Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Август
2022

Новости за 26.08.2022

Масъуд Собиров даргузашт

Ozodi.org 

Имрӯз дар ноҳияи Файзобод бар асари бемории қалб иқтисодшинос ва собиқ раиси ҳизби демократии Тоҷикистон Масъуд Собиров даргузашт. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ писараш Ораш Собиров хабар дод. Ораш гуфт, чанд соли охир падараш аз дарди қалб азият мешуд ва зери назари табибон қарор дошт. Маросими дафни Масъуд Собиров фардо, 27-уми август дар оромгоҳи деҳаи Сӯфиён, ки маҳалли зисти ин иқтисодшиноси тоҷик аст, барпо мешавад. Масъуд Собиров 63 сол дошт ва то охир ба ҳайси ходими илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кард. Читать дальше...

Додгоҳе дар Русия далели гунаҳгории Суннатулло Давлатзодаро наёфт ва ӯро озод кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Додситонии шаҳри Владикавказ, пойтахти Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ Суннатулло Давлатзода, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба сабаби далелҳои нокофии мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди ӯ аз боздошт раҳо кард. Додситонии ноҳияи Затеречнии шаҳри Владикавказ рӯзи 23-юми август дар қарори худ, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, навиштааст, далелҳое, ки мақомоти Тоҷикистон дар дархости истирдод ба Русия фиристодаанд, кофӣ нест, барои ҳамин бояд Суннатулло Давлатзода аз боздошт раҳо шудааст. Мақомоти интизомии... Читать дальше...

Русия Суннатуллоро ба Тоҷикистон надод

Ozodi.org 

Додситонии шаҳри Владикавказ Суннатулло Давлатзода, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба сабаби далелҳои нокофии мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди ӯ аз боздошт раҳо кардаанд.

Ба занони фаластинӣ роҳи нави даромадро меомӯзанд

Ozodi.org 

Бештар аз чаҳоряки занони фаластинӣ дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ бекор ҳастанд. Сабабҳои бекориашон ҳам зиёд аст. Яке анъанаҳои қадимӣ, ки зан бояд дар хона бошад. Ҳоло созмонҳо бо иҷрои тарҳе барои занони фаластинӣ занбӯрпарварӣ ёд медиҳанд, то кору даромаде дошта бошанд.

Абдусалом Одиназода дар Австралия барои “таблиғи терроризм” ба 3,5 соли зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Австралия муҳокимаи парвандаи донишмандеро аз Тоҷикистон ба анҷом расонида, ӯро дар “таблиғи терроризм” тавассути шабакаи YouTube гунаҳгор донист ва ба 3,5 соли зиндон маҳкум кард.

Қирғизистон хост, барои монеаи равуои озод дар ҳудуди Иттиҳоди иқтисодӣ ҷавобгарӣ таъин шавад

Ozodi.org 

Бояд барои вайрон кардани тартиботи гардиши озодонаи мол, хадамот, захираҳои меҳнатӣ ва сармоя дар дохили Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҷавобгарӣ таъйин шавад. Дар ин бора раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё рӯзи 26 август дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон изҳори назар кард. Ҷабборов ҳамчунин гуфт, нишондодҳои иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар нимсолаи 2022 афзудааст. Вай инчунин аз монеаҳо дар дохили иттиҳод ёдоварӣ кард. "Мо бояд... Читать дальше...



Парвандаи вазири пешини фарҳанги Қазоқистон: зарари эҳтимолӣ ба 7 млрд танга баробар аст

Ozodi.org 

Хадамоти зидди фасоди Қазоқистон гуфт, таҳқиқи парвандаи фасодкории вазири пешини фарҳанги он кишвар Аристонбек Муҳаммадиулӣ идома дорад. Вазири пешин дар ғорати маблағҳои буҷа айбдор мешавад. Зарари эҳтимолии ба давлат расонидаи вазири пешин тақрибан 7 миллиард танга (тахминан 14 700 доллари амрикоӣ) баҳо дода мешавад. Мақомоти зиддифасоди Қазоқистон таҳқиқи фасодкории вазири пешинро рӯзи 16 майи соли ҷорӣ шуруъ карданд. Додгоҳ Аристонбек Муҳаммадиулиро 28 май ба ҳабси пешакӣ гирифт. Муҳаммадиулӣ... Читать дальше...

Раиси порлумони Қароқалпоқистон аз мақом барканор шуд

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев субҳи 26 август барои иштирок дар ҷаласаи порлумони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба шаҳри Нукус рафт. Дар ҷаласа раиси порлумон Мурод Камолов, бино ба вазъи сиҳатиаш, оҷилан аз мақом барканор шуд, хабар медиҳад сомонаи президенти Узбекистон. Амонбой Оринбоев, муовини аввали Шӯрои вазирон раиси нави порлумони Қароқалпоқистон интихоб шуд. Мурод Камолов 2 октябри соли 2020 ба раисии порлумони Қароқалпоқистон интихоб гардида буд. Рӯзҳои 1-2 июли соли ҷорӣ дар... Читать дальше...

Нархи баъзе маҳсулоти озуқа дар Тоҷикистон поин омадааст

Ozodi.org 

Мушоҳидаи қиматҳо дар 8 бозори Тоҷикистон нишон додааст, ки нархи баъзе аз маводи ғизоӣ, аз ҷумла орду равған ва шакар дар муқоиса ба ҳафтаи гузашта андаке поин омадааст. Барномаи озуқавории Созмони Милал бо нашри арзёбии тозаи қиматҳо дар Тоҷикистон  рӯзи 25-уми август гуфт, ки қимати ин се маводи аслии ғизоӣ аз 1 то 3 дар сад арзонтар шудааст. Айни замон, қимати як кило орд дар Душанбе андаке бештар аз 7 сомонӣ аст, ки дар муқоиса ба ҳафтаи гузашта се дар сад арзонтар мебошад. Дар бисёре аз бозорҳои... Читать дальше...

"Мегӯянд, расид биёр, вагарна бачаатро ба мактаб намемонем"

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон солҳост, ки баҳси харидани либосҳои мактабӣ идома дорад. Теъдоде аз волидон мегӯянд, мактабҳо бо ширкату корхонаҳои алоҳида шартнома доранду либоси ягона бисёр гарон ва хариди он барои хонаводаҳои серфарзанд миёншикан аст.

Тоҷикистон мизбони ҳамоише дар мавзӯи мубориза бо терроризм мешавад

Ozodi.org 

Тоҷикистон мизбони як ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯи мубориза бо терроризм мешавад. Ба навиштаи вебсайти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, қарор аст рӯзҳои 18-19-уми октябр дар Душанбе  Конфронси байналмилалии таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз интиқоли террористҳо” барпо мешавад. Ба навиштаи манбаъ, шароити баргузории конфронсро рӯзи 25-уми август  намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо... Читать дальше...

Санаи баргузории бозиҳои чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2022 тасдиқ шуд

Ozodi.org 

Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022-ро тасдиқ кард. Рӯзи шанбеи 27-уми август дастаи «Файзканд»-и Восеъ бо «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бозӣ мекунад. Се бозии дигари чорякфинал 28-уми август баргузор мешавад. Рӯзи якшанбе «Эсхата»-и Хуҷанд бо КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе, «Саройкамар»-и Панҷ бо «Хатлон»-и Бохтар ва «Истиқлол»-и Душанбе бо «Равшан»-и Кӯлоб бозӣ мекунанд. Бозиҳои даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 аз як бозӣ иборат аст. Читать дальше...

Бохти мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба тими Эрон дар Тошканд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар бозии дувумаш ҳам дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи президенти собиқи Ассотсиатсияи  футболи Узбекистон Мираброр Усмонов дар Тошканд аз тими Эрон (U-16) бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.  Бозӣ рӯзи панҷшанбе, 25-уми август, дар варзишгоҳи “Кибрай”-и шаҳри Тошканд баргузор шуд. Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро Беҳрӯз Хуҷаев зад. Ду голи эрониҳоро Ризо Гандипур ба самар расонид. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон нахустин бозиашро... Читать дальше...

Боздошти се нафар ба иттиҳоми тундгароӣ дар Қирғизистон

Ozodi.org 

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) бо гумони истифодаи ғайриқонунии аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ се танро боздошт карданд. Ба иттилои тафтишот, яке аз боздоштшудаҳо бо лақаби Абу Нур аз саркардагони "ҷамоат" - гуруҳи ҷиноие аст, ки чанд сол дар Сурия ба дуздиву ғорат машғул буданд ва ҷангҷӯёнро кӯмаки молӣ мекарданд. Боздоштшудаи дигар узви гуруҳи ҷиноии Кодир Досонов, маъруф ба лақаби Ҷенго буда, масъулияти омодагии ҷангиву ҷисмонии аъзои "ҷамоат"-ро доштааст. Боздоштшудаи... Читать дальше...

Таҳқиқи парвандаи раиси пешини Кумитаи амнияти Қазоқистон ба поён расидааст

Ozodi.org 

Кумитаи амнияти миллии (КАМ) Қазоқистон рӯзи 25 август хабар дод, ки таҳқиқи парвандаи раиси пешини ин кумита Карим Масимов ва муовинонаш ба поён расидааст. Амалҳои Карим Масимов ва сардори пешини хадамоти махсуси "А" Ануар Садиқулов бар асоси моддаҳои "хиёнат ба давлат", "ғасби худсаронаи ҳукумат", "баромадан аз ҳадди салоҳиятҳои хидматӣ" таҳқиқ шудааст. Муовини пешини раиси КАМ Даулет Ергожин бо моддаҳои "ғасби ҳокимият" ва "баромадан аз ҳадди салоҳиятҳои хидматӣ" айбдор мешавад. Муовини... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *