Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Август
2022

Новости за 29.08.2022

Қарордоди 3-миллиардӣ дар форуми Кӯлоб. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомот дар Кӯлоб бо баргузории форуме гуфтанд, бо корхонаву тоҷирони дохилӣ ва хориҷӣ барои ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ қарордод бастанд. Маълум нест, то куҷо созишномаҳо амалӣ мешаванд.

Вазирбековҳо "Бадяга" ва "Фуратсилин" хостаанд. Наздикон аз шиканҷа мегӯянд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пайвандони Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо, фаъолони боздоштшудаи бадахшонӣ, мегӯянд, як моҳ боз онҳоро надидаанд ва намедонанд, ки дар чӣ шароит ҳастанд. Аммо рӯйхати доруҳое, ки оварданашро хостаанд, нигарониро дар бораи эҳтимоли шиканҷа шудани онҳо бештар кардааст.

Аҳволи Вазирбековҳо дар боздоштгоҳ чӣ гуна аст?

Ozodi.org 

Пайвандони Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо, фаъолони боздоштшудаи бадахшонӣ, мегӯянд, як моҳ боз онҳоро надидаанд ва намедонанд, дар чӣ шароит ҳастанд. Аммо рӯйхати доруҳое, ки оварданашро хостаанд, нигарониро дар бораи эҳтимоли шиканҷа шудани онҳо бештар кардааст. Мақомот дар ин бора суҳбат намекунанд.



Медали биринҷии варзишгари ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё оид ба таеквондо WT

Ozodi.org 

Нурулло Муродов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба таеквондо WT миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 23-27-уми август дар шаҳри Ҳошимини Ветнам баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба таеквондо WT миёни наврасон, ҷавонон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд, ду варзишгари тоҷик – Муҳаммадризо Шукуров (-51 кг) ва Нурулло Муродов (-59 кг) - бо роҳбарии мураббӣ Фарҳод Неъматов дар рақобатҳо миёни ҷавонон ширкат карданд. Читать дальше...

Фирори як маҳбус аз Боздоштгоҳи Душанбе. Мақомдор дастгир шуд

Ozodi.org 

Дар пайи фирори як маҳбус аз Боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе, як мақомдори Боздоштгоҳро ба ҳабс гирифтаанд. Мақомот қазияро ба таври расмӣ шарҳ намедиҳанд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Аҳмадбек Саидови 35-сола шаби 18 ба 19-уми августи имсол гурехтааст.

Нокомии паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон

Ozodi.org 

Аминҷони Абдулфаёз, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи  қаҳрамонии ҷаҳон  оид ба ҷудо миёни наврасони то 18-сола (кадетҳо), ки рӯзҳои 24-28-уми август дар пойтахти Босния ва Ҳерзеговина - шаҳри Сараево – доир гардид, ноком шуд. Ӯ ягона варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Сараево намояндагӣ кард. Аминҷон дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило, ки 38 нафар иштирок карданд, бар асоси қуръакашӣ ба сабқат аз даври дувум пардохт ва ба рақибаш Ноҳид Тургулиев (Озарбойҷон) ғолиб омад. Читать дальше...

Хоҷа Муҳаммади Башоро. "Ҷои розу ниёз", вале бе далели илмӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар як деҳаи дурдасти Панҷакент мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро аст, ки ба гуфтаи олимон ба таҳқиқ ниёз дорад. Баъзе аз сайёҳон ба ин макон меоянд, аммо нақли роҳбаладонро танҳо бар асоси ривояту устураҳо мешунаванд.

"Гӯё ҳарчӣ дар олами ислом мешуд, мефаҳмид"

Ozodi.org 

Дар як деҳаи дурдасти Панҷакент мақбарае ҳаст, ки олимон мегӯянд, ба омӯзиши илмӣ ниёз дорад. Ин мақбара ба номи Хоҷа Муҳаммади Башоро аст ва ба эҳтироми ин шахсияти динӣ деҳаи атрофи онро Мазори Шариф ном мебаранд.

Мунтахаби наврасони Узбекистон дар Тошканд ғолиб шуд, вале Тоҷикистон ҷойи охиринро гирифт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов дар бозии сеюм ва охиринаш дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи президенти собиқи Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов, ки рӯзи шанбе, 27-уми август, дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд баргузор шуд, аз тими наврасони Узбекистон бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд. Дар бозии дигари даври сеюми ин мусобиқа дастаи мунтахаби наврасони Эрон тими Ҷопонро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *