Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Август
2022

Новости за 04.08.2022

Тоҷикистон аз мавқеи Чин ҳимоят кардааст

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки мавқеи ин кишвар “нисбат ба Тайван бетағйир” аст ва аз сиёсати “Чини ягона” ҷонибдорӣ мекунанд. Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 4-уми август дар пасманзари сафари Ненсӣ Пелосӣ, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико ба Тайван нашр шуд. Сафари ин мақоми амрикоӣ хашми Чинро ба бор овард ва ба Амрико таҳдид кард, ки ба ин рафтораш посух хоҳад дод. Чин Тайванро бахше аз хоки худ медонад. Тайван худро кишвари мустақил медонад ва аз озодиҳо ва демократияи худ дифоъ мекунад. Читать дальше...

Халифае, ки дар Хоруғ ҷанозаи Маҳмадбоқирро хонд, зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон Музаффар Давлатмиров, як халифаи пайравони мазҳаби исмоилияро бо иттиҳоми “даъват ба ифротгароӣ” ба панҷ соли зиндон маҳкум кардааст. Музаффар Давлатмирови 58-сола, ки халифаи маҳаллаи “Тирчид”-и шаҳри Хоруғ буд, ба гуфтаи наздиконаш, рӯзи 26-уми июл аз ҷониби мақомоти интизомӣ ба суҳбат давъат ва боздошт шудааст. Масъулони додгоҳи Бадахшон ҳозир нашуданд, то ҳукми ӯро шарҳ диҳанд, вале наздикони ӯ гуфтанд, додгоҳ шитобзада ҳукмро содир кард ва ҳеч далеле нишон надод. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 4-уми августи соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Болоравии нархи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон, коҳиши таваҷҷуҳи довталабони таҳсил дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ, таъсири маҳви раҳбари Ал-Қоида ба мубориза бо терроризми саросарӣ ва матолиби дигар.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё бо ширкати варзишгарони тоҷик дар Қазоқистон оғоз шуд

Ozodi.org 

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё (Asian Senior Championships 2022), ки имрӯз, 4-уми август, дар пойтахти Қазоқистон – Нурсултон – оғоз ёфт, Тоҷикистонро 9 варзишгар дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ мекунад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммад Маҳмадизода (60 кг), Шаҳбоз Саидаброров (66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, (73 кг), Шодмон Ризоев (81 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг), Абубакри Акобир (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) – дохиланд. Читать дальше...



Ҳалокати як нафар дар сӯхтори як анбор дар вилояти Маскав

Ozodi.org 

Бар асари оташсӯзӣ дар як анбори бузурги яке аз бозорҳои ноҳияи Истраи вилояти Маскав, як нафар ҳалок шуда, бештар аз даҳ нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Сӯхтор рӯзи чаҳоршанбеи 3-юми август рух дода, майдони оташсӯзӣ бар асоси маълумоти Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, 35 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифтааст. Хабаргузории "Риа Новости" аз қавли хадамоти изтирорӣ навиштааст, сабаби  аслии оташсузӣ корношоямии таҷҳизоти барқӣ будааст.  Гуфта мешавад ҳамаи кормандон, ки беш аз  ҳазор нафарро ташкил медиҳад, кӯчонида шуданд. Читать дальше...

Ғалабаи занон ва нокомии мардони шатранҷбози тоҷик дар даври шашуми Олимпиадаи ҷаҳонӣ

Ozodi.org 

Дар даври шашуми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнайи  Ҳиндустон  ҷараён дорад, дастаи занонаи Тоҷикистон тими Суринамро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод, вале мардони шатранҷбози тоҷик аз тими Андорра бо ҳисоби 0,5:3,5 мағлуб шуданд. Дар даври шашуми мусобиқот тими занонаи Тоҷикистон дар ҳайати Надежда Антонова, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова ва Мутриба Ҳотамӣ пирӯзӣ ба даст овард. Ёдовар мешавем, қаблан дастаи занонаи Тоҷикистон аз тимҳои Ҳиндустон ва Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи 0:4 шикаст хӯрда... Читать дальше...

Узбекистон "буҷавиҳо"-ро маҷбур мекунад, то тамдиди муҳлати президентиро пешниҳод кунанд

Ozodi.org 

Баррасии умумии тағйиру иловаҳои пешниҳодӣ барои ворид кардан ба Конститутсияи нави Узбекистон, ки 25 июни имсол оғоз шуда буд, 1 август ба поён расидааст. Комиссияи конститутсионии Узбекистон хабар дод, ки дар маҷмӯъ 117357 пешниҳод дарёфт кардааст ва як қисми онҳо ҷонибдори ворид намудани тағйиру иловаҳо ба банди 90-уми Конститутсияи он кишвар мебошад. Ба иттилои бахши узбекии Радиои Озодӣ, кормандони муассисаҳои буҷавӣ маҷбур карда шудаанд, ки ба таври хаттӣ тамдиди салоҳиятҳои президентро... Читать дальше...

Низоъ дар Қарабоғи Куҳӣ шиддат мегирад

Ozodi.org 

Раҳбари Қарабоғи Куҳӣ Араик Арутюнян 3 август фармон дар бораи сафарбаркунии як қисми низомиёнро имзо кардааст. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ дод. Ин тасмим дар пасманзари шиддат гирифтани низои Арманистону Озарбойҷон дар минтақа гирифта шудааст. Низомиёни Қарабоғи Куҳӣ аз кушта шудани ду сарбоз дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон ва захмӣ шудани чанд сарбоз хабар доданд. Боку дар навбати худ гуфт, бар асари оташкушоии ҷониби Арманистон дар... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *