Беатриз дар доир мешавад ва ҳимоят аз демократия, нобаробарӣ дар ҷомеа, тағйироти иқлим ва боло бурдани мақоми зан аз мавзӯъҳои дигари мавриди баррасӣ аст. Дар рӯзи аввали нишаст, вақти зиёде барои баррасии пешниҳоди Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, сарф шуд, ки мехоҳад... Читать дальше...

Сафири Русия дар Лондон мақомашро тарк кард

Ozodi.org 

Александр Яковенко, сафири Русия дар Лондон маъмурияташро ба поён расонидааст ва қарор аст ба Маскав баргардад. Сафорати Русия дар Бритониё рӯзи 24-уми август бо нашри хабаре дар ин бора гуфт, ки Яковенко мақомашро тарк кард ва масъулиятҳояшро дипломати дигари сафорат Иван Володин иҷро хоҳад кард. Дмитрий Песков, сухангӯи ҳукумати Русия гуфт, тарки мақом кардани сафир, “ҷой иваз кардани маъмулии раҳбарони сафоратхонаҳост ва ҳеҷ иртиботе ба бад шудани муносибатҳои Русияву Бритониё надорад. Нашрияи “Коммерсант” навишт... Читать дальше...

Ҳарирӣ ҳамлаи Исроилро "таҷовузи нав" номид

Ozodi.org 

Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон, ҳамлаи Исроил ба мавзеи созмони Ҳизбуллоҳ дар  Бейрутро ҳамлаи бешармона ба истиқлоли кишвараш номид. Саъд Ҳарирӣ рӯзи 25-уми август гуфт, ки “таҷовузи нав”-и Исроил хатаре ба амнияти минтақавӣ аст. Пештар аз ин артиши Лубнон гуфт, ки ду ҳавопаймои бесарнишини Исроил ба як қароргоҳи Ҳизбуллоҳ зарба задаанд. Худи созмон гуфт, ки маркази матбуотиаш дар ҳамла осеб дидааст. Ба гуфтаи артиши Лубнон, ҳавопаймоҳои бесарнишин шоми 24-уми август ба қаламрави ҳавоии Лубнон... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *