Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Август
2019

Новости за 15.08.2019

Ширкатҳое, ки дар бораи Узбекистон филм меофаранд, кӯмак мешаванд

Ozodi.org 

Сар аз соли оянда ҳукумати Узбекистон қисман харҷи ширкатҳои хориҷиеро мепӯшонад, ки дар бораи ин кишвар филм меофаранд. Дар фармони Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон "Дар бораи рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ" омадааст, "ҳангоми сохтани маҳсулоти аудиовизуалӣ дар ҳудуди Узбекистон аз сӯи ширкатҳои хориҷӣ, 20 дарсади харҷи онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат пӯшонида мешавад". Дар ҳудуди кишварҳои ИДМ чунин таҷриба дар ҳоли ҳозир танҳо дар Узбекистон роҳандозӣ хоҳад шуд. Ба ҷуз ин, ширкатҳое, ки мехоҳанд... Читать дальше...

Дар Узбекистон 627 шаҳрванди аз 50-сола боло мехоҳанд, донишҷӯ шаванд

Ozodi.org 

Маркази давлатии санҷиши дониш дар Узбекистон хабар медиҳад, ки ҳазор сокини калонсоли ин кишвар "барои шомил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳо" ҳуҷҷат супурданд. Дар Узбекистон соли ҷорӣ маҳдудияти синну солиро барои довталабони маълумоти олӣ бекор карданд. Ба иттилои мақомоти маорифи он кишвар, то санаи 13 август шумори довталабони то 25-сола 862 ҳазору 977 кас, довталабони аз 25 то 30-сола 103 276 кас, аз 40 то 50-сола 14 014 тан ва аз 50-сола боло 627 касро ташкил медиҳад. Моҳи июли имсол Тухтамиш... Читать дальше...

Гумонбари куштори сарбоз дар амалиёти боздошти Отамбоев дастгир шуд

Ozodi.org 

Дар робита ба куштори сарбози неруҳои махсуси Кумитаи амнияти Қирғизистон дар ҷараёни амалиёти боздошти президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев, як нафар дастгир шудааст. Хабарро вакили дифои ҷониби ҷабрдида Кайрат Загибоев тасдиқ кард. Як қатор расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба манобеи худ дар мақомоти қудратии Қирғизистон иттилоъ доданд, ки сарбоз бо силоҳи худаш кушта шуда, гумонбар ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад. Дар мақомоти қудратии Қирғизистон гуфтанд, ки парвандаи куштори сарбозро Вазорати умури дохилии ин кишвар таҳқиқ дорад. Читать дальше...

Масоҳати сӯхтор дар Қазоқистон 5 баробар афзоиш ёфт

Ozodi.org 

Масоҳати сӯхтор дар заминҳои ноҳияи Каркаралии Қазоқистон панҷ баробар афзоиш ёфта, дар як шабонарӯз ба беш аз 2 700 ҳектар расидааст. Муовини вазири умури дохилии Қазоқистон Юрий Илин 14 август, дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, вазъ дар Каркаралӣ номусоид аст. Ба гуфтаи ӯ, ба хомуш кардани оташсӯзӣ тамоми бахшҳои Кумитаи хоҷагии ҷангали Қазоқистон, ниҳодҳои давлатии маҳаллӣ ва Вазорати умури дохилии ин кишвар сафарбар шудаанд. Дар заминҳои ноҳияи Каркаралӣ 12 август алафҳои хушк оташ гирифта... Читать дальше...

Bloomberg: Facebook паёмҳои садоиро рамзкушоӣ мекард

Ozodi.org 

Шабакаи иҷтимоии Facebook тайи муддати тӯлонӣ барои рамзкушоии паёмҳои садоии корбаронаш ба ширкатҳои севум маблағ пардохт кардааст. Дар ин бора Bloomberg бо истинод ба манобеи худ дар ширкатҳои мазкур иттилоъ додааст. Раҳбарияти Фейсбук тасдиқ кард, ки чунин амалро фармоиш додааст. Вале дар суҳбат бо CNet афзуд, ки сар аз ҳафтаи гузашта иҷрои ин барномаро ба монандаи " Apple ва Google" мавқуф гузоштанд. Раҳбарияти шабака мегӯяд, ба ин кор маҷбур буданд. Кормандони кирошуда гӯё санҷиданд, рамзкушоии сабтҳои зеҳни маснуие... Читать дальше...

Аз арш то фарши Туркманистон. Тасвирҳо аз дохили кишвари бастаи Осиёи Марказӣ

Ozodi.org 

Аксбардор Эмос Чаппл ин тасвирҳоро тобистони соли 2012 ҳангоми сафараш ба Туркманистон бардоштааст. Дар ин аксҳо намунаҳои ҳайратовар ва ҳам даҳшатноки яке аз кишварҳои пӯшидаи ҷаҳон таҷассум ёфтаанд. Баъзе аз ин аксҳо бори аввал нашр мешаванд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *