Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Август
2022

Новости за 02.08.2022

Ахбори Озодӣ аз2-уми августи соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Вокунишҳои байналмилалӣ ба маҳви раҳбари шабакаи террористии ал-Қоида, сарнавишти занони баргашта аз Сурия, сармоягузории хориҷӣ ба Тоҷикистон ва муҷассамаи нави Бобҷон Ғафуров дар Бохтар.

Марҳилаи дуюми Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022 оғоз ёфт

Ozodi.org 

Марҳилаи дуюми Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022 бо бозиҳои даври ҳаштум шуруъ шуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии марказии даври ҳаштум миёни ду дастаи Душанбе - «Истиқлол» ва «Соро компания» – бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Ҳамаи голҳоро дар ин дидор легионерҳои эронӣ ба самар расониданд. Дар ҳайати «Соро компания», қаҳрамони феълии Тоҷикистон, бозигари нави даста Алӣ Муҳиб Алиён ду гол зад. Голҳои «Истиқлол»-ро Ризо Тулуӣ ва Алӣ Иброҳимӣ ба ҳадаф расонданд. Дар бозии... Читать дальше...

Ош бе пиёз мешавад? Нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар Суғд боло рафт

Ozodi.org 

Мақомоти кишоварзии вилояти Суғд дар нишасти хабарии худ ба рӯзноманигорон омилҳои болоравии нархи сабзавот, аз ҷумла пиёзро шарҳ доданд. Ба гуфтаи мақомот, сабаби асосии гаронии ин навъи сабзавот ба содироти зиёди он ба кишварҳои ҳамсоя ва гаронии нархи доруву сӯзишворӣ рабт мегирад. Харидорону сокинони вилояти Суғд мегӯянд, аз давом кардани гарониҳо нигарон ҳастанд.

“Барқи тоҷик” ҳаҷми пардохтҳо аз истифодаи роҳи Душанбе-Чаноқро гузориш дод

Ozodi.org 

Роҳбари ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, барои убури мошинҳояш аз роҳи Душанбе-Чаноқ, ба ширкати IRS зиёда аз 29 млн. сомонӣ пардохт кардааст. Ин яке аз камтарин ҳолатҳоест, ки ширкатҳо маблағи додаашонро ба ширкати IRS расонаӣ мекунанд. Худи ширкати IRS, ки номи соҳибаш маълум нест, ҳеч гоҳ дахлу харҷашро нагуфтааст.   Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 1-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, дар шаш моҳи имсол барои убури 150 мошини боркаши ширкат аз роҳи Душанбе-Чаноқ, ба ширкати IRS 29,2 млн. Читать дальше...



Рӯзи десантчиён ва паради ҳарбӣ

Ozodi.org 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 август зимни ширкат дар маросими 25-солагии таъсиси бригадаи десантчиёни Тоҷикистон нақши низомиёни ин навъи қувваҳои мусаллаҳро дар таъмини амнияти шаҳрвандон ситоиш кард. Президент, ки дар таҷлили Рӯзи десантчиёни тоҷик ва дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод воқеъ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ширкат мекард, гуфт, “вазъи ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, инчунин, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир... Читать дальше...

Таъсири манфии гармо ба ширмаконии модарони тоҷик

Ozodi.org 

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) мегӯяд, бино бар мушоҳидаи мутахассисони тиб дар Тоҷикистон гармии шадид ширдиҳии модарон ба кӯдакони навзодро мушкил мекунад ва дар муносибати занон ба ин масъала тағйире ба назар мерасад. Шералӣ Раҳматуллоев, як масъули назорати бемориҳои кӯдакона дар Тоҷикистон гуфтааст, “дар кишвари мо бисёр модарон  ба навзодонашон шири сина медиҳанд, вале ин муддат тӯлонӣ нест. Дар ин ҷараён як навъ коҳиш мушоҳида мешавад, ки то 4-5 моҳро ташкил медиҳад. Як сабабаш метавонад... Читать дальше...

"Барқи тоҷик": Наметавонем пули барқро аз Афғонистон пурра дарёфт кунем

Ozodi.org 

Роҳбари ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, бо сабаби таҳрими бонкҳои Афғонистон, наметавонанд маблағи барқи додаашонро пурра дарёфт кунанд. Мушкили пардохти ҳаққи истифодаи барқ баъд аз дубора ба қудрат расидани Толибон ба миён омад.

"Citilink" миёни Индонезия ва Узбекистон парвозҳои арзонро ба роҳ мемонад

Ozodi.org 

Ширкати ҳавопаймоии арзони Индонезия - "Citilink" мехоҳад, парвозҳои ҳавопайморо миёни ин кишвар ва Узбекистон роҳандозӣ кунад. Дар ин бора намояндагони ҳукумати Узбекистон баъди гуфтугӯ бо мудири тиҷории ширкат Ихван Агус хабар додаанд. Дар ҷараёни гуфтугӯ ба ҷониби Индонезия дар бораи имкони ташкили сафари транзитӣ тариқи шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ҳангоми парвоз дар доираи барномаҳои сайёҳии "Умра-плюс" ва "Узбекистон-плюс зиёрат" маълумот дода шудааст. Мудири тиҷории ширкат аз пешниҳод истиқбол карда... Читать дальше...

Оғози Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба теннис миёни наврасон

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи XII байналмилалии теннис миёни наврасони то 16-сола барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки рӯзи 1-уми август дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт, ба ғайр аз варзишгарони тоҷик, намояндагон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Узбекистон ва Шведсия иштирок мекунанд. Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон аз соли 2005 доир мегардад. Ба иттилои Федератсияи тенниси Тоҷикистон, Ҷоми президенти кишвар соли 2021 ба тақвими чорабиниҳои... Читать дальше...

Попи Рум ба Қазоқистон меравад

Ozodi.org 

Попи Рум Франсиск барои ширкат дар Анҷумани VII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва суннатӣ, ки қарор аст, аз 13 то 15 сентябри имсол дар шаҳри Нурсултон баргузор шавад, ба Қазоқистон меравад. Интизор меравад, ӯ дар ҷараёни ин сафар бо патриархи калисои православии Русия Кирилл мулоқот кунад. Анҷумани раҳбарони динҳои ҷаҳонӣ ва суннатӣ, ки аз сӯи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 19 сол пеш ташкил шудааст, ҳар се сол як маротиба баргузор мешавад. Яке аз ҳадафҳои анҷуман рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми динҳо мебошад.

"Чингизи бузург" дар боздоштгоҳи Қирғизистон кушта шуд

Ozodi.org 

Дар робита ба куштори Чингиз Ҷумъагулов, яке аз ҷинояткорони бонуфузи Қирғизистон дар боздоштгоҳи муваққатии Додситонии кулли он кишвар парванда боз шудааст. Сухангӯи Додситонии кулли Қирғизистон Сироҷиддин Камолидиннов гуфт, парванда бар асоси банди "Куштор бо бераҳмии махсус" боз гаштааст. "Тафтишот оғоз шудааст ва баъди ба поён расидани он ба амали масъулони боздоштгоҳ баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад", - афзудааст ӯ. Чингиз Ҷумъагулов, ки ахиран дар шаҳри Бишкек дастгир шуда буд, 30 июл дар боздоштгоҳ кушта шуд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *