Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Август
2019

Новости за 18.08.2019

Чӣ гуна афғонҳо Бритониёро шикаст доданд ва соҳибистиқлол шуданд?

Ozodi.org 

Аз замони поёни ҷанги Афғонистон дар соли 1919, ки Ҷанг барои истиқлол ва Ҷанги саввуми Англияву Афғонистон ном бурда мешавад, 100 сол сипарӣ шуд. Бо хатми ин ҷанг байни афғонҳо ва нерӯҳои ҳиндиву бритониёӣ, Афғонистон баъди даҳсолаҳо аз назорати Бритониё хориҷ шуд ва истиқлоли комил ба даст овард.

Маҷаллаи шомгоҳӣ

Ozodi.org 

Тозатарин ахбори ҷаҳон, минтақа ва Тоҷикистон, таҳлилу баррасиҳо, мусоҳиба ва гузоришҳо аз масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва зистмуҳитии Тоҷикистон.

Издиҳоми хашмгин идораи пулисро оташ зад

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз сокинони Покистон, ки аз қатли кӯдаки 4-солае ба хашм омдаанд, идораи пулисро дар ноҳияи Лаки Марват оташ заданд. Онҳо мегӯянд, ки пулис қодир ба муҳофизати сокинон нест. Рӯзе пеш ҷасади Увайси 4-соларо ёфтанд, ки як моҳ пеш аз назди хонаашон рабуда шуд. Омилҳои марги кӯдак маълум нест.

Ашраф Ғанӣ ҳамла ба Кобулро "ғайриинсонӣ" номид

Ozodi.org 

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамлаи хунин ба ҷашни арӯсӣ дар Кобулро ҳамлаи барбарона номида ва ба шиддат маҳкум кард. Дар ин бомбгузории маргталабона дар шоми 17-уми август, 63 нафар кушта ва 182 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ӯ ҳамчунин ҷаласаи фавқуллодаи мақомоти амниятиро даъват кард, то роҳҳои пешгирӣ аз чунин ҳодиса дар он баррасӣ шавад. Гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ масъулияти бомбгузориро бар ӯҳда гирифт, ҳарчанд дар гузашта бардурӯъ масъулияти ҳамлаҳои дигарро ҳам бар дӯш гирифтааст. Ашраф Ғанӣ рӯзи 18-уми август дар Твиттер навишт... Читать дальше...

Ҷашни арӯсиро дар Кобул ба хун оғушта карданд

Ozodi.org 

Гуруҳи ба ном Давлати исломӣ масъулияти ҳамла ба як ҷашни арӯсӣ дар Кобулро бар ӯҳда гирифт. Дар ин бомбгузории маргталабона дар шоми 17-уми август 63 нафар кушта ва 183 тани дигар маҷруҳ шуданд.

Ҳамлаи ҳусиҳо ба корхонаҳои газу нафти Саудӣ

Ozodi.org 

Ҳусиёни ошӯбгар дар Яман мегӯянд, бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ба чанд таъсисот ва корхонаҳои нафту гази Арабистони Саудӣ ҳамла кардаанд. Яке аз сухангӯёни ин ошӯбгарони таҳти ҳимояти Эрон рӯзи 17-уми август бо нашри баёнияе гуфт, онҳо барои ҳамла ба полоишгоҳҳои нафт ва гази ширкати давлатии Арамко 10 дрон ва ё ҳавопаймои бесарнишинро ба кор бурдаанд.  Дар баёния гуфта нашудааст, ки ҳамла кай сурат гирифт. Ширкати Арамко дар як баёния гуфт, ҳамла сабаби сӯхтори хурде дар як корхонаи газ шудааст... Читать дальше...



Боздошти як исроилитабори амрикоӣ дар Украина

Ozodi.org 

Хадамоти Амниятии Украина гуфт, маъмурони амниятӣ як исроилитабори амрикоиро, ки ҳангоми истирдод ба Исроил гурехт, дигарбора дастгир кардаанд. Дар хабари расмии хадамот, ки рӯзи 18-уми август дар вебсайташ нашр шуд, омадааст, ки Амос Дов Силверро дар яке аз минтақаҳои Украина дастгир кардаанд. Дар баёния омадааст, ки фарди муттаҳам ба раҳбарии як ҳалқаи интернетии фурӯшандаи маводи мухаддир “дар ояндаи наздик бар асоси қонунгузорӣ истирдод мешавад.” Се маъмури Хадамоти Амниятии Украинаро низ бо... Читать дальше...

Сиву ду нафар дар садамае дар Перм маҷрӯҳ шудаанд

Ozodi.org 

Дар натиҷаи бархӯрдани автобуси мусофирбаре ба девор дар шаҳри Перми Русия як нафар кушта ва 32 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Хабаргузории давлатии ТАСС гуфт, дар миёни осебдидагон кӯдакон ҳастанд ва вазъи сиҳатии яке аз онҳо бисёр вазнин будааст. Ба гуфтаи мутахассисон, ронанда ба сабаби пеш омадани мушкили фаннӣ дар автобус, натавонистааст, онро идора кунад ва ба девори бетонии канори роҳ бархӯрдааст. Маълум нест, дар ин фалокат шаҳрвандони Тоҷикистон осеб дидаанд, ё не.

Идомаи тазоҳуроти азим дар Ҳонконги Чин

Ozodi.org 

Дар идомаи тазоҳуроти 11 ҳафтаина ҳазорон нафар рӯзи 18-уми август дар маркази Ҳонконг ҷамъ омаданд, то мухолифаташон ба талошҳои Чин барои тақвият бахшидани нуфузи сиёсиашро баён кунанд. Ҳонконг як шаҳри Чин аст, ки системаи сиёсӣ ва мудирияташ фарқ мекунад. Ҷабҳаи Ҳуқуқи Маданӣ, як ҳаракати тарафдори демократия дар Ҳонконг гуфт, умедвор аст, мардуми зиёде дар тазоҳуроти имрӯза ширкат мекунанд. Дар тазоҳуроти рӯзҳои пешин, маъмурони пулис гурӯҳҳое аз эътирозгаронро бо калтак ва истифода аз гази ашковар пароканда карданд. Читать дальше...

Раҳоии 4 зани эронӣ, ки дар майдони футбол дастгир шуданд

Ozodi.org 

Мақомоти Эрон чаҳор занеро, ки барои вуруди ғайриқонунӣ ба майдони футбол дастгир шуданд, раҳо кардаанд. Дар ин бора созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 17-уми август хабар дод. Торо Сипаҳруфар, намояндаи ин созмон дар Твиттер навишт, ки ин чаҳор занро, ки рӯзи 12-уми август хостаанд, бо либоси мардона ба тамошои футболи мардон бираванд, дар ивази васиқа аз боздоштгоҳ раҳо кардаанд. Дар Эрон занон ҳақ надоранд, футболи мардонро дар майдон тамошо кунанд. Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки дар Ню Йорк қароргоҳ дорад... Читать дальше...

Қонуни ҷанҷолиро ислоҳ мекунанд. Вакилони пешин ба кор бармегарданд?

Ozodi.org 

Коршиносон мегӯянд, пешаи адвокатӣ дар Тоҷикистон чанд соли охир даргири печидагиҳои ҷиддӣ шудааст. Фишор ба вакилон, муҳокима ва ҳабси дарозмуддати бархе аз онҳо, дигаргуниҳои сохторӣ, камбуди пешаварон ва падидаҳои дигар зарурати ислоҳоти наверо дар ин соҳа ногузир кардаанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *