Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Август
2019

Новости за 14.08.2019

Додхоҳии волидони панҷ муттаҳам ба ошӯб аз Омбудсмен. ВИДЕО

Ozodi.org 

Наздикони панҷ нафар аз маҳкумшудагон бо ҷурми даст доштан дар ошӯби зиндони шаҳри Хуҷанд аз шиканҷа шудани пайвандони худ ба Омбудсмени Тоҷикистон шикоят кардаанд. Онҳо аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хостаанд, ки фарзандонашонро аз наздик дида, ба мушкилашон расидагӣ кунад. Волидони Фарҳод Содиқов, Нусратулло Қодиров, Далер Бобоев, Сафрониддин Шомуродов ва Алишер Ҳамидов бовар доранд, ки фарзандонашон "зери шиканҷа гуноҳро ба дӯш гирифтаанд". Пештар мақомот ҳамагуна шиканҷа ва латту кӯби муттаҳамонро рад карда буданд. Читать дальше...

Маҷаллаи шомгоҳӣ

Ozodi.org 

Тозатарин ахбор ва гузоришҳои марбут ба Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон дар маҷаллаи шомгоҳии Радиои Озодӣ.

Мақомоти Полша узви "Гурӯҳи 24"-ро ба қатъи гуруснашинӣ даъват карданд

Ozodi.org 

Масъулони як бошгоҳи паноҳандагон дар Полша аз Мустафо Ҳаётов, ҷавони 25 солаи тоҷик, тақозо кардаанд, ки ба гуруснашинӣ хотима диҳад, вагарна маҷбуранд бо зӯр ба ӯ ғизо диҳанд, чун саломатиаш бад мешавад.

Паёми Имрон Хон ба мардуми Кашмир дар рӯзи истиқлоли Покистон

Ozodi.org 

Имрон Хон, сарвазири Покистон, ба одамоне, ки дар Кашмири зери назорати Ҳинд зиндагӣ   мекунанд, ҳамбастагии худро баён кардааст. Ӯ рӯзи 14-уми август дар изҳороте бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Покистон гуфт, “онҳо қурбонии зулми Ҳиндустон ҳастанд." Хон афзуд: “Рӯзи истиқлолият як имконият барои хушбахтии бузург аст, аммо имрӯз мо аз бадбахтии бародарони кашмириамон ғамгинем. Бародарони кашмириамонро бовар мекунонам, ки дар бари онҳо ҳастем." Президенти Покистон Ориф Алвӣ дар маросиме дар Исломобод низ бо чунин паёме баромад кард ва гуфт... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 14-уми августи соли 2019

Ozodi.org 

Мақомдорони тоҷик боздошти Хӯҷа-Командирро тасдиқ кардаанд, сабти симкортҳо бо шиносномаҳои нав тамдид ёфтааст, вуруди гӯшт ва ғизои чорво аз боҷу андоз озод мешавад муҳокимаи Самариддин Раҷабов дар Русия ва матолиби дигар.



Дар пайдо кардани волидони кӯдак кӯмак кунед

Ozodi.org 

Илҳомиддин Қурбонов, як корбари Радиои Озодӣ бо ирсоли видеои як кӯдаке, ки дар роҳ пайдо кардаанд, хост, дар пайдо кардани волидонаш кӯмак кунем. Дар видео тифли тақрибан 5-сола дида мешавад, ки мегӯяд, падараш Мирзо ва модараш Зуҳро ном дорад. Телефон барои тамос: 909-04-83-04

СҶТ: Дар Қазоқистон бемории сурхак дар ҳоли густариш аст

Ozodi.org 

Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), дар кишварҳое амсоли Қазоқистон, Ангола, Камерун, Чад, Нигерия, Филиппин, Судони Ҷанубӣ, Судон ва Тайланд бемории сурхак дар ҳоли густариш аст. Дар ин бора дар гузориши нимсолаи СҶТ зикр шудааст, ки 13 август нашр гардид. Дар нимсолаи аввали 2019 баъди соли 2006 бори аввал сатҳи рекордии бемории сурхак ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои созмон, дар саросари ҷаҳон 364 ҳазор мавриди гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст. Дар гузориш омадааст, ки сатҳи... Читать дальше...

Писари Отамбоев ба мубориза зидди худкомагии мақомот даъват кард

Ozodi.org 

Қодирбек Отамбоев, писари Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон аз мухолифон даъват кард, зидди худкомагии мақомот муборизаи қонуниро шуруъ кунанд. Навори муроҷиати Қодирбек Отамбоев дар Фейсбук нашр шуд. Ҳаводиси 7-8 августро писари Отамбоев ҳамчун "авҷи раванди маҳви неруҳои мухолифин" унвон кард. "Аммо ин бор мо набояд мунтазир монем, ки кай ба суроғи ҳар кадоми мо меоянд. Ин маънои онро дорад, ки имрӯз ҳамаи нерӯҳои мухолифин бояд дарк кунанд - ояндаи давлат дар хатар аст. Мо бояд... Читать дальше...

Трамп пардохтҳои гумрукиро барои маҳсулоти чинӣ ба таъхир гузошт

Ozodi.org 

Рӯзи сешанбе дар бозори молии Уолл-стрит қурби саҳмияҳо баъди изҳори назари Доналд Трамп, президенти ИМА боло рафт. Трамп гуфт, тасмим дорад, пардохтҳои гумрукиро барои маҳсулоти чинӣ ба таъхир андозад. Арзиши саҳмияҳои 80% ширкатҳое, ки дар бозори молии амрикоӣ ба фурӯш гузошта шудаанд, якборо боло рафт. Трамп эълом кард, ки тасмим дорад, ҷорисозии пардохтҳои иловагии гумрукиро барои молҳои содиротии Чин ба таъхир гузорад. Ин тасмим сармоягузоронро умедвор сохт, ки аз ҷанги молӣ байни ИМА ва Чин нигарон буданд. Читать дальше...

Узбекистон барои шаҳрвандони 20 кишвари дигар визаро бекор кард

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 12 август фармон "Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ"-ро дар кишвараш имзо кард. Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, сар аз 1 январи соли 2020 барои шаҳрвандони 20 кишвари дар зер омада ба муҳлати 30 шабонарӯз низоми бидуни раводид (виза) ҷорӣ хоҳад шуд. Антигуа ва Барбуда Барбадос Белиз Гренада Ҷумҳурии Доминикана Мексика Ҷумҳурии Гватемала Ҷумҳурии Гондурас Ҷумҳурии Коста-Рика Ҷумҳурии Куба Ҷумҳурии Никарагуа Ҷумҳурии Панама ... Читать дальше...

Як маҳбус аз зиндони Тошканд фирор кардааст

Ozodi.org 

Маҳбуси 43-сола Олимҷон Абдуллоев тақрибан як моҳ пеш аз зиндони сукунатии рақами 51-и шаҳри Тошканд фирор кардааст. Ба гуфтаи як корманди Раёсати зиндонҳои Узбекистон, Абдуллоев ҳадафи пайгарди қонунӣ қарор дода шудааст. Ҳамсуҳбати мо гуфт, маҳбуси фирорӣ бо ҷурми "куштори барқасдона" 20 сол зиндонӣ шуда буд. "Пас аз адои 15 соли ҷазо ӯро ба бахши сукунатӣ интиқол дода буданд. То ба озодӣ баромаданаш 5 сол монда буд. Вале бо афроди ҷинояткор созиш карда, шиносномаро дарёфт ва фирор намудааст",-афзуд ӯ. Читать дальше...

Додоҷони Атовулло: Рақси ишкам ва паймони шикаста

Ozodi.org 

Гардиши айём чунин аст, ки мардум танҳо ё ғолибан рӯйи воқеаро мебинанд ва чизҳои зиёде паси парда мемонанд. Он пинҳонмондаҳо ва ногуфтаҳо имкон намедиҳанд, ҳамаи фишангу абзор ва сабабу омилҳои воқеа рӯшан шавад.

"Фарзандони беназорат, дузду зинокор ва ҷасорат" дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар "Озодӣ Онлайн" имрӯз асосан дар бораи беназорат мондани кӯдакон суҳбат мешавад ва ҳам дар ин бора, ки чанд фарзанд доштан хуб аст. Панҷ, чаҳор ё севу ду? Видеоҳои ҷолиби шумо аз рӯзи ид ва роҳҳои Душанбе бахше аз барнома аст.

Фарзандони беназорат, дузду зинокор ва мардонагӣ дар Озодӣ Онлайн

Ozodi.org 

Аҳолии зиёд, фарзандони бетарбия ва дузди зинокор, роҳҳои пешгирӣ аз таваллуд мавзӯҳои барномаи имрӯзи Озодӣ Онлайн аст. Видеоҳои корбарон аз Тоҷикистону Русияро ҳам дар барнома ҷой додаем.

Тоҷик дар зиндони "Матросская тишина". Гирдиҳамоӣ не, хоҳарбинӣ мерафтам

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Маскав рӯзи 14-уми август шикояти вакилони Самариддин Раҷабов, як зодаи Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Ӯ барои иштирок дар гирдиҳамоии бидуни иҷоза дар пойтахти Русия ва "истифода аз зӯр нисбат ба намояндаи ҳукумат" муттаҳам аст. Худи Раҷабов чунин иттиҳомотро рад мекунад.

Боздошти Хӯҷа-Командир баъди бист соли фирор аз Тоҷикистон

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон боздошти Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир), аз фармондеҳони пешини Фронти Халқиро тасдиқ карданд. Сомонаи “Ахбор.ком” шаби 13-уми август бо такя ба манобеаш дар ду ниҳоди расмии Тоҷикистон хабар дод, ки Каримов дар Дубай дастгир шудааст.

Тақдири медалҳои тилло дар бозии Тоҷикистон ва Эрон ҳал хоҳад шуд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, ки бозии севумашро дар мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо мунтахаби ҷавонони Узбекистон бо ҳисоби 2:2 анҷом дод, ҳамакнун барои медалҳои тилло бо тими Эрон рақобат мекунад.

Расонаҳо: Стивен Э. Бигун - номзад ба мақоми сафирии ИМА дар Русия

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп номзадии Стивен Э. Бигунро, ки дар гуфтугӯҳо бо Кореяи Шимолӣ Вашингтонро намояндагӣ мекард, ба мақоми сафирии кишвараш дар Русия баррасӣ дорад. Дар ин бора Reuters бо истинод ба як манбаъ дар Кохи Сафед хабар дод. Расонаи Vox ду рӯз пеш бо такя ба ду шахси наздик ба Трамп хабар дод, ки Бигун номзади асосӣ ба мақоми сафирии ИМА дар Русия аст. Сафорати ИМА дар Москва ҳафтаи гузашта номаи Ҷон Ҳатсман ба Трампро нашр кард, ки гуфта буд, 3 октябр аз мақоми худ канор хоҳад рафт. Читать дальше...

Дар Самарқанд як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифт

Ozodi.org 

Рӯзи 12 август дар шаҳри Самарқанди нуқтаи фурӯши сӯзишворие оташ гирифт. Дар ин бора хадамоти давлатии сухторнишонии Узбекистон иттилоъ дод. Дар хабари расмӣ омадааст, ки оташ соати 17:27 дақиқа рух дод. Гуфта мешавад, ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар наздикии коллеҷ ё Омӯзишгоҳи захираи олимпӣ ҷойгир аст. Хадамоти сухторнишонӣ мегӯяд, оташ давоми 20 дақиқа хомӯш карда шуд. "Дар рафти сухтор фавтидагон ё захмбардоштагон ба қайд гирифта нашуданд",-омадааст дар хабар. Сабабҳои сухтор дақиқ карда мешавад.

Эрон ҷои нигаҳдории рӯзноманигори боздоштшударо пинҳон мекунад

Ozodi.org 

Кумитаи ҳимоят аз журналистон мақомоти Эронро даъват кард, ки тасвирбардор ва рӯзноманигор Нушин Ҷаъфариро фавранд озод кунанд. Ҷаъфарӣ 3 август бар асоси айбҳои тасдиқношуда боздошт шудааст. "Ин амали мақомоти Эрон, ки беш аз як ҳафта мешавад, рӯзноманигорро бе асос дар як ҷои номуайян нигаҳ медоранду имкони тамос гирифтан бо наздиконашро намедиҳанд, нафратовар аст", – гуфт ҳамоҳангсози барномаҳои Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ Шериф Мансур рӯзи 12 август.... Читать дальше...

Ҳукми зиндони соҳиби автобусе, ки дар он 52 муҳоҷири узбек сӯхтанд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Сариоғоши Қазоқистон соҳиби автобусеро 3 сол аз озодӣ маҳрум кард, ки ибтидои соли гузашта дар натиҷаи оташгирифтани он дар шоҳроҳи вилояти Оқтеппаи ин кишвар 52 муҳоҷири узбек ҷон бохтанд. Хадамоти матбуотии додгоҳ 13 август иттилоъ дод, ки талаби ҷониби ҷабрдидаҳо қонеъ ва шаҳрванди 46-солаи Қазоқистон Ордухон Мехтиев барои ба истифода додани воситаи нақлиёти корношоям зиндонӣ шуд. Худи Мехтиев дар додгоҳ гуфт, ки аз ҳукм розӣ нест. Автобуси ҳомили муҳоҷирон 18 январи соли 2018 дар масири Чимкент - Самара оташ гирифт. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *