Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Август
2022

Новости за 16.08.2022

"Ҳафт моҳ роҳи мо баста аст"

Ozodi.org 

Сокинони водии Яғноб, яке аз минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон, аз набудани роҳ шикоят доранд ва мегӯянд, маҷбуранд, мулки бобоиро тарк кунанд. Ба гуфтаи сокинон, давоми сол, ҳафт моҳ, роҳи мошингард ба Яғноб баста аст. Мақомот гуфтанд, барои бозсозии роҳи ин водӣ феълан барномае рӯи даст нест.

Ахбори Озодӣ аз 16-уми августи соли 2002 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Қатораи роҳи оҳан аз Кӯлоб озими Волгогради Русия шуд, сарчашмаи мушкили даромаду хароҷоти шаҳри Норак, роҳи лушвори Яғноб ва мизони таваррум дар Покистон, ки як пора нони баъзеҳоро нисф кардааст.

Дар Узбекистон нусхаи қадимии “Қуръон”-ро дуздиданд

Ozodi.org 

Нусхаи дастнависи қадими китоби Қуръонро аз як зиёратгоҳи ноҳияи Чортоқи вилояти Намангони Узбекистон дуздиданд. Дар Раёсати пулиси Намангон гуфтанд, ки ҳодиса шаби 9 ба 10 август тахминан соати 00:04 рух додааст. “Шахсони номаълум нусхаи дастнависи Қуръонро, ки дар зиёратгоҳи “Султон Увайси Қаранӣ” дар маҳаллаи “Баликкул” нигаҳдорӣ мешуд, дуздида, ба самти номаълум ғайб задаанд”, - гуфтанд дар раёсат. Нусхаи дуздидашуда соли 1874 аз абрешим сохта шудааст. Баландии китоб 74 сантиметр, бараш 51 сантиметр... Читать дальше...

Русия сафирашро дар Тоҷикистон иваз кард

Ozodi.org 

Президенти Русия, Владимир Путин, бо як қарораш, имрӯз Семен Григорйевро сафир дар Тоҷикистон таъин кард. Григорйев ба ин мақом ба ҷои Игор Лякин-Фролов меояд, ки дар Тоҷикистон нӯҳ сол кор кард. Григорев як дипломати собиқадор аст ва дар гузашта дар вазифаҳои сафири Русия дар Абхозистон кор карда, Тоҷикистонро ҳам хуб медонад, чун, ба навиштаи "Азия-Плюс", солҳои 2000 то 2001 мушовири сиёсии САҲА дар Тоҷикистон буд. Дар ҳолномааш навишта шудааст, ки забонҳои форсӣ, дарӣ, англисӣ ва паштуро медонад.

Нокомии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи ҷудо дар Бозиҳои  V ҳамбастагии исломӣ

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Қунияи  Туркия  ҷараён  дорад, дар рӯзи аввали мусобиқаи ҷудо – 15-уми август – ноком шуданд. Дар мусобиқаи мардон Шаҳбоз Саидаброров, паҳлавони маъруфи тоҷик, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Ҳаким Агамамедови туркман мағлуб шуд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Сарахонов низ ба рақобат аз даври дувум шуруъ кард ва дар вазни то 73 кило қувваозмоиро ба Наримон Мирзоев аз Озарбойҷон бохт. Читать дальше...



Шумори қурбониёни таркишу сӯхтор дар бозори Ереван ба 16 нафар баромад

Ozodi.org 

Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ дар Арманистон  мегӯянд, ки шумори кушташудаҳо бар асари таркиш ва сӯхторе дар як бозори калони Ереван то 16 нафар зиёд шуд. Ҷустуҷӯи қурбониёну зиндамондаҳои эҳтимолӣ идома дорад. Армен Памбухчиян, вазири ҳолатҳои изтирории Арманистон дар саҳифаи фейсбукиаш рӯзи 16-уми август навишт, ки ҳанӯз 18 нафари дигар, аз ҷумла, як эрониву як рус ҳам нопадидшуда ба ҳисоб мераванд. Таркиш рӯзи 14-уми август дар анбори маводи оташбозӣ ё фейерверки бозори калонтарини Сурмалуи канори Ереван рух дод. Читать дальше...

Дар Тошканд ҳафт афғонистонӣ бо шиносномаҳои "сохтаи Тоҷикистон"-и Бритониё боздошт шуданд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон гуфт, ки ҳафт шаҳрванди Афғонистонро боздошт кардааст, ки дар даст шиносномаҳои сохтаи шаҳрвандони Бритониёро доштанд ва ин санадҳои тақаллубиро гӯё дар Тоҷикистон ба даст овардаанд. Дар ин бора рӯзи 15-уми август  дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Узбекистон  хабар додааст. Ба навиштаи ин манбаъ, ҳодиса 5-уми август рух дод. Ҳафт нафар ҳангоми гузаштан аз санҷиши паспортӣ дар сарҳади фурудгоҳи Тошканд боздошт шуданд. Ин нафарон, ки мехостанд аз Тошканд ба Лондон парвоз кунанд... Читать дальше...

Шурӯи мурофиаи банкрот эълон кардани РАОРО дар Русия

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Маскав ҷараёни ҳуқуқии банкрот ё варшикаста эълон кардани бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро шурӯъ кард. Ин қарор бар асоси тасмими сохторҳои андоз дар Русия гирифта шуд ва боиси аз фаъолият мондани намояндагии Радиои Озодӣ дар ин кишвар гардид. Бар асоси санадҳои мурофиавӣ, ки 15-уми август  шурӯъ шуд, ширкати RFE.RL LLC дар Маскав  дар ҳаҷми 7 миллион рубл ё 112 ҳазор доллар қарздор эълон шудааст. Ин ширкат соли 2020 ба хотири намояндагӣ аз манфиатҳои Радиои Озодӣ дар... Читать дальше...

Нахустин қатора аз Тоҷикистон ба Русия ҳаракат кард

Ozodi.org 

Баъди ду соли танаффуси вобаста ба пандемияи коронавирус, нимашаби 16-уми август нахустин қатора мусофиронро аз Тоҷикистон ба Русия бурд ва субҳ дар Душанбе ҳам як ист кард. Қатораи самти  Кӯлоб-Волгоград соати 12:10-и имшаб, сешанбе ҳаракат кард ва бояд то рӯзи  ҷумъа ба Волгогради Русия бирасад. Қарор аст, то ҳафтаи аввали моҳи сентябри имсол ду қатораи дигар ҳам ба  самти Русия ба ҳаракат дароянд. Рӯзи 27 август аз Душанбе ва 7-уми сентябр аз Хуҷанд ҳам қатораҳо ба самти Волгоград ҳаракат хоҳанд кард. Читать дальше...

Соли таҳсил дар Қазоқистон 2 ҳафта дароз мешавад

Ozodi.org 

Вазорати маорифи Қазоқистон муҳлати соли нави таҳсил дар мактабҳои он кишварро тасдиқ кард. Фармони вазири маорифи Қазоқистон дар ин замина ба имзо расидааст ва қарор аст, он дар Вазорати адлияи он кишвар низ ба қайд гирифта шавад. Тибқи фармон, аз ин ба баъд соли таҳсил барои хонандагони синфи якум 35 ҳафта (қаблан 33 ҳафта) ва барои хонандагони синфҳои аз 2 то 11 36 ҳафта (қаблан 34 ҳафта) хоҳад буд. Вазорати маорифи Қазоқистон қаблан шарҳ дода буд, ки чаро соли таҳсил дар ин кишвар дароз карда мешавад. Читать дальше...

Ҷойи 27-уми Тоҷикистон дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ дар байни 56 кишвар

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки бо иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, дар ҳафт рӯзи мусобиқот ду медали нуқра ва ду биринҷӣ ба даст овардаанд. Ёдовар мешавем, Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 86 сантиметр дувум шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Дар ин намуд медали тило насиби намояндаи Узбекистон Анвар Анваров (8.01) гардид, медали биринҷиро варзишгари турк Ир Наҷотӣ (7.83) ба даст овард. Ду... Читать дальше...

Толибон аз Русия нафт хариданист

Ozodi.org 

Гурӯҳи Толибон ба Русия пешниҳод кардааст, ки ба Афғонистон як миллион бушка нафт фурӯшад. Дар ин бора вазири саноат ва савдои ҳукумати Толибон дар Афғонистон Нуриддин Азизӣ ба "РИА Новости" хабар додааст. Азизӣ таъкид карда, ки Толибон дар сурати алоқаманди ҷониби Русия ба ягон маҳсулоти Афғонистон омодааст, табодули онро бо нафт баррасӣ кунад. Раҳбари Палатаи савдо ва саноати Толибон моҳи июни имсол дар Ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Петербург гуфта буд, ки мехоҳанд аз Русия 5 ҳазор тонна нафт ва ду миллион тонна ғалла харидорӣ кунанд.

Дар Намангон як хонавода аз тарбуз заҳролуд шудааст

Ozodi.org 

Як хонавода дар ноҳияи Норини вилояти Намангони Узбекистон аз тарбуз заҳролуд шуда, ду нафарашон ҷон бохтааст. Ба огаҳии Додситонии кулли Узбекистон, ин марду зан ҳамроҳи ду фарзанду ду набераашон 11 август аз тарбузе заҳролуд шудаанд, ки ду рӯз пеш аз бозор харида буданд. Дар натиҷа мард ва ҳамсараш дар манзили зисташон ба ҳалок расида, боқӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар робита ба ин ҳодиса тафтишот оғоз ва ташхиси судӣ-тиббӣ таъйин шудааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *