Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Август
2019

Новости за 22.08.2019

Деҳи ман: Шамтуч дар Айнӣ

Ozodi.org 

Видеоро Умед аз деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ тавассути Вотсапп фиристод. Видео бидуни садост. Шумо ҳам бифристед ва ба ин рақам: +420 607 900 808

"Bilan": Қасри амаки Оқохонро дар Швейтсария духтари Назарбоев харид

Ozodi.org 

Динара Қулибоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон, қасри амаки Оқохонро дар Швейтсария ба маблағи 62 миллион франки швейтсарӣ харидааст. Ин қасрро дар асри ҳабдаҳум сохтаанд.  Дар ин бора маҷаллаи швейтсарии "Bilan" рӯзи 21-уми август хабар дод. Қасре бо номи "Белерив" дар минтақаи Женева ҷойгир буда, ба феҳрасти сарватҳои миллии Швейтсария шомил аст. Як корманди идораи маҷаллаи “Bilan” рӯзи 22-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Динара Қулибоева ин қасрро "чанд рӯз пеш харид". Муҳаррири... Читать дальше...

Путин гуфт, ба озмоиши мушаки нави Амрико посух медиҳанд

Ozodi.org 

Владимир Путин, президенти Русия дар сафараш ба Финландия аз озмоиши мушаки болдори Амрико интиқод кард. Вай ҳамчунин дар ин сафар эътирозҳои сокинони Маскавро барои интихоботи озод камаҳамият баҳо дод ва ҳамчунин гуфт, таркиши силоҳи атомӣ дар размоишгоҳи Северодвини Русия ба ҳамсояҳо хатар эҷод намекунад. Путин дар ин бора дар нишасти хабарии муштарак бо президенти Финландия Саулӣ Ниинистё рӯзи 21-уми август дар шаҳри Ҳелсинкӣ изҳори назар кард. Мулоқоти Путин бо Саулӣ ба равобити дуҷониба дар бахши тиҷорат... Читать дальше...

Таъсири болоравии қурби доллар ба нарх дар бозорҳои Душанбе. ВИДЕО

Ozodi.org 

Болоравии қурби расмии доллар дар Тоҷикистон ба нархи маҳсулот дар бозорҳои Душанбе таъсир гузоштааст. Коршиносон мегӯянд, азбаски воридоти мол ба Тоҷикистон аз содирот бештар аст, ҳамагуна тағйир дар асъори хориҷӣ зуд вокуниши бозорро ба вуҷуд меорад.

Болоравии нарх дар бозорҳо дар пайи афзоиши қурби доллар

Ozodi.org 

Болоравии қурби расмии доллар дар Тоҷикистон ба нархи маҳсулот дар бозорҳои Душанбе таъсир гузоштааст. Коршиносон мегӯянд, азбаски воридоти мол ба Тоҷикистон аз содирот бештар аст, ҳамагуна тағйир дар асъори хориҷӣ зуд вокуниши бозорро ба вуҷуд меорад. Худи мардум чӣ мегӯянд? Дар видео бубинед.

Эрон як системаи нави мушакии дурпарвозро рӯнамоӣ кард

Ozodi.org 

Эрон як системаи нави мушакии дурпарвози сохти маҳаллиро рӯнамоӣ кард. Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи 22-юми август ҳангоми пардабардорӣ аз системаи нави мушакӣ гуфт, "душманони Эрон мантиқро намепазиранд ва инҷо ҷое нест, ки мо дар баробари зӯр, агар бихоҳем, бо мантиқ ҷавоб диҳем." Вай афзуд: "Вақте душман ба зидди мо мушак мефиристад, мо наметавонем суханронӣ кунем ва бигӯем: "Ҷаноби мушак, инҷо кишвари мо ҳаст, инҷо мардуми бегуноҳ ҳастанд. Ҷаноби партояндаи мушак, агар метавонед тугмаро... Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 22-уми августи соли 2019

Ozodi.org 

Болоравии қурби доллар ба нархи маҳсулот дар бозорҳои Душанбе таъсир гузоштааст, аробакаши маҷруҳ адолат мехоҳад, наздикони сарбоз ба худкушии ӯ бовар надоранд ва адвокатҳои тоҷик мехоҳанд, фаъоияташонро вазорати адлия назорат накунад.

Созиши нави Кобулу Душанбе. Фаҳим: "Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст"

Ozodi.org 

Тоҷикистону Афғонистон барои кумак ба якдигар дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ, ба монанди заминларза ё омадани сел, созиш карданд. Ин санад, ки шоми 21-уми август дар Душанбе имзо шуд, имкон медиҳад, наҷотбахшони тоҷик ба минтақаҳои офатзадаи Афғонистон раванд, ё баръакс.

Ҷоми Тоҷикистон: Бурди се даста дар бозиҳои аввали чорякниҳоӣ

Ozodi.org 

Дар бозиҳои аввали чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол, ки рӯзи чоршанбеи 21-уми август баргузор шуданд, дар ду бозӣ меҳмонон ва дар як дидор мизбонон ғолиб омаданд, инчунин як бозӣ мусовӣ шуд.

Ҳалокати мармузи як сарбози тоҷик ҳангоми хидмат дар артиш

Ozodi.org 

Як сарбози Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз захми тир ба ҳалокат расидааст. Мақомот шоми 21-уми август ҷасади Ҳадиятулло Тағоев, сарбози Вазорати дифоъро ба волидонаш дар деҳаи Чоркӯҳи Исфара супурданд. Тағоев моҳи октябри соли 2017 довталабона ба артиш пайваст ва то анҷоми муҳлати хизмати сарбозиаш ҳамагӣ 40 рӯзи дигар монда буд. Наздикони Тағоев ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тир ба миёнаи ду абрӯяш задааст ва онҳо то ҳанӯз дақиқ намедонанд фарзандашон дар кадом шароит ҷон бохтааст. Мақомот гуфтаанд... Читать дальше...

Wall Street Journal: ИМА бо Венесуэла гуфтугӯи пинҳонӣ дорад

Ozodi.org 

Ҳукумати Доналд Трамп, президенти ИМА бо афроди наздик ба президенти Венесуэла Николас Мадуро бо ҳадафи ташкили шароити аз қудрат рафтани Мадуро ва баргузории интихоботи шаффоф дар он кишвар гуфтугӯи пинҳонӣ дорад. Дар ин бора The Wall Street Journal ​бо такя ба манобеи хабар дод, ки дар гуфтугӯҳои ширкат мекунанд. Диосдадо Кабело, роҳбари Анҷумани конститутсионии Венесуэла, ки дар гузашта раиси порлумони он кишвар буд ва ахиран шомили таҳримҳои ИМА шуд, бо ҳукумати Трамп гуфтугӯ дорад. Ҳадафи... Читать дальше...

Ду милисаи муттаҳам ба латту кӯби Умед Ҳикоятов куҷо шуданд?

Ozodi.org 

Ду маъмури милиса, ки дар латту кӯби Умед Ҳикоятов, сокини 38-солаи шаҳри Душанбе муттаҳаманд, дар куҷо ҳастанд? Дар хориҷа ё дохили кишвар? Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа посухи ин суолро аз нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон пурсидааст.

Додситони пешини Қирғизистон дар робита ба озодии Батукаев ҳабс шуд

Ozodi.org 

Зидди додситони кулли пешини Қирғизистон Индира Ҷолдубоева дар доираи парвандаи озодсозии ғайриқонунии ҷинояткори бонуфуз Азиз Батукаев бо гумони фасодкорӣ айб эълом шудааст. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Индира Ҷолдубоеваро ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард. Индира Ҷолдубоева аз моҳи январи соли 2015 то моҳи апрели соли 2018 додситони кулли Қирғизистон буд. Ӯ қаблан раҳбарии шуъбаи ислоҳоти додгоҳӣ ва волоияти қонуни дастгоҳи президентро бар зимма дошт. Соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон... Читать дальше...

Дар Қазоқистон тағйири қонуни интихоботро пешниҳод доранд

Ozodi.org 

Як гуруҳи фаъолони мадании Қазоқистон 21 август дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Нурсултон пешниҳод карданд, ки барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои интихоботии ин кишвар раъйпурсии умумимиллӣ баргузор карда шавад. Иштирокдорони нишаст гуфтанд, интихоботи пеш аз муҳлати президентие, ки моҳи июн дар Қазоқистон баргузор шуд, одилона набуд. Раиси "Бунёди рушди парламентаризм дар Қазоқистон" Зауреш Батталова бештари ҳизбҳои сиёсии ин кишварро ба "ҳамкорӣ бо мақомот" айбдор кард. Ӯ гуфт, бо... Читать дальше...

Шаҳрдори Тошканд дар вохӯрӣ бо сокинони норозӣ худро идора карда натавонист

Ozodi.org 

Масъулони ҳукумати шаҳри Тошканд даҳҳо сокини норозии ноҳияи Мирободи пойтахти Узбекистонро, ки 16 август ба қабулгоҳи шаҳрдор Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев рафта буданд, аз толор пеш карданд. Худи шаҳрдор Ортиқхоҷаев низ бо онҳо муносибати дағалона кардааст. Дар наворе, ки дастраси мо шуд, шунида мешавад, сокинони Миробод аз Ортиқхоҷаев дархост мекунанд, қарори шаҳрдори пешини Тошканд дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин барои як соҳибкор дар кӯчаи Нукусро бекор кунад. Ба гуфтаи сокинон, шаҳрдори пешин... Читать дальше...

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ду низомии амрикоӣ дар Афғонистон кушта шуданд

Ozodi.org 

Маъмурияти ҳимояти қотеъ таҳти раҳбарии НАТО шоми 21-уми август таъйид намуд, ки ду сарбози он дар Афғонистон кушта шудаанд. Дар ин эъломия омадааст, ки ду сарбози амрикоӣ рӯзи чаҳоршанбе дар Афғонистон ба қатл расиданд. Дар ин эъломия маълумоти бештаре ироа нашудааст, ки ин сарбозон дар куҷо кушта шудаанд. Аз оғози соли равон то ба ҳол 16 сарбози амрикоӣ дар Афғонистон ҷон бохтаанд. Шумораи сарбозони кушташудаи амрикоӣ аз оғози ҳамлаи ин кишвар ба Афғонистон дар соли 2001, ба беш аз 2400 нафар мерасад.

Душанбе ва Кобул дар рафъи оқибати ҳодисаҳои табиӣ ҳамкорӣ мекунанд

Ozodi.org 

Мақомоти умури изтирории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шоми 21-уми август дар чаҳорчӯби як ҳамоиши минтақавӣ дар Душанбе созишномаи ҳамкорӣ дар бораи ҳамкорӣ дар умури пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои табийӣ созишнома имзо карданд. Наҷиби Фаҳим, вазири давлат дар умури расидагӣ ба ҳаводиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин созишнома шароити қонунӣ барои эъзоми наҷотдиҳандагони ду кишвар барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба кишварҳои ҳамдигарро фароҳам мекунад. Читать дальше...

Марги як сарбози 18-сола дар артиши Туркманистон

Ozodi.org 

Овезалӣ Экаеви 18-сола, сарбози туркманистоние, ки дар шаҳри Балканободи он кишвар адои хизмати ҳарбӣ мекард, ба иттилои расмӣ, субҳи 20 август фавтидааст. Шоми ҳамон рӯз ҷасади ӯро ба волидонаш доданд. "Ҷасадро ба маҳзи овардан ба манзили волидонаш, ба хок супурданд. Аз наздикони сарбоз забонхат гирифтанд, ки ин ҳодисаро оммавӣ намекунанд",-гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ. Овезалӣ Экаев се моҳ пеш ба хизмати сарбозӣ даъват шуда ва аз саломатиаш шикояте надошт. Мақомоти ҳарбӣ сабабҳои... Читать дальше...

Омодагиҳо барои раҳоии маллоҳони Украина

Ozodi.org 

Русия ва Украина барои табодули зиндониён омодагӣ мебинанд. Дар ин бора расонаҳои русии "Коммерсант", РБК, ва "Интерфакс" бо истинод ба чандин манбаъ иттилоъ доданд. Ба иттилои "Коммерсант" ва РБК, маллоҳони украинӣ, ки моҳи ноябри соли 2018 аз сӯи марзбонони рус боздошт шуда буданд, то охири соли равон ба ватан бармегарданд. Додгоҳи шаҳрии Москва дирӯз муҳлати ҳабси маллоҳони украинро то охири моҳи октябри соли равон дароз кард. Додгоҳ 16 август боздошти 11 маллоҳро қонунӣ номида буд. Манбаи "Коммерсант" гуфтааст... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *