Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Август
2022

Новости за 14.08.2022

Теппаи Бохтар сӯрох шудааст. “Бибихонум”-ро бастанд

Ozodi.org 

Теппаи маъруф дар Бохтар, Қурғонтеппаи собиқ, ки макони тамошои сайёҳон ва сокинон аст, сӯрох шудааст ва бинои осорхонаи он дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Ин теппа ва осорхонаи “Бибихонум” дар болои он аз маъруфтарин макон дар Бохтар дониста мешаванд. Чунин ҳолат соле боз давом дорад, вале мақомот ҳанӯз дар пайи ислоҳи вазъ нашудаанд. Дар шаҳр овоза пайдо шудааст, ки эҳтимол теппаи қадимиро тахриб кунанд.

Муаллифи "Ояҳои шайтонӣ" ба ҳуш омадааст

Ozodi.org 

Салмон Рушдӣ, муаллифи китоби ҷанҷолии “Ояҳои шайтонӣ”, ки рӯзи 12-уми август дар шаҳри Ню Йорки Амрико як ҳамлагар ба ӯ корд зада буд, ба ҳуш омадааст. Пизишкон гуфтаанд, ки ӯ аз марг наҷот ёфт ва вазъи саломатиаш мӯътадил аст. Атиш Тасир, нависанда ва ҳамкори ӯ дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки Рушдиро аз зери дастгоҳи нафаскашии сунъӣ берун кардаанд ва гап мезанад. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто Рушдӣ шухӣ мекунад. Наздикони Рушдӣ низ ин хабарро тасдиқ кардаанд, вале шарҳи бештар надодаанд. Ҳамзамон... Читать дальше...

Хоки сурх, думи гов, пашми буз. Шеваи кори як танӯрсоз дар Бохтар

Ozodi.org 

Раҳматулло Рашидов, як танӯрсоз аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аст, ки аз маҳсулоти табиӣ танӯр месозад. Ҳоло бозорҳоро танӯрҳои сементӣ пур кардааст, вале Раҳматулло ҳанӯз ҳам бо усули қадимӣ кор мекунад. Ӯ хоки барои сохтани танӯрро аз ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Левакант меорад. Танӯрҳои сохтаи ӯ умри тӯлонӣ доранд ва ба сиҳатии сокинон зиён намерасонад. “Таркибаш хоки сурх аст, думи гов ва пашми буз аст, ки омехта карда мехелем. Танӯрҳои мухталиф меосзем, барои нонҳои калон, мизоҷон фармоиш медиҳанд. Читать дальше...

Як фурӯшгоҳи бузург дар Ереван таркид

Ozodi.org 

Дар фурӯшгоҳи бузурге дар Ереван, пойтахти Арманистон, таркиши сахт рух додааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Ереван хабар дод, ки пас аз таркиши фурӯшгоҳи "Сурмалу" сӯхтор ба амал омадааст. Бар асоси ҳисобҳои пешакӣ ҳафт захмиро ба бемористон интиқол доданд ва тахмин меравад, чанд нафари дигар дар дохили бино мондааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори лаҳзаи таркиш нашр шудааст, ки нишон медиҳад, аз фурӯшгоҳ дуди сиёҳе ба осмон печидааст. Ҳанӯз сабаби таркиш маълум нест. "Сурмалу", як фурушгоҳест... Читать дальше...

"Нон, кор, озодӣ." Толибон бо тирандозӣ занонро пароканда карданд

Ozodi.org 

Ҷангҷӯёни Толибон тазоҳуроти осоиштаи занонро дар Кобул, ки бо шиори “нон, кор, озодӣ” ба хиёбон баромада буданд, бо тирандозӣ ба ҳаво ва латукӯби эътирозгарон пароканда карданд. Ҳудуди 40 зан рӯзи 13-уми август дар назди бинои Вазорати маорифи Афғонистон раҳпаймоӣ карданд. Дар аксу наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки ҷангҷӯёни Толибон тир мепарронанд ва ба занон ҳамла мекунанд. Ҳангоми фирор Толибон занонро думболагирӣ кардаанд ва бархеро бо дастаи автомат латукӯб кардаанд. Читать дальше...

Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA-2022 севум шуд

Ozodi.org 

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола, ки аз 5-ум то 12-уми август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии тими Эрон ба поён расид. Бозиҳои даври панҷум ва охирини мусобиқот шаби ҷумъаи 12-уми август доир шуданд. Нахуст дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тимҳои ҷавонони Афғонистон ва Узбекистон рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Баъдан дар ин варзишгоҳ бозии ҳалкунанда миёни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд. Читать дальше...

Варзишгарони тоҷик дар бозиҳои ҳамбастагии исломӣ медал гирифтанд

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки бо иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, дар панҷ рӯзи рақобатҳо се медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд. Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 86 сантиметр дувум шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кило ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 63 кило, ҳарду дар риштаи гуштии юнонию румӣ, медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Ҳамин тариқ, мунтахаби... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *